06:18:33 06-уми Июни 2025 сол

ҲАБИБУЛЛО ТАБАРОВ: “АЗ ДАСТГОҲИ РАЁСАТИ ҶУМҲУРӢ САХТ ГИЛАМАНДАМ” - Qismati avval

/images/stories/2011/09/13_tabarov-2_13.9.2011.jpg-Ин солҳои 1993-94 буд?

-Бале, ҳамон солҳо буд, ки ҳамин гуна гапҳои хуб мегуфт.

-Дар ҳамон солҳо ба чандин совхозу колхозҳо номи Ислом Каримовро гузоштанд, аммо дертар тағйир доданд. Сабаб дар чӣ буд?

-Ман дар ягон ҷо чунин корро надидам. Вақте вазир будам, ба ноҳияҳо бисёр мерафтам. Дар ягон ҷо надидам, ки колхоз ё совхозро ба номи Ислом Каримов гузошта бошанд.

ҚАДРИДДИН АСЛОНОВРО КӢ КУШТ?

-Чун Шумо аз бисёр ҳаводиси он вақт огоҳ будед, метавонед бигӯед, ки Қадриддин Аслоновро чаро ва барои чӣ куштанд?

узъиёташро намедонам. Барои он ки ман Қӯрғонтеппа намерафтам. Сангак чандин бор маро пешниҳод кард, ки дар бари ман биист, ман нарафтам. Гуфтам, ки ҳатто гунҷишкро парронида наметавонам, чӣ расад ба одам. Он вақт нақл мекарданду мо ҳам мешунидем, ки гӯшу бинии одамҳоро мебуранд. Аслонов тарафдори оппозитсия буд, сахт тарафдор буд. Аз шунидаҳом мегӯям, чун худам надидаам. Ӯро аз роҳ дастгир карда меоваранд. Чанд вақт ӯро боздошт мекунанд. Бо вай чӣ тавр муносибат мекунанд, намедонам. Баъдтар шунидам, ки ӯро парронидаанд. Дигар ин кори замони гузашта аст. Медонистам мегуфтам.

ДАР СӮҲБАТИ РАҲМОН НАБИЕВ

-Шумо ҳамчунин дар раъси як кумиссюни депутатӣ дар иҷлосияи Шӯрои олӣ дар Хуҷанд ба манзили Раҳмон Набиев рафта будед. Набиев ин гурӯҳро чӣ тавр қабул кард ва байни Шумо чӣ сӯҳбатҳое бургузор шуд?

-Дар ҳақиқат, барои даъвати Раҳмон Набиев ба кори иҷлосия як кумиссюн ташкил дода шуд ва дар аввал ман ба ҳайси сардори ин гурӯҳ ба назди ӯ рафтам. Дар ҳайати ин гурӯҳ Абдулмаҷид Достиев, Муллоҳайдар ва Шаҳоб Шарифов, раиси пешини КГБ ва чанд нафари дигар шомил будем. Мо рафтем, аммо касе ҳозир набуд, бо мо сӯҳбат кунад. Набиев, албатта, моро қабул кард, то соати 1-и шаб ҳамроҳ нишастем. Он қадар талош кардему фаҳмонидем, вале мегуфт не, маро бигузоред, ки кор кунам. Ман гуфтам, мо ин тавр ваколат надорем, ки дар вазифаатон Шуморо барқарор намоем. Вале мо дастур гирифтем ба Шумо бирасонем, ки дар сурати ба пешниҳоди  мо розӣ шудан Шумо аз ҳамаи имтиёзҳои президентӣ бархӯрдор ва баҳраманд хоҳед шуд.

Бо мошин, муҳофизон ва хона Шуморо таъмин хоҳем кард. Аммо не, қабул накард. Худаш яке қабул мекунад, аммо хонумаш комилан рад мекунад. Мегӯяд, Шумо кӯлобиҳо ӯро президент интихоб кардед, акнун то охир ӯро нигоҳ доред. Ман гуфтам, ки кӯлобиҳо мегӯянд, ҳозир мо   ҷанг карда истодаем аз Ленинобод, аз хешу таборҳои Набиев ягон кас наомад, ки дар бари мо биистад. Хуб хешу табораш наомад, лоақал ҳамин писараш наомад, ки дар бари мо биистад, то ки мо барои Набиев биҷангем. Ин тавр, ки бошад мо худамон сару ҳисобамонро меравем.

Гуфтам, ҳоло кӯлобиҳо чунин мегӯянд. Хулоса, то соати яки шаб нишастем, аммо чизе ҳосил нашуд. Бегоҳӣ ба хонаи Набиев рафта будем, вақт мегузашт гурусна мондем, ягон пиёла чой ҳам накарданд, хеле дер шуд, дигар хайру хуш кардему омадем ва ахбори бударо расонидем. Аммо фардо дар иҷлосия аз сари нав кумиссюн ташкил карданд. Ин навбат низ маро ҳамроҳ карданд, ки ман рад кардам. Гуфтам як бор рафтам, бас аст, дигар намеравам. Хулоса кумиссюн рафта Набиевро ҳамроҳ овард. Се бор болои минбари иҷлосия баланд мешавад, мефарояд, вале истеъфо намедиҳад. Ниҳоят дар охир як коғазро хонданд, ки гӯиё ариза дода бошад, ки майлаш, ман истеъфо медиҳам. Ва бо ҳамин ҷавоб доданд.

САФАРАЛӢ КЕНҶАЕВ ДАР ИҶЛОСИЯИ 16 БА КУҶО РАФТ?

-Дар рафти иҷлосияи 16 Сафаралӣ Кенҷаев чанд рӯз нопадид шуд, ӯро куҷо бурданд, чӣ шуда буд он вақт?

-Ин ҳодисаро касе намедонад. Баъзеҳо гуфтанд, ки худаш  барои ахборро расонидан ба Узбакистон рафтааст. Ба қавли баъзеи дигар ӯро фирефта ба Узбакистон бурдаанд. Рости гап, чанд нафареро ҳам, ки пурсидем асрори ин қазияро нагуфт. Баъди аз пайдо шуданаш дар долони қасри Арбоб рӯбарӯ шудам, пурсидам, ки ака се-чор рӯз набудед, пазмонатон шудем, куҷо будед? Гуфт, ки як коре буду рафтам ва ҳоло боз омадам. Ҳамин қадар ҷавоб дод. Аз ин зиёд чизе нагуфт.

-Ҳоло дар ин бора, ки дар он иҷлосия бисёриҳо аз гирифтани вазифа даст кашиданд, зиёд мегӯянд. Оё воқеан ҳамин тавр буд ва масалан худи Шумо, ки вазири кишоварзӣ таъйин шудед, дар аввал «не» гуфта будед?

-Рости гап он вақт аллакай байни ман ва Абдуллоҷонов гапҳои  пасту баланд гузашта буд. Абдуллоҷонов маро даъват кард ва гуфт, ки Шумо аз куҷо фаҳмидед, ки Муллоабдуғаффорро ман ба кабинетам даъват кардаам. Ман гуфтам, Абдумалик мебахшед: “дунё пури овоза аст”. Ман ҳамин тавр , ки шунида будам, дар як суханрониам дар иҷлосия гуфта будам, ки сарвазир, ки Мулло Абдуғаффорро дар кабинеташ доим қабул кунад, аз дигарон  чӣ умед кардан мумкин. Худам ягон маротиба Мулло Абдуғаффорро надида будам.

Бо ҳамин гап ба охир расид. Дар бораи он ки одамҳо даст кашида бошанд аз гирифтани мансаб фақат ҳамин чизро мегӯям, ки як нафар Валентина Ивановна Абдусамадоваро, агар дар ёд дошта бошед барои муовини сарвазир пешниҳод карданд, ҳақиқатан ҳам рад кард. Гуфт, ки ин ҳукумат оқибат надорад, намеравам. Шояд бо дигарҳо дар алоҳидагӣ сӯҳбатҳо шуда бошад, ки аз он дарак надорам, аммо Абдусамадова дар назди ҳама рад карда буд.

