САЙДАМИР ЗУҲУРОВ: ТАЙЁРАҲОИ ҶАНГАНДАИ МАСЪУДРО ӮЗБЕКИСТОН БАРНАГАРДОНД - Qismati 2
Дар ҳамин баёния азҷумла омадааст, ки «ҷонибҳо бар ин назаранд, ки барои ҳалли қазияи Тоҷикистон ба роҳ мондани муколима бо нирӯҳои сиёсии тамоюли мухталифдошта омили асосӣ ба ҳисоб меравад. Ҷонибҳо нақши СММ-ро дар ҳалли ин масъала мусбат ва созанда арзёбӣ карданд. Ҳарду тараф ба мақсад мувофиқ донистанд, ки як комиссиюни сеҷониба бо ширкати намояндагони ДИА, ҶТ ва Раёсати комиссиариати Олии СММ оиди паноҳандагон лоиҳаи Созишномаи бозгашти ихтиёрии гурезагони тоҷикро аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон таҳия намуда, ба тасвиб бирасонанд».
Дар ҷои дигари ҳамин баёнияи муштараки сарони Тоҷикистону Афғонистон таъкид шудааст, ки «ҷонибҳо ба принсипҳои ба муқобили ҳамдигар истифода набурдани нирӯ ва иштирок накардан дар амалҳои душманонаи зиддиякдигар пойбанд буда, кӯшиш мекунад, масъалаҳои баҳснокро бо роҳҳои мусолиматомез ҳаллу фасл менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ДИА изҳори омодагӣ карданд, ки чораҳои зарурии муштаракро алайҳи терроризми байналмилалӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир ва фурӯши ғайриқонунии он хоҳанд гирифт».
Такрор мекунам, ки Эмомалӣ Раҳмон нахустин роҳбари як кишвари соҳибистиқлоли ҷаҳон буд, ки ба Давлати Исломии Афғонистон сафари расмӣ анҷом дод ва дар рафти ин сафар бо роҳбарони ин кишвар дар масъалаи муборизаи муштарак бурдан бо терроризми байналмилалӣ ба тавофуқ расид. Басо рамзист, ки ду кишвари ҳамсояе, ки дар ҳоли ҷанги дохилӣ буданд, дар нахустин санади муштараки хеш дар байни дигар масоили дуҷониба масъалаи мубориза алайҳи терроризми байналмилалиро ба миён гузоштанд.
- Нахустин сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Афғонистон бо вуҷуди он ки ин кишвар дар ҳолати ҷангӣ қарор қарор дошт, қариб се рӯз давом кард?
-Бале, гап дар сари он аст, ки ҳамон шабӯ рӯз як афсар ва чанд аскари қатории марзбонҳои Русия дар Тоҷикистон дар асорати бархе аз гурӯҳҳои мусаллаҳи муҷоҳиддини афғон буданд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти Афғонистон хоҳиш кард, ки асиронро озод намоянд то онҳоро ӯ ба Тоҷикистон ҳамроҳи худ бибарад. Асирон дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистонӣ нигоҳ дошта мешуданд. Барои ба Кобул овардани онҳо вақт даркор буд. Воқеан, Аҳмадшоҳи Масъуд дар ин кор ба мо кӯмаки калон расонд. Сабаби як рӯзи дигар ба дарозо кашида шудани сафар ба Афғонистон асосан ҳамин усарои русӣ буданд, ки онҳоро мӯҳтарам Раиси ҷумҳур аҳд карда буд озод намояд ва ба аҳди хеш вафо кард. Асиронро аз Бадахшони Афғонистон тавассути чархболҳои Масъуд оварданд. Масъуд онҳоро шахсан ба Президент супурд. Сабаби асосии таъхир дар бозгашт ҳамин асирони русӣ буданд, ки билохира Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ҳамроҳи худ ба Тоҷикистон овард.
-Мегӯянд Шумо дар рафти ҳамин сафар боз бо Гулбидини Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби Исломии Афғонистон, ки ҳамон шабу рӯзҳо расман вазифаи сарвазирии ҳукумати устод Раббониро ба дӯш дошт, вале дар хориҷ аз Кобул зиндагӣ мекард, вохӯрда мулоқот низ кардед?
