СӮҲРОБ ШАРИФОВ: ХУДКОМАГАРОӢ БАРОИ ТОҶИКИСТОН ТАҲДИДИ ҶИДДӢ АСТ
Бозгашт ба низоми идораи худкомаӣ метавонад ба ояндаи давлати мустақили Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод кунад.
Ин нуктаро Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 5 сентябр, дар кунфаронси “Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон: дастовардҳо дар 20 сол ва дурнамои рушд” иброз кард. Оқои Шарифов низоми худкомаиро аз ҷумлаи мероси даврони Иттиҳоди Шӯравии пешин хонда ва гуфт: “Ин низом ба истиснои кишварҳои Соҳили Болтик дар кишварҳои дигари Иттиҳоди Шӯравии пешин боқӣ мондааст.”
Ба гуфтаи ӯ, то ҳол усулҳои демукросӣ дар Тоҷикистон ба таври комил рӯйи кор наомада ва хатари бозгашти низоми идораи худкомаӣ аз миён нарафтааст. Ба эътиқоди раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, танҳо дар сурати тарбияти “элитаи сиёсии ҷавонон, ки аз низоми худкомаӣ озод ва ба усулҳои демукротӣ пойбанд ҳастанд”, аз тавсеъаи низоми худкомаӣ дар ин кишвар ҷилавгирӣ кардан мумкин аст.
Ин дар ҳолест, ки дар Қонуни Асосии Тоҷикистон ин кишвар “демукротик, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ” унвон шудааст. Ширкаткунандагони ҳамоиш гуфтанд, ки Тоҷикистон дар давраи гузариши қарор дошта, барои бунёди ҷомеъаи демукротик гомҳои нахустин мебардорад ва барои дастёбӣ ба демукросии комил фурсат ва талошҳои зиёде лозим аст.
Гуфтаи мешавад, ҳоло бештари раҳбарони худкомаи Осиёи Марказӣ аз вожаи “демукросии минтақавӣ” ё “демукросӣ бо назардошти вижагиҳои миллӣ” истифода мекунанд, ки навъи сафедкунӣ ё табраъаи низоми худкомаӣ маҳсуб мешавад.
Ба гуфтаи ширкаткунандагони ҳамоиш, ҳоло барои арзёбии арзишҳои демукросӣ “меъёрҳои урупоӣ ва меъёрҳои Осиёи Марказӣ” вуҷуд дорад ва дар чаҳорчӯби ин меъёрҳо ба чигунагии баргузории интихоботҳо ва мизони озодии баёну виҷдон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳо дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти истротежик иддаъоҳо дар бораи “набуди истиқлоли комил ё демукросии комил” дар Тоҷикистонро “ҳисси навмедӣ ва нодида гирифтани дастовардҳои ин кишвар дар ин замина” унвон кард. Ба гуфтаи оқои Сафаров, “ин гуна ҳисси навмедӣ ва паст задани миллати худ дар ҷанги иттилоотии ҳозира маънии ба осёби душманони миллати тоҷик об рехтанро дорад.”
Сайфулло Сафаров гуфт, феълан дар Тоҷикистон демукросӣ вуҷуд дорад ва марҳила ба марҳила рушд мекунад. Ҳамзамон, ӯ таъкид кард: “Худкомагароии махмалини Раҳмон (ин истилоҳи бархе таҳлилгарон дар сойтҳои интернетӣ аст) аз низоми демукросие, ки дар Қирғизистон, Афғонистон, Ироқ ва Либӣ вуҷуд дорад, ба маротиб беҳтар аст.”
“Мо миллати комил нестем”
Абдунабӣ Сатторзода, коршиноси Маркази мутолъеоти истротежики Тоҷикистон гуфт, ҳоло тоҷикони Тоҷикистон ба пояи миллати комил нарасидаанд. Ба гуфтаи оқои Сатторзода, тоҷикони Афғонистон миллат ҳастанд, аммо дар тоҷикони Тоҷикистон бештар тамоюли музофотӣ ё маҳаллгароӣ бештар аст.
Муродулло Давлатов, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон, дар мавриди поин будани эҳсоси миллатпарастии тоҷикон сӯҳбат карда ва гуфт: “Агар ту тоҷик нестӣ гуфтӣ, касе намеранҷад, агар ту мусалмон нестӣ, гуфтӣ, бо ту даст ба гиребон мешаванд”.
Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази мутолеъоти истротежик низ таъкид кард, ҳоло тоҷикон ҳамчун миллати сиёсӣ дар ҳоли ташаккул ҳастанд ва танҳо дар сурати дар тамоми манотиқи Тоҷикистон эҳсос шудани ғурур ва ифтихорӣ миллӣ раванди ташаккул анҷом меёбад. Ӯ пешинҳод кард, ба манзури ташаккули ғояҳои миллӣ ва боло бурдани ифтихор ва ғурури миллӣ бояд Барномаи рушди андешаҳои миллиро таҳия ва тасвиб кард.
Истиқлол-муҳимтарин дастовард
Муҳимтарин ва арзишмандтарин дастоварди Тоҷикистон дар 20 соли ахир ин дастёбӣ ба истиқлол ва сулҳ дар ин кишвар будааст. Ба гуфтаи Худойназар Холиқназаров, коршиноси тоҷик, то соли 2004 Тоҷикистон дорои “истиқлоли нисбӣ” буда ва пас аз ба муомила баромадани пули миллӣ ва муроқибати марзбонони тоҷик аз марзҳои кишвари худ дар ин замина гомҳои муҳим ва ҷиддӣ бардошта шуд.
Оқои Холиқназаров гуфт, маҳз дар ҳамин сол сиёсати бисёрсамтӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон шурӯъ шуда ва ба дунболи он нахустин сармояи хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар ворид гардид. Дар кунфаронси “Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон: дастовардҳо дар 20 сол ва дурнамои рушд” таъкид шуд, имзои Мувофиқатномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997 ва истиқрори субот дар ин кишвар Тоҷикистонро аз хатари нобудӣ наҷот дода ва роҳро барои рушди бахши иқтисодӣ боз кардааст.
Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон як ниҳоди вобаста ба давлати ин кишвар аст, ки дар робита ба назароти созмонҳои мустақил дар бораи сиёсатҳои давлати Тоҷикистон маъмулан нигