09:51:42 04-уми Июни 2025 сол

САЙДАМИР ЗУҲУРОВ: ТАЙЁРАҲОИ ҶАНГАНДАИ МАСЪУДРО ӮЗБЕКИСТОН БАРНАГАРДОНД

Ё худ Сайдамир Зуҳуров дар бораи дӯстии худ бо Масъуд, сафари Масъуд ба Самарқанд ва сӯҳбати Масъуд бо Руслан Аушев боз чиҳо гуфт?

/images/stories/2011/09/07_saidamir-zuhurov_1_7.9.2011.jpgРӯзи 9-уми сентябри соли 2001, расо дар рӯзи ҷашни 10-солагии Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистон Аҳмадшоҳи Масъуд, шери Панҷшер, бузургтарин сипаҳсолори мардуми форснажод дар охири қарни 20 ва авоили қарни 21 ҷоми шаҳодатро нӯш кард. Агарчӣ хабари марги ӯро ҳамсафонаш ба хотири ҳадафҳои сиёсӣ ва низомӣ ҳанӯз ҳам он рӯз расман эълон накарда буданд, вале дар Тоҷикистони ғарқ дар баҳри хурсандиву шодии ҷашни истиқлол буданд касоне, ки ҳамон рӯз дар сӯги мотами Масъуд нишастанд. Ба эътирофи худи марҳум Масъуд яке аз дӯстони наздиктарини ӯ дар Тоҷикистон собиқ вазири амнияти Тоҷикистон, генерал-полковник Сайдамир Зуҳуров буд.

Журналист Султони Ҳамад дар сӯҳбат бо Сайдамир Зуҳуров талош кардааст, ки барои Шумо, хонандагони азиз, иттилооти тозаву муфидеро дар бораи муносибатҳои ин ду шахсияти бузурги миллат ба даст биёрад. Ин сӯҳбат дар арафаи 10-солагии ба шаҳодат расидани Аҳмадшоҳи Масъуд баргузор гардидааст.

- Мӯҳтарам Сайдамир Зуҳуров, лутфан мегуфтед, ки мулоқоти нахустини Шумо бо Аҳмадшоҳи Масъуд кай ва дар кадом ваъият ба вуқӯъ пайваст?

- Охирҳои августи соли 1993 буд. Ман дар вазифаи раиси Кумитаи амнияти миллии кишвар кор мекардам. Навакак аз сафари хидматӣ аз Маскав баргашта будам. Ба хотири гузориш додан аз натоиҷи сафар ба ҳузури сарвари кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рафтам. Баъди гузориш Эмомалӣ Раҳмон, ки он вақт Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, ба ман хабари ногаҳониеро эълон карданд. Гуфтанд, ки ният кардаанд, ки фардо, 28-уми август бо як сафари расмӣ барои мулоқот кардан бо Раиси ҷумҳури ин кишвар профессор Бурҳониддин Раббонӣ ба Кобул бираванд ва азбаски ман навакак аз сафар баргаштаам ва хаста шудаам, маслиҳат шудааст, ки дар ин сафар ӯро муовини ман Баҳодур Абдуллоев ҳамроҳӣ кунад.

Рости гап, ман бадеҳатан ба он кас гуфтам, ки «Эмомалӣ Шарифович, ман ба ин пешниҳод розӣ шуда наметавонам. Зеро Афғонистон як кишвари ҷангзадааст. Ба замми ин мухолифини мусаллаҳи ҳукумати мо дар ҳамин кишвар қарор доранд. Аз онҳо ҳар чизро интизор шудан мумкин аст. Худое накарда як ҳодисае ё бо Шумо ва ё бо ҳамон муовини ман рух диҳад, дигар тамоми умр ман наметавонам худамро бибахшам. Аз сӯйи дигар ман бисёр мехоҳам, ки бо Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири дифои ин кишвар, ки бо иттилои сарчашмаҳои мо болои роҳбарони мухолифини мусаллаҳ таъсири бузург дорад, рӯ ба рӯ сӯҳбат кунам ва дар бораи тақдири ин фирориён бо ӯ маслиҳату машварат кунам.

Барои ҳамин ҳам ман ҳатман дар ин сафар бояд Шуморо ҳамроҳӣ кунам. Сарвари давлат суханҳои маро шунида лутфан розӣ шуданд ва илова карданд, ки «дар оғози сӯҳбати Шумо бо Аҳмадшоҳи Масъуд ман низ ширкат хоҳам кард. Ман ҳам мехоҳам марди бузургро аз наздик бубинаму лаҳзае бо ӯ сӯҳбат кунам». Ҳамин тариқ рӯзи 28-уми августи соли 1993 мо аз тариқи ҳавопаймо озими Кобул шудем.