-Бале, Ҳикматёр сарвазир буд, вале дафтараш дар Чоросиёб, дар тахминан 25-километрии шаҳри Кобул ҷойгир шуда буд. Дар ҳамон шабу рӯзҳо бо сиёсати устод Раббонӣ ва Масъуд мухолифати рӯирост мекард. Ба мо гуфтанд, ки аз анҷом додани чунин як сафар ба мақари Ҳикматёр худдорӣ намоем. Зеро Гулбидинро фаҳмида намешавад. Аз дасти ӯ ҳаргуна амалҳои ғайримунтазира омаданаш мумкин буд. Вале мо бо дарназардошти риоя шудани нозукиҳо дар муносибатҳои дипломатии ин ду кишвар (ба ҳар ҳол Гулбидин Ҳикматёр ҳамчун сарвазири ҳукумати Афғонистон эътироф мешуд ва муҳимаш ин буд, ки аз миллати пашту намояндагӣ мекард) ба ин иқдом даст задем. Эмомалӣ Шарифович бисёр мехост, ки бо Ҳикматёр низ мулоқот кунад. Мо бо сабабҳои амниятӣ аз Президент хоҳиш кардем, ки аз ин мулоқот худдорӣ кунад. Ба ҳар ҳол мулоқот хеле ҷолиб гузашт ва мо онро муфид арзёбӣ кардем.
-Мулоқотҳои Шумо бо Аҳмадшоҳи Масъуд баъд аз ин дигар пайваста ва мураттаб сурат мегирифтанд?
-Бояд бигӯям, ки баъди ин сафари Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон ва мулоқотҳояш бо роҳбарони ин кишвар дар сиёсатҳои муносибати мо бо мухолифини мусаллаҳ таҳаввулот ва тағйиротҳои ҷиддӣ ба вуқӯъ пайвастанд.. Пеш аз ҳама масъалаи бозпас гардондани фирориёнро аз Афғонистон, ки дар байнашон аксаран зану кӯдаку мӯсафедон буданд, ҳарчи тезтар ҳаллу фасл мекардем. Ин масъала қаблан из мавриди ҳаллу фасл қарор гирифта буд, вале баъди ин сафар он рӯзмарра шуд. Масъалаи бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл шудани қазияи Тоҷикистон матраҳ шуд. Ҳамин диди нав дар сиёсат бо мухолифин буд, ки ҳамагӣ тақрибан 8 моҳ пас, аниқтараш моҳи апрели соли 1994 як ҳайати ҳукумат бо як ҳайати раҳбарияти мухолифин дар Маскав ба паси мизи музокирот нишастанд. Дар ин байн агарчи шахсан бо Аҳмадшоҳи Масъуд вонахӯрда бошем ҳам, вале кӯмаку дастгирии ӯро дар масъалаи бозпас гардондани муҳоҷирин ва баргузории гуфтушунидҳои сулҳи Тоҷикистон хеле хуб ҳис мекардем.
-Албатта шурӯъи ин музокирот як падидаи умедворкунанда буд. Вале он ба кундӣ пеш мерафт. Чизе, ки дилҳоро ба ояндаи нек гарм мекард ин тасмими раҳбарияти ҳарду ҷониб ҳарчи тезтар расидан ба сулҳ буд. Ҳамин устуворӣ дар ин раҳ раҳбарони ҳарду ҷониби даргирро ба мулоқот дар сатҳи олӣ ба Кобул овард. Албатта боз ҳам роҳбарони Афғонистон, устод Раббонӣ ва махсусан сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд беш аз дигарон мехостанд, ки ин дидорбинӣ дар Кобул сурат бигирад. Ин дафъа Шумо бо Масъуд ҳамчун шиносҳои дерин дидорбинӣ намудед. Бешубҳа ин дафъа Шумо имконияҳо ва фурсати бештар доштед, ки бо Масъуд аз наздик шинос шавед. Зеро дар ҳамкории зич бо Масъуд ин мулоқот метавонист ҳам дар амну амонӣ бигзарад ва ҳам самараи дилхоҳ бидиҳад. Оё ҳамин тавр набуд?
