09:58:11 04-уми Июни 2025 сол

ҲАБИБУЛЛО ТАБАРОВ: “АЗ ДАСТГОҲИ РАЁСАТИ ҶУМҲУРӢ САХТ ГИЛАМАНДАМ”

Ҳабибулло Табаров, муовини раиси корхонаи шири шаҳри Душанбе ва вазири собиқи кишоварзии Тоҷикистон соли 1938 дар Ховалинг ба дунё омадааст. Баъди мактаби миёна факултети агрономии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм мекунад.

/images/stories/2011/09/13_tabarov-1_13.9.2011.jpgФаъолияти кориашро ҳанӯз аз даврони мактаби миёна ҳамчун муҳосиб шурӯъ кардааст. Соли 1958 котиби аввали Кумитаи комсомол дар ноҳияи Фархор таъйин мешавад. Баъдан ба кори ҳизбӣ ҷалб мешавад ва дар вазифаҳои муншии аввали ноҳияҳои Маскав, Фархор ва Восеъ кор мекунад. Сипас, раиси кумитаи иҷроияи ноҳия ва баъдан раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб таъйин мешавад.

Дертар раиси иттиҳодияи чорвопарварӣ дар ноҳияи Ховалинг ва дар соли 1992  вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин мегардад. Қабл аз бознишаста шудан раёсати Кумитаи саноатии ширу гӯшти ҷумҳуриро бар ӯҳда доштааст. Чаҳор навбат депутати Шӯрои олии Тоҷикистон  интихоб мешавад. Корманди шоистаи Тоҷикистон аст. Оиладор, соҳиби 8 фарзанд

Гуфтугӯи ихтисосии Абдуқаюми Қаюмзод бо Ҳабибулло Табаров, вазири пешини кишоварзии Тоҷикистон.

- Инак, тақрибан бист сол аст, ки Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлати Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад. Ӯ баъд аз ду ҳафтаи интихоб дар вазифаи раиси вилояти Кӯлоб моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ раиси ин Шӯро ва ҳамзамон бо аз байн бурдани идораи раёсати ҷумҳурӣ сардори давлат интихоб шуд. Аммо оё дуруст аст, ки дар иҷлосияи депутатҳои халқи вилояти Кӯлоб дар соли 1992 дар ҷойи холишудаи раиси вилоят номзадии Шумо қабл аз номзадии Эмомалӣ  Раҳмонов пешниҳод шуда буд ва худи Шумо аз гирифтани ин вазифа даст кашидаед?

-Ёд дорам, ки ман он рӯзҳо дар Ховалинг будам. Соати панҷи саҳар наздам омаданд ва гуфтанд, ки ҳамроҳӣ мо меравӣ.

-Барои раис интихоб кардан?

-Бале. Қурбоналӣ Мирзоалиев, раиси онвақтаи вилоятро бояд аз вазифа озод мекарданд. Албатта, замона замонае буд, ки аз ту намепурсиданд. Сангак Сафаров ва Лангарӣ Лангариев - ҳарду қумандонҳои соҳибнуфузи Кӯлобро гуфтам, ки Шумо равед, ман аз қафои Шумо бо мошини худам меравам. Омадем. Дохили Ситоди Горди халқии Кӯлоб шудем, ки дар бинои Кумитаи ҳизбии вилоятӣ воқеъ буд. Тахминан 15 кас менишастанд. Сангак Сафаров гуфт, ки акаи Ҳабибулло ягон савол намедиҳӣ, не намегӯӣ, ҳар чизе, ки мо мегӯем, қабул мекунӣ.