-Шумо пеш аз он ки ба мулоқоти ин абармарди таърих биравед, албатта дар борааш маълумотҳои фаровоне доштед?

-Бале, ман миёнаҳои солҳои 80-уми асри гузаштаи мелодӣ дар Афғонистон ба ҳайси корманди амниятӣ адои хизмат мекардам. Намояндагии хадамоти амниятии и Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон қариб дар бораи ҳамаи қумандонҳои саҳроии мухолифини ҳукумати Афғонистон иттилооти васеъ гирд оварда буд, азҷумла дар бораи фармондеҳи дараи Панҷшер Аҳмадшоҳи Масъуд низ. Дар ин ахборот асосан сифати манфии қумандонҳои муҷоҳиддин карда мешуд.

Дар рафтору кирдори онҳо, хусусиятҳои шахсиашон ҳамеша нуктаҳоеро қайд мекарданд, ки ифшояшон онҳоро дар назди оммаи васеи мардум бадном мекарданд. Масалан хусусияту хислатҳои бади онҳоро нишон медоданд. Дар ин байн Аҳмадшоҳи Масъуд истисно ба назар мерасид. Масъуд аз дигар фармондеҳони ҷиҳодӣ бо он фарқ мекард, ки дар минтақаи таҳти назорати ӯ ба аҳолӣ муносибати нек мекарданд, ба касе зулмро раво намедиданд, касеро зӯран ба ҷабҳа ба сарбозӣ намебурданд, ба аҳли оилаи касоне, ки ба ҷабҳаи ӯ даъват мешуданд, кӯмаки моддӣ мерасонданд. Бояд таъкид кард, ки фаъолияти ҷабҳаашро Масъуд на чун аксари фармондеҳони дигар аз ҳисоби кишту кори маводи мухаддир, балки аз ҳисоби фурӯши сангҳои қимматбаҳо, ки дар Панҷшеру Бадахшон одамони ӯ бо роҳи меҳнати ҳалол ба даст меоварданд, ба роҳ монда буд.

Муҳимтар аз ҳама вақте аскарони шӯравӣ ба асорати муҷоҳиддини Масъуд меафтоданд, онҳоро сарбозони Масъуд озору азият намедоданд, балки бо онҳо муносибати башардӯстона мекарданд. Аз ин рӯ дар ин манотиқ мардуми оддиро алайҳи ӯ ба мубориза бархезондан ва аз онҳо зидди ӯ истифода бурдан кори номумкин буд. Ин вазъиятро фармондеҳии шӯравӣ низ хуб медонист. Чунин рафтори ҷавонмардонаи Масъуд болои генералҳои рус низ таъсири худро гузошта буд. Маъмулан генералҳои рус дӯст намедоштанд, ки муҷоҳиддинро бо суханони нек ёд кунанд, вале аз истифодаи ибораи «Шери Панҷшер» дар ҳаққи Аҳмадшоҳи Масъуд худдорӣ намекарданд.

Яъне онҳо низ эътироф мекарданд, ки Масъуд Шери дараи Панҷшер аст ва ифтихори тоҷикони тамоми дунё. Дар ҳамон давра як гурӯҳи сарбозони рус ба асорати муҷоҳидони ӯ меафтанд ва фармондеҳии Артиши Шӯравӣ аз ман хоҳиш мекунад, ки бо Аҳмадшоҳи Масъуд дар тамоси хаттӣ шуда ба чӣ қиммате ки набошад, сарбозони шӯравиро ман аз асорати Масъуд раҳо намоям. Ман ҳамин корро кардам ва сарбозони шӯравӣ раҳо шуданд. Хулоса ман ҳамон солҳои ҷанги шӯравӣ дар Афғонистон дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд маълумот доштам. Агарчӣ кам бошад ҳам ин маълумотро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ пурратар кардам.

Бо роҳҳои гуногун дар бораи муносибати мутақобилаи Аҳмадшоҳи Масъуд ва мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Тоҷикистон маълумотҳоеро низ дар даст доштам. Баъдҳо солҳои 90-92 низ бо хоҳиши бародарони рус ва украин ба мақсади озод кардани ҳамватанони онҳо, ки дар асоарати Масъуд буданд, бо Масъуд тариқи мукотиба алоқа доштам. Барои ҳамин ҳам дар миллатдӯстии Аҳмадшоҳ шакку шубҳае надоштам. Боварӣ доштам, ки агар бо ӯ дар бораи сабабҳои аслии ҷанги Тоҷикистон сӯҳбат медоштем, ҳатман ӯ зидди ин ҷанг мебаромад ва барои қатъи он мусоидат мекард. Аз ҳамин хотир исрор варзидам, ки Президентро дар ин сафараш ҳамроҳӣ кунам. Ташаккур ба ҷаноби олӣ, ки ҳамон вақт пешниҳоди маро дастгирӣ карданд.