-Бале, ҳамин тавр ҳам шуд. Масъуд бисёр мехост, ки дар ҳамин мулоқот роҳбарони ҳарду ҷониби мухолиф ба як тавофуқ бирасанд. Эҳсос мекардам, ки мехоҳад тарзе рафтору гуфтор намояд, ки барои ҳарду ҷониб муфид бошад, ҳарду ҷониб аз ӯ хурсанд бошанд. Муваффақияти чунин мулоқотҳо маъмулан бештар аз он вобастагӣ дорад, ки тарафҳои мулоқоткунанда аз тасмими тарафи муқобил чи гуна иттилоот дар даст доранд. Иттилооти мусбат ё манфӣ. Агар як тараф иттилоот дошта бошад, ки тарафи муқобил ба музокирот нигоҳи хайрхоҳона дорад ва омодааст, ки гузашт кунад то пешравӣ шавад, тарафи дигар низ ҳамин гуна тасмимҳоро хоҳад гирифт. Ман боварӣ дорам, ки Масъуд ҳамон сарчашмае буд, ки ба ҳарду ҷониб чунин иттилооти дилгармкунанда медод. Дастоварди муҳимтарини мулоқоти Кобул дар сатҳи олӣ дар моҳи майи соли 1995 ин эътимод бастани роҳбарон ба якдигар дар ҳалли ниҳоии қазия бо роҳи мусолиматомез буд. Тарафҳо ба якдигар эътимод бастанд. Дар ин кор саҳми Масъуд беандоза бузург буд.
-Вале кори бештареро дар масъалаи ба ҳам овардани ҷонибҳои сулҳкунандаи Тоҷикистон Масъуд ва устод Раббонӣ моҳи декабри соли 1996 дар Хустдеҳи улусволии Фархор анҷом доданд.
-Бале. Бояд бигӯям, ки мулоқоти Хустдеҳ дар як вазъияти ҳам барои Афғонистон ва ҳам барои Тоҷикистон хеле мушкилу душвор баргузор гардид. Махсусан вазъияти ҳукумати устод Раббонӣ хеле бӯҳронӣ буд. Гурӯҳи толибон болои мавқеи ҳукумати Раббонӣ дар ҳамаи вилоятҳо фишор меовард. Дар ҳамин вазъият ҷанг дар Тоҷикистон ин ба маънои ҷанг дар ақибгоҳи ҳукумати Раббонӣ низ буд. Бинобар ин Масъуд ва устод Раббонӣ дар мулоқоти Хустдеҳ бисёр мехостанд, ки ҷонибҳои Тоҷикистон ба як созиши мусолиматомез бирасанд. Барои ҳамин ҳам вақте, ки мухолифин дар талабҳои барои ҳукумати Тоҷикистон ғайриқобили қабул пофишорӣ мекарданд, устод Раббонӣ ва Масъуд бо роҳбарони онҳо, масалан бо марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Давлат Усмон дар алоҳидагӣ вохӯрда онҳоро моил ба гузашт мекарданд. Дар сӯҳбатҳои онҳо баъзан ман оҳанги норизогиро аз муносибати роҳбарони мухолифин ба раванди гуфтушунид эҳсос мекардам. Хулоса дар Хустдеҳ низ Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамчун мизбон аз ҳама бештар такудав дошт, ки тоҷикистониён ба як созиш биёянд. Аз сӯйи дигар Аҳмадшоҳи Масъуд як вазифаи хеле муҳими дигар дошт. Таъмини амнияти иштирокчиёни ин мулоқот. Аз ӯҳдаи ин вазифа низ ӯ сарбаландона баромад.
-Воқеан, баъдан Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистон бо Толибон сахт ҷангид. Мегӯянд, ки Шумо ҳамеша бо ӯ дар тамос ва дар ҷараёни ин ҷангҳо будед? Оё ин рост аст?
-Оре, рост аст. Зеро ҷангҳо охир дар наздикии сарҳадоти мо сурат мегирифтанд. Баъзан шаҳрҳо ва марказҳои бузурги аҳолинишини наздисарҳадӣ ба дасти Толибон мегузаштанд. Мо чи тавр метавонистем, ки ба ин гуна руйдодҳо бетафовут бошем. Як ҳодисае ба ёдам мерасад. Аз сарчашмаҳоямон ба мо хабар расид, ки Толуқонро толибон гирифтанд. Хостам, ки тавассути мухобира ва ё телефон бо Масъуд дар тамос шуда аҳволро аз худи ӯ бигирам. Президент Эмомалӣ Раҳмон низ бисёр мехост, ки вазъиятро аз худи Масъуд бифаҳмем. Мутаассифона, се рӯз пайдояш накардам. Билохира дар тамос шуд. Гуфтам ки «Чӣ кор кардӣ?». Гуфт: «Чӣ кор кардам?». Гуфтам: «Толуқонро додӣ». Гуфт: «Ин иқдоми тактикӣ буд. Ба хотири нарехтани хуни бегуноҳон ақибнишинӣ кардам. Фардо онро ба осонӣ хоҳам гирифт». Ҳамин тавр ҳам шуд. Рӯзи дигар хабари ба тарафи нирӯҳои Масъуд гузаштани Толуқон аз расонаҳо пахш гардид. Як чизро ногуфта наметавонам, ки дар масъалаи кӯмак ба ҳукумати устод Раббонӣ кори бузургеро Эмомалӣ Шарифович анҷом доданд. Президенти Тоҷикистон бо роҳбарони дигар кишварҳои ИДМ шахсан дар тамос шуда аз онҳо хоҳиш карданд, ки ба ин қазия ҷиддитар муносибат карда кумакҳои худро аз Афғонистон дареғ надоранд.