Гуфтам, хуб бубинам, ки Шумо чӣ мегӯед. Гуфтанд, ки дар ҷойи Мирзоалиев Шумо раиси облисполком мешавед. Гуфтам, ки дар ин курсӣ як бор нишаста будам, дуюм бор нишастанам он қадар мақбул нест. Сангак ба зарда гуфт, ки акаи Ҳабибулло ман туро огоҳ карда будам, ки савол надеҳ ва гап ҳам назан. Дигар сукут кардаму нишастам, чун ҳама дар даст автомат доштанд. Дигар мисле, ки масъаларо ҳал карда бошанд, ҳар кадоме ҳар сӯ баромад. Сангак супориш дод, ки равед Мирзоалиевро ёфта оваред ва депутатҳоро даъват кунед. То бегоҳӣ онҷо нишастам, ҳеҷ кас наомад.

ВАЗИФАҲОИ МУВАҚҚАТӢ

-Шумо не гуфтед?

-Не. Ман гуфтам, ки як бор дар ин курсӣ нишаста будам дубора нишастан дар онро муносиб намедонам. Маро гуфтанд, ки бишин, гап назан. Дертар ғизо оварданд. Раҳматӣ Лангариев гуфт, ки ака як сад грамм арақ мехӯрӣ? Ман, не гуфтам. Хуллас то бегоҳӣ нишастам. Мирзоалиевро наёфтанд. Сангак худаш боз омад. Наздаш даромадам ва гуфтам маро танҳо қабул кун. Ду кас нишастем. Ман гуфтам акаи Сангак ту аз ман ду ё се ё панҷ сол калонӣ, ба ҳар ҳол калонӣ, лекин як чиз бигӯям, ки барои ман муносиб нест боз биёяму дар ин курсӣ шинам.

Як бор ин ҷо нишастаам. Дигар чиз ин аст, ки вазифаҳои Шумо доимӣ нест, муваққатӣ аст. Ҳоло ту маро маҷбур мекунӣ, розӣ мешавам, вале пагоҳ, ки ту аз ин ҷо рафтӣ, маро мегиранду мепарронанд, мегӯянд хеши Сангак аст. Чунки ту ҳам аз Ховалингиву ман ҳам аз он ҷо. Гуфтам ин тарафашро ҳам фикр кун, ки оқибаташ чӣ мешавад. Як каме фикр карду гуфт, хайр, хез бирав хонаат, назди кӯдаконат, лозим шуд, боз даъват мекунем. Бо ҳамин рафтам.

"АЗ НОМЗАДИИ РАҲМОНОВ ҲИМОЯТ КАРДАМ"

-Аммо интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ин мақом чӣ тавр сурат гирифт?

-Он вақт Сангак дар Қӯрғонтеппа қарор дошт. Иборат аз даҳ нафар аз ҳисоби вакилони мардум як кумиссюн ташкил карда пеши ӯ фиристоданд, ки розигиашро барои интихоби Эмомалӣ ба вазифаи раиси вилоят бидиҳад. Аъзои кумиссюн рафту омад аз пеши Сангак. Ҳама  ҷамъ шудем. Маро ҳам даъват карданд. Дар он ҷо гуфтанд, аз Сангак ва Файзалӣ розигӣ гирифтем, ки Раҳмоновро раис интихоб мекунем. Номзадии Раҳмонов пешниҳод шуд. Айнулло Неъматови раҳматӣ, ки он вақт котиб буд ё чи вазифае дигар дошт, ба ҳар сурат депутати вилоят буд, сухан карда гуфт, ки ӯ намешавад, ҳоло ҷавон аст. Ӯ гуфт, ки дар ин ҷо номзадии Ҳабибулло Табаровичро бояд пешниҳоду дастгирӣ кунем, чун ӯ чанд сол кор кардааст, таҷрибаи корӣ дорад, ақлаш мерасад дар корҳо.