ЧАРО ҶАНГ ИДОМА КАРД?

-Аммо ба фикри Шумо, чаро баъди ҳукумати нав ҳам ҷанг идома кард?

-Силоҳбадастҳо зиёд буданд. Онҳо омода набуданд, ки силоҳҳояшонро ба хубӣ ба замин гузоранд. Онҳо умеди калон доштанд. Ҳарчанд эълон шуд, ки дигар ҷанг бас аст, дар Хуҷанд оши оштӣ доданду ҳама иштирок ва дуо карданд, мо ҳам ҳеҷ кадоме фикр намекардем, вале медонистем, ки бо ин ҳама  ва бо ин зудӣ ба охир намерасад. Баъди ба имзо расонидани Созишномаи умумии сулҳ ҳам ҷанг чанд вақти дигар давом кард. Пас аз фаҳмониданҳо ва баъди ҳатто бар зиддашон силоҳ истифода карданҳо ҷангу хунрезӣ қатъ шуд.

ГИЛАИ ТАБАРОВ

-То ҷое мушоҳида мешавад, Шумо дар ҷашнҳову тантанаҳои расмӣ ширкат намеварзед, чаро? Шуморо даъват намекунанд? 

-Маро ҳамин чиз дар воқеъ алам мекунад, ки дар ҳамаи корҳо иштирок доштам, яке аз муборизони фаъоли барқарории ҳукумати қонунӣ будам, лекин дар  чорабиниҳо даъват намекунанд. Намедонам. Ба ҳеҷ кас бадӣ накардаам, ба ҷуз некӣ. Шояд ягон кас бад мебинад, шояд мегӯянд, ки пир шудаам, дигар ҳоҷат надорад. Маро бисёр алам кардааст, ман сахт гиламандам аз маъмурияти президент, ки ҳамаашон медонанд, мешиносанд, лекин  даъват намекунанд. Як кас ҳаққи ҳамаро хӯрда наметавонад, як кас ҷои ҳамаро танг карда  наметавонад. Як кас, як кас аст, бояд иштирок кунад.

“ПРЕЗИДЕНТ ГУФТ, КИ РАҚС КУН...”

-Бори охир бо президент кай вохӯрда будед?

Бо президент бори охир, ба фикрам, дар соли 2009 вохӯрдам. Кадом як чорабиние буд, ки даъват карданд, рафтам. Дар чорабинӣ одам зиёд буд. Маро президент алоҳида ҷеғ зад ва шӯхӣ карда гуфт, ки як рақс кун. Ман гуфтам, ки аз ман дигар рақс намебарояд. Ман дигар поямро базӯр мемонам. Дар он ҷо маро пурсид, ки акаи Ҳабибулло дар давраи Советӣӯравӣ) дар вазифаҳои баланд зиёд кор кардӣ, роҳбари калон будӣ, котиби райком, раиси исполком, раиси облисполком будӣ, аз ҳамон давраҳо ба ту чӣ монд? Ман гуфтам, ки Эмомалӣ Шарифович худоро шукр, фарзандҳоям, ки чандеаш кор мекунад, чандеаш бекор ва оилаи ободам боқӣ мондааст.

Шукри ҳаминҳоро мекунам, дигар ҳеҷ чизе надорам. Як гарнитур дорам, ки аз давраи котиби комсомол буданам дар манзилам аст. Ман нафаҳмидам, ки ин тавр мешавад. Вале фикр мекунам шояд  нафаҳмидагиам хуб шуд. Чун мефаҳмидам, ман ҳам дасти покамро дар як ҷойи ифлос дароз мекардам. То аз вазирӣ рафтан фикр мекардам, ки дар давраи Советӣ зиндагӣ мекунам. Чанд кас омад, ки биё, раис-бобо розӣ шав, хона харему ба номат ҳуҷҷат кунем, Худои таъоло шоҳид, ман гуфтам, Шумо маро суд карданиед ва розӣ нашудам. Ман дар кӯча нестам. Як хонаеро, ки ҳукумат додааст дар он зиндагӣ дорам.