-Хуб, мулоқоти хешро бо Аҳмадшоҳи Масъуд чӣ гуна оғоз кардед?

-Аввал мехоҳам дар бораи он бигӯям, ки мо чӣ гуна ба Кобул расидем ва Кобулро чӣ гуна дарёфтем. Рости гап бо вуҷуди он ки обу ҳаво барои парвоз мусоид буд, вале летчикҳои мо хеле заҳмат кашиданд, то ҳавопайморо беосиб ба майдони ҳавоии Кобул фароранд. Кобул низ он Кобуле, ки ман тақрибан 10 сол пеш дида будам, набуд. Дар натиҷаи мушакборонҳои зиёди муҷоҳиддини мухолифи ҳукумати профессор Раббонӣ, ки шабу рӯзҳои ташриф овардани мо низ идома доштанд, Кобул як шаҳри вайронаро мемонд.

Бояд бигӯям, ки cафари сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон ин аввалин сафари расмии роҳбари як кишвари мустақил ба ин мамлакати ҷангзада буд. Эмомалӣ Раҳмон бо ин ҷасорати хеш як навъ роҳ кушод барои роҳбарони дигар кишварҳо, ки ба Афғонистон сафар кунанд. Устод Раббонӣ ва аъзои ҳукумати ӯ талош варзиданд, ки ин сафар дар сатҳи олӣ гузарад. Масъуд дар Кобул набуд. Ӯ ба мулоқот бо мо аз Багром омад. Мулоқотро Президент Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ карда маро ба Масъуд шинос карда гуфт:

-Ин кас Сайидамир Зуҳуров, вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Як рӯз қабл аз ба ин ҷо омадан дар Маскав дар сафари хизматӣ буд. Баъди баргаштан чун фаҳмид, ки мо ба Кобул сафар дорем, бисёр хоҳиш кард, ки дар ин ҳайат ӯ низ шомил шавад то бо Шумо дар ин ҷо як мулоқоте доир кунад. Марҳамат шинос шавед.

Масъуд табассумкунон аз ман пурсид:

-Ташаккур барои ҳусни таваҷҷӯҳатон. Лутф мекунед. Вале мехостам бифаҳмам, ки чи чиз боиси он шудааст, ки ба шахсияти мо чунин аҳамият бидиҳед?

-Ман ҳам бо ханда нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфтам, ки маро солҳост, ки посух ёфтан ба як савол азият медиҳад. Ба кадом гӯшаву канори Тоҷикистон наравам, ҳама мегӯянд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамшаҳрии онҳост. Дар Кӯлоб ӯро кӯлобӣ, дар Хуҷанд хуҷандӣ, дар Душанбе душанбегӣ мегӯянд. Билохира азм кардам, ки инро аз худи Шумо бипурсам.

Аҳмадшоҳ сабук хандиду гуфт:

/images/stories/2011/09/07_saidamir-zuhurov_2_7.9.2011.jpg-Аслан ҳамаи онҳо дуруст мегӯянд. Ман тоҷикам ва асли баромадам аз деҳаи Даҳбеди Самарқанд мебошад. Тибқи қиссаҳои бобову бобокалонҳоямон онҳо панҷсад- шашсад сол муқаддам аз макони зисти худ иҷборан ҳиҷрат карданд. Қисме аз онҳо дар Тоҷикистони имрӯза маъво гирифтанд, бархе ба ҳамин дараи Панҷшер омаданд. Аз ин рӯ онҳо ҳама дуруст мегӯянд, ки ҳамшаҳриёни ман ҳастанд. Ман ифтихор дорам, ки тоҷики кӯлобӣ ё хуҷандӣ ва ё душанбегӣ маро ҳамшаҳрии худ медонад.Рости гапро бигӯям, солҳост, ки дар дил орзуи дидани Самарқандро мепарварам. Бисёр мехоҳам, ки Самарқандро аз наздик бубинам, ватани аҷдодиамро. Аммо роҳбарони Ӯзбекистон иҷозат медода бошанд, ки ин орзуи худро амалӣ бисозам? Ҳанӯз ин саволро пеши давлатмардони ин кишвар матраҳ накардаам. Намедонам, агар матраҳ кунам чӣ ҷавоб медода бошанд?