Ҳоло Эмомалӣ  ҷавон аст, бояд биистад. Фавран бархоста гуфтам, ки ман аз ин кор даст кашидаам, ин вазифаро иҷро карда наметавонам, синну соли ман ба ҷое расидааст. Наметавонам ва афзудам, ки Раҳмонов кадри ҷавону ташкилотчӣ ва боқувват аст. Суханрониҳояш бисёр боақлона аст, ӯро ҷонибдорӣ мекунам. Ҳамин тавр ҳама тарафдорӣ кард ва кумиссюн розигиро дод. Баъд сессияи вилоятӣ баргузор шуд, аввал як нафар номзадии Раҳмоновро пешниҳод кард, сипас боз ҳам ман хеста номзадии ӯро тарафдорӣ кардам. Гуфтам дар сессияҳои ҷумҳурӣ хуб сӯҳбат мекунад, ҷавон аст ва таъриф кардам, чун он вақт расм ҳамин  буд, ки бояд таъриф мекардӣ, бе ин намешуд. Ҳамин тавр номзадии ӯро барои раисии вилоят гузаронидем.

РАИСИ ИҶЛОСИЯИ 16

-Дар иҷлосияи Хуҷанд дар моҳи ноябри соли 1992 ҳам ҷаласаеро, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои олӣ интихоб шуд, Шумо раисӣ кардед?

-Бале, вақте мо Хуҷанд рафтем дар он ҷо маро раиси иҷлосия интихоб карданд. То номзадии ӯро гузаронидан се рӯз ҷараёни кори иҷлосияро раисӣ кардам ва дар дафтарчаи меҳнатии Эмомалӣ Раҳмон ва қарори иҷлосия дар мавриди интихоби ӯ ба мақоми раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ман имзо кардам.

АБДУЛЛОҶОНОВ ВА ТАРАФДОРОНАШ ИҶЛОСИЯРО ТАРК КАРДАНДУ...

-Дар оғози дар курсии раиси иҷлосия нишастан Шумо пешниҳод кардед, ки ба ҷуз аз вакилон, намояндагони матбуот ва  намояндагони кишварҳои меҳмон дигарҳо толорро тарк кунанд. Сабаб чӣ буд?

-Не, ин хел таклиф набуд. Аммо якчанд таклифҳоеро, ки Абдумалик Абдуллоҷонов пешниҳод кард, онҳоро рад кардам. Дар ҳамин вақт як нафар, ки ҳоло дар хотирам нест аз ҷо бархеста гуфт, ки агар иҷлосия ба  чунин тарз баргузор шавад, мо иштирок намекунем. Аз толор як нафар аз тарафдорони Абдуллоҷонов чунин гуфт. Вақте чунин гуфт, Абдуллоҷонов аз ҷояш хест ва  вазирҳое, ки тарафдори Абдуллоҷонов буданд низ ӯро тақлид карданду баромаданду берун рафтанд. Дигарон ҳама дар толор нишаста буданд ва мо ҳам иҷлосияро идома додем.

Сипас рафтанду онҳоро даъват карданд, ки дубора гашта омада дар ҷойҳои худ нишастанд. Дар кори иҷлосия танаффуси дурӯза эълон ва барои идомаи кор ва таъйини масъалаҳои он кумиссюн ташкил кардем. Дар ин вақт Абдуҷалил Ҳомидов, раиси онвақтаи вилояти Ленинобод (Суғди ҳозира) пешниҳод кард, ки дар кори иҷлосия якмоҳа танаффус эълон ва идомаи он бигузор дар Душанбе сурат бигирад. Адолат Раҳмонова бар зидди ин пешниҳоди ӯ суханронии сахт кард. Мо низ се-чор нафар аз мавқеи Раҳмонова тарафдорӣ кардем. Ин таклифро аз байн бардоштем ва иҷлосияро идома додем.

БА ХУҶАНД ТАВАССУТИ ТИРМИЗ

-Оё дуруст аст, ки вақти омадани вакилон аз вилояти Кӯлоб ба Хуҷанд Сангак Сафаров шарт гузошта, ки дар сурати раҳбариро ба даст нагирифтан кушта хоҳед шуд?