"РАИСИҶУМҲУР БА МАН КӮМАК НАКАРДААСТ"

-Мақсад аз ин саволи президент чӣ буд?

-Ба ростӣ, мақсади президентро нафаҳмидам. Чунки аз ин зиёд чизе напурсид. Маро чизе кӯмак ҳам накардааст. Масалан, дар иду ҷашну чорабиниҳо маро ин тавр, ки 50 ё сад доллар дода бошад, ягон бор нашудааст. Маро боз чӣ алам мекунад. Масалан ба баъзе нафақахӯрон ва ё одамоне, ки ба арзиши як тин кор накардаанд, ғоратгар, дузд, душман, ҳароманд дар (лифофа) конверт сесад ва ё маблағи сад долларро андохта бурда медиҳанд.

-Аз номи президент тӯҳфа мекунанд?  

-Аз номи президент бурда тӯҳфа мекунанд, лекин кӣ медиҳад ман намедонам. Ҳайрон мешавам ва мегӯям афсӯси ин меҳнатҳои ман, ки наход ба панҷоҳ сӯмаш наарзад. Лекин як бор вақте Қурбон Тӯраев вазири кишоварзӣ буд, бо дасти як корманди вазорат 150 сӯм фиристод. Ман бо ӯ ҷӯра будам. Вақте ӯ котиби райком буд, ман ҳам котиби райком будам. Омаду рафт доштему дар пойтахт вомехӯрдем. Акнун ин аз ҳамон ҳисоб ва ё вазорат аз ягон ҷо маблағ ёфта буд аз ин тарафаш дарак надорам. Дигар аз ин зиёд чизе нагирифтам. Лекин боз як тарафи дигари малол шуданам ин аст, ки баъзе аз ин одамҳо телефон мекунанд. Акнун ҳама, ки мешиносаду онҳо чунин тӯҳфаҳоро мегиранд, телефон мекунанд, ки Ҳабибулло Табарович мо таклифнома ба фалон тантана гирифтем ва ё мегӯянд, ки сесад сомонӣ, чорсад сомонӣ тӯҳфа гирифтем, Шумо чӣ гирифтед. Ман мегӯям, ки ҳеҷ кадомашро нагирифтам.

На инашро на онашро. Як маротиба вақте Амиршо Миралиев, роҳбарии дастгоҳи иҷроияи президентро бар ӯҳда дошт, даъват шудам. Гуфтам, чаро маро дар чорабиниҳо даъват намекунӣ? Гуфтам наход ман баробари ҳамин ғоратгарҳову дуздҳову одамҳои ифлос қадр надошта бошам, ман ин қадар меҳнат кардам, аммо меҳнати ман ҳеҷ арзиш надоштааст. Гуфт, аз ин пас даъват мекунем. Баъди ин як бор даъват карданд. Вале, бубинед, масалан ҳамин чанд рӯз пештар чандин чорабиниҳо бахшида ба бистсолагии истиқлолияти давлатӣ баргузор шуд. Аммо боз ҳам дар ягонтои ин чорабиниҳо маро даъват накарданд.

ЛЕНИНЧИИ МАТИН

-Фикр мекунед, худи Эмомалӣ Раҳмон аз ин чизҳо бохабар аст ва ё ин ки масъулини баргузории ин чорабиниҳо иштироки Шуморо намехоҳанд?