-Мегӯянд, ки Масъуд пеш аз он ки Толибон майдони ҳавоии Багром ва Толуқонро бигиранд, тайёраҳои ҷангиашро ба Тоҷикистон интиқол дода буд? Оё ин дуруст аст?
-На, чандон дуруст нест. Мо иҷозат додем, ки чархболҳояшро ба Тоҷикистон биёрад. Онҳоро дар Фархор ҷойгир карданд. Вале нӯҳ тайёраи ҷангиашро ӯ бо маслиҳати генерал Дустум, ки он замон бо ӯ дар як сангар буданд, ба майдони ҳавоии Тирмизи Ӯзбекистон бурд. Мутаассифона, онҳоро дигар бародарони ӯзбек ба Аҳмадшоҳ барнагардонданд.
- Дар Иттиҳоди Шӯравӣ чанд генерал буд, ки Масъудро душмани ашаддии худ ҳисоб мекарданд ва дар орзуи он буданд, ки ӯро ҳарчӣ тезтар аз байн бубаранд. Вале ҳамеша ноком мемонданд. Оё замоне, ки Масъуд дар Тоҷикистон мезист, буд ҳодисае, ки ягон генерали рус Аҳмадшоҳро дар ин ҷо дида бошаду бо ӯ сӯҳбат карда бошад?
-Буд чунин рӯйдод. Соли 2001 буд. Руслан Аушев, яке аз генералҳои машҳури собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Душанбе омада буд. Иттифоқо ҳамон давра Масъуд низ дар Душанбе буд. Генерал Аушев хоҳиш кард, ки бо Аҳмадшоҳи Масъуд мулоқот дошта бошад. Ӯ дар сари сина ситораи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ба мулоқоти Масъуд омад. Масъуд ӯро диду салом карду бо ишора ба ҳамон ситораи тиллоӣ аз генерал Аушев пурсид:
-Ин чист?
Генерал Аушев гуфт:
-Нишони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ.
-Онро барои чӣ ба ту додаанд?
-Барои ҷанг дар Афғонистон.
-О. ёдат ҳаст дар он ҷанге, ки бо ман дар дараи Панҷшер кардӣ, ту бохтӣ? Оё ба онҳое, ки ҷангро бохтанд дар Иттифоқи Советӣ унвони қаҳрамонӣ медоданд?
- Генерал Аушев базӯр табассум карду вале мардона гуфт:
-Масъуд дуруст мегӯяд. Дар ҷанги дараи Панҷшер ман ҳақиқатан ҳам шикаст хӯрда будам. Ҳатто мошини мани фармондеҳро тарконда буданду ман базӯр ҷон ба саломат бурда будам.
-Шумо дар сӯҳбататон болотар қайд кардед, ки Масъуд бисёр мехост, ки ватани аҷдодиаш Самарқандро зиёрат кунад ва ҳатто чунин ишорае ба Президент Эмомалӣ Раҳмон ва шумо низ карда буд? Оё ин орзуи ӯ ҷомаи амал пӯшид?
-Бале, раҳбарияти Тоҷикистон, махсусан Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти кишвар дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Ӯбекистон мусоидат карданд, ки ин орзуи деринаи Масъуди ҷовидон ҷомаи амал пӯшад. То ин лаҳза ин рӯйдоди барои Масъуд хеле муҳим аз расонаҳои хабарӣ пинҳон буд. Ин хабар бори аввал дар матбуот паҳн мешавад. Аз ифшои ҷузъиёти бештари чӣ гуна сурат гирифтани ин сафар худдорӣ мекунам.
-Ташаккур барои сӯҳбати хуб.
Мусоҳиб Султони Ҳамад
- << Қаблӣ
- Баъдӣ