-Ин кор ин тавр шуд. Ҳоло Ҷиёнхон Ризоев, раиси вилояти Кӯлоб зинда буд. Як кумиссюни депутатӣ ташкил карданд, ки барои ҳалли баъзе аз масоил бояд ба Ленинобод равад. Мо ҳама депутатҳои Шӯрои олӣ аз вилояти Кӯлобро дар бинои облисполком ҷамъ оварданд. Ҷиёнхон маро он ҷо сардори кумиссюн таъйин кард. Гуфт, ки ҳамаи саволу ҷавобҳо дар иҷлосияи Хуҷанд бар дӯши ҳамин одам аст. Сардори Шумо ҳамин гуфт ва афзуд, бо ӯ меравед. Аз он ҷо оварданд фурудгоҳ ва мо савори чархбол шудем ва чархбол моро ба шаҳри Тирмиз бурд. Он ҷо хӯроки чошт хӯрдем ва то ину он кардем, ки рӯз бегаҳ шуд.

ВАЗИРИ ДИФОИ УЗБАКИСТОН: АКАИ САНГАК ОМАДАНД

-Дар Тирмиз Шуморо касе пешвоз гирифт?

-Дар Тирмиз, ба назарам ё муовини раиси вилоят ё кадом нафаре дигар аз масъулини ин вилоят, ки ҳоло дақиқ дар ёдам нест, пешвоз гирифт. Он ҷо то бегоҳи рӯз истодем. Тарафи бегоҳ буд, ки гуфтанд ҳавопаймои вазири дифои Узбакистон омадааст ва Шуморо ӯ ба Хуҷанд хоҳад бурд. Мо рафтем ва савори ҳавопаймо шудем. Ин вақт вазир омад. Ахмедов ном дошт. Вазир омад бо мо саломуалейк кард ва аз номи Ислом Абдуғаниевич барои мо хеле суханҳои нек гуфт. Сипас, ман низ дар ҷавоби ӯ сухан карда изҳори миннатдорӣ намудам. Дар ин вақт ба вазир хабар доданд, ки Сангак омадааст. Вазир аз мо узр пурсиду гуфт, ки ба пешвози акаи Сангак хоҳад рафт. Тахминан пас аз 15-20 дақиқа ҳамроҳи Сангак назди мо омаданд. Вазир бо дасташ  тарафи ман ишора карда гуфт, ки  ҳамаи гапҳоро ба ин нафарон гуфтам.

Баъд Сангак ба гап сар кард ва хеле дар бораи ҷангҳо сӯҳбат намуд. Вай дар фароварди суханаш таъкид ва таҳдид кард, ки агар дар ҳамин сафар масъаларо дар Ленинобод ҳал нокарда баргардед, бидонед, ки нафаре аз Шумо зинда нахоҳад монд. Ба тарафи ман гашту гуфт, ки “акаи Ҳабибулло гапи мара фаҳмидӣ?” Ман гуфтам, ки фаҳмидам, масъаларо ҳал мекунем. Гуфтам чунин вазифадор шуда бошем, чаро ҳал накунем. Бо ҳамин Сангак рафт ва моро бо ҳавопаймо бурданд ба Хуҷанд. Хуҷанд расидем, моро ба меҳмонхонаҳо ҷо доданд. Саҳар шуд, гуфтанд, ки раиси вилоят даъват кардааст.

Мо рафтем назди раиси вилоят, ки гуфт ҳозир тайёра омодааст, бишинед ба Кӯлоб бармегардед, барои он ки раиси вилояти Кӯлоб Ҷиёнхон Ризоевро куштанд. Мо вақте ин хабари ногаҳониро шунидем, дар воҳима афтодем. Хуллас бо ҳавопаймо ба Кӯлоб баргаштем. Аз фурудгоҳи Кӯлоб рост ба манзили раҳматӣ Ризоев рафтем. Он ҷо ҷанозаро гузаронидем, гапҳои хеле зиёд шуд. Муллоҳайдар доду войи бисёре кард, ки ин навбат навбати ман, маро мепарронанд. Ба ҳар ҳол ӯрову дигарҳоро ором кардем. Хуб, дигарбора вақте ки Эмомалӣ Раҳмон раиси вилоят баргузида шуд ба Хуҷанд ҷиҳати ширкат дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ рафтем.