-Ман фикр намекунам, ки раҳбарияти Ӯзбекистон ба ин саволи Шумо посухи манфӣ диҳанд, гуфтам дар ҷавоби саволи ӯ. Хулоса бо чунин сарсухан мулоқоти мо бо Аҳмадшоҳи Масъуд оғоз гардид. Сӯҳбат чунон гарм шуд, ки мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигар нахост онро тарк кунад. Ин сӯҳбати гуворо беш аз чаҳор соат идома кард.

- Кадом мавзӯъҳоро мавриди баррасӣ қарор додед?

- Мавзӯъҳо мухталиф буданд. Вале муҳимтаринаш ин баррасии вазъияти дохиливу берунии Тоҷикистону Афғонистон буд. Аҳмадшоҳи Масъуд даъват ба амал овард, ки дар Тоҷикистон ҳарчӣ зудтар сулҳро барқарор кунем.

-Шумо бо мухолифони ҳукумат бояд, ки ба тариқи мусолиҳа қазияро ҳал кунед. Ҳарчӣ тезтар оташбас эълон кунед ва муҳоҷирони худро аз Афғонистон ба Ватан баргардонед. Дар Афғонистон, чӣ тавре, ки худи Шумо шоҳид ҳастед, танзиму аҳзоби зиёде вуҷуд дорад, ки дар итоати ҳукумат нестанд. Ҳукуматро ҳатто намешиносанд. Болотар аз он ба муқобили ҳукумат мубориза мебаранд. Ана ҳамин гурӯҳҳо аз тарафи хоҷагони хориҷии худ кӯмак мегиранд. Бо ин кӯмакҳо онҳо метавонанд муҳоҷирони тоҷикро ба тарафи худ ҷалб кунанд. Онҳоро ҳатто ба муқобили мо истифода баранд. Аз сӯи дигар муҷоҳиддини тоҷик бо кӯмаки онҳо метавонанд мусаллаҳ шаванд ва ба ҷангҳои худ дар ватанашон идома бидиҳанд. Аз ин рӯ ба тариқи мусолиматомез ҳал кардани масъалаи тоҷикон ба манфиати ҳама ҷонибҳо, ба хусус мо Афғонистон низ ҳаст.

Аҳмадшоҳи Масъуд такрор ба такрор таъкид менамуд, ки «нагузоред ҷанги Тоҷикистон ба дарозо бикашад ва Худое нахоста он ба ҷанги чирикӣ табдил ёбад. Ҷанги чирикӣ кишварро ба харобӣ ва мардуми онро ба қашшоқӣ рӯ ба рӯ хоҳад кард». Дар ин иртибот ӯ аз таҷрибаи муборизаҳои худ чунин мисол овард: «Солҳое, ки зидди режими Кобул ҷанг мекардам, ба яке аз зердастонам 10 ҳазор афғонӣ додам, ки комбинати масолеҳи сохтмонии Кобулро битарконад. Имрӯз ман ба ҳайси яке аз роҳбарони ин кишвар ҳатто ба маблағи 6 миллион доллар наметавонам он корхонаро барқарор намоям. Ман аз роҳбарони мухолифини ҳукумати шумо дар сӯҳбатҳоям ҳамеша даъват ба амал меорам, ки қазияро бо роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл кунанд, ба хусус даст ба амалҳои вайронкориву террористӣ назананд. Аз Шумо низ эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки қазияи Тоҷикистон- ин хонаи умеди ҳамаи мо тоҷиконро бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл кунед».

-Дар ин мулоқот бо Аҳмадшоҳи Масъуд, умуман бо ҳукумати Афғонистон Шумо ба чӣ хулоса омадед?

Хулоса ҳамин буд, ки тасмим гирифтем хукумати Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ ташкил диҳад, ки ба Афғонистон, ба он минтақаҳое, ки дар таҳти нуфузи Аҳмадшоҳи Масъуд ҳастанд ва муҳоҷирини тоҷик дар он ҷо зиндагонӣ мекунад, рафта фирориро ташвиқ кунанд, ки ба Ватан баргарданд. Аҳмадшоҳи Масъуд ваъда дод, ки дар ин кор ба мо дасти кӯмак дароз мекунад.

-Мулоқоти сарони ду кишвар ягон натиҷае дар пайдошт, ягон санаде ба имзо расид?

-Бале дар анҷоми сафар «Баёнияи муштараки сарварони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Исломии Афғонистон аз 30- августи соли 1993» ба имзо расид.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854