-Фикр мекунам, Ҷаноби олӣ ин чизҳоро намебинад. Вақт ҳам надорад, ки ҳамаи рӯйихатҳоро бубинад. Ман ҳамин хел ҳис мекунам. Лекин  вақте раҳматӣ Маҳмадназар Солеҳов роҳбари дастгоҳи раиси ҷумҳурӣ буд як бор ба наздаш рафтам. Гуфтам Маҳмадназар сабаби асосии прокурори генералӣ таъйин шуданат ман шудам. Дар Ленинобод дар иҷлосия 16 вақти ташкили ҳукумат як бор ба сӯҳбат даъват карданд, вале пагоҳаш даъват накарданд. Ман ба назди калон даромада гуфтам, ки як бор ҳамроҳаш сӯҳбат кардӣ, аз рӯзи аввал ин хел нағз намешавад. Чун он вақт он одам ҳоло як одами одӣ буд, гапҳоро рӯирост гуфтан мумкин буд.

Маҳмадназар прокурори район буд, ки мебоист прокурори генералӣ таъйин мешуд, аммо номзадиашро рад карданд. Баъде ки ман даромада бо калон  сӯҳбат кардам, ӯро таъйин намуданд. Дертар вақте раиси дастгоҳи президент таъйин шуд, наздаш рафтам ва гуфтам чаро дар чорабиниҳо маро даъват намекунед. Як касе, ки як тин фоида наовардааст, фақат зарар овардааст, ӯро пул медиҳеду маро фаромӯш мекунед. Ман дар назди Худои таъоло виҷдонам тоза аст, қасам ба ҳамин 8 фарзандам мехӯрам, ки дар вақти роҳбариам аз ягон кас пора нагирифтаам.

Ман ленинчии матин будам. Ман фикр мекардам, ки шахси ивазнашавандаам. Баъд ӯ гуфт, ки рӯйихатро мебарем, худи калон мегирад, хат мезанад. Ҳамин рӯйихати даъватмешудаҳоро, ҳамаи онҳоро калон мебинад гуфта пурсидам? Гуфт, ки бале, мебинад. Гуфтам хуб, ки агар бинаду хат зада бошад, дигар гап нест. Об, ки аз боло лой бошад, дигар гап нест. Сипас, Маҳмадназар гуфт, ки хафа нашав, он тарафашро накоб. Аз ин ба баъд худам назорат ва ҳал мекунам. Баъди ҳамин гапро гуфтан як бори дигар таклиф карданд.

“БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД...”

-Шумо дар тӯли фаъолият дар хеле аз вазифаҳо кор кардед, имрӯз танқид мекунанд, ки ҳукумат ба дасти як маҳал, ҳатто як оила афтодааст. Оё чунин тарзи идораро чӣ баҳо медиҳед?

-Агар ин тавр мегӯянд, ин бад аст.

-Худи Шумо мушоҳида мекунед?

-Ҳоло дар байни онҳо нестам. Гапҳои одамҳоро низ камтар мешунавам. Лекин газетаҳоро мехонам, каму беш. Ин ҳарфҳоро аз газетаҳо мехонам, ки менависанд хешутаборчигӣ ва маҳалбозӣ дар мо ҳаст. Як дараҷа ман бовар мекунам. Барои он ки баъзе чизҳоеро, ки дар газетаҳо менависанд, баъдан мебинед, ки дар ҳақиқат ҷой доштааст. Ман мехоҳам, як ҷамъияте бошад, ки ҳама баробар зиндагӣ кунад. Принсипҳои шахспарастӣ, принсипҳои хешутаборчигӣ, принсипи кадрҳоро ба таври худ хоста гирифтан вуҷуд надошта бошад.

Ҳама чиз бояд аз рӯи ҳақиқат бошад, то ки мардум бо дили гарм кор кунад. Чунки ягон бори каҷ ба манзил нарасидааст. Мо бисёр давраҳоро медонем: давраи шахспарастии Сталин, давраи шахспарастии Хрушевро ва боз чандин давраҳои дигарро. Дар газетаҳо дар бораи ин падидаҳои номатлуб менависанд, қисман бовар мекунед, қисман не, лекин вақте одамҳо мегӯянд, мумкин вуҷуд дошта бошад. Чунин корро умуман аз байн бояд бардошт, одам аз ин обрӯ намегирад.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854