ҶИЁНХОН РИЗОЕВ БА КӢ МАЪҚУЛ НАБУД?

иёнхон Ризоевро барои чӣ куштанд, ӯ ба кӣ маъқул набуд?

-Ин ҷо як гурӯҳ -- Қурбони Зардаку мудири маорифи ноҳияи Восеъ, ки ҳоло исмаш аз ёдам рафт ва як милисионер бо номи Иброҳимов, ки бидуни ризояти Сангак Ҷиёнхонро раиси вилоят интихоб карда буданд. Сангак, ки дар Қӯрғонтеппа қарор дошт, ин гурӯҳ бе розигии вай Ризоевро раиси вилоят интихоб карданд. Барои ҳамин Сангак Ризоевро дар Қӯрғонтеппа парронд.

-Гуфтед, ки Сангак вақте Тирмиз омад, вазири дифои Узбакистон ба истиқболаш рафт. Яъне, Сангак пештар ҳам бо ин вазир шиносоӣ доштааст?

-Он вақт Сангак машҳур шуда буд. Ӯро ҳама мешинохт. Чанд бор ҳамроҳ бо қумандонҳо ба Узбакистон рафтуомад карда буд. Барои ҳамин ӯро хуб мешинохтанд. Номашро ва ҳам худашро хуб медонистанд. Ҳатто вақте гуфтанд, ки Сангак дар берун омадааст, вазир суханашро ба поён набурда аз ҷояш парид ва гуфт, ки ман акои Сангакро пешвоз гирам.

УЗБАКИСТОН БА КӮЛОБ КӮМАК МЕКАРД?

-Худи Шумо бо он вазир чанд бор вохӯрда будед?

-Ҳамон як маротиба.

-Вақте кӯмакҳои Узбакистон ба Кӯлоб меомад, он вақт чӣ?

-Ман  барои гирифтани ягон кӯмак ёрдам накардам ва дар ягонтоаш ҳам шарик набудам.

-Ба назаратон чаро Узбакистон ин ҳама кӯмакҳоро ба Кӯлоб кард, масалан орду равған медод ва ҳамзамон силоҳу тиру дигар муҳиммоти ҷангӣ?

-Охир он вақт оппозитсия раҳи Кӯлобро баста буд. Кӯлобро муҳосира кард. Он ҷо мардум тухми ҷорӯбу талхаву дигар чизҳоро маҷбур мехӯрданд. Рӯзашон ба решаи алаф монд, ман худам аз он ҷумла. Худам он ҷо будам, ба ҳамин ҳол гирифтор шудам. Барои ҳамин Узбакистон дар як давраи муайян ин вазъиятро фаҳмид ва ин кӯмакҳоро рост ба фурудгоҳи Кӯлоб равона мекард. Лекин кӣ қабул мекард, кӣ тақсим мекард, рости гап, он тарафашро намедонам.

"РАҲМОНОВ МЕГУФТ, КИ КАРИМОВ ВАЗЪИЯТИ МОРО ХУБ МЕДОНАД"

-Ба ҳар сурат, онҳо бисёр мехостанд, ки Фронти халқӣ бар зидди оппозитсия биҷангад ва  ғалаба кунад?

-Бисёр мехостанд. Ман дар ёд дорам Ҷаноби олӣ дар як маҷлис суханронӣ мекард гуфт, ки раҳмат ба рафиқ Каримов, ки вазъияти ҳозираи моро ӯ аз мо хубтар медонад. Гуфт, ки ҳар рӯз телефон мекунад, мепурсад, дилбардорӣ мекунад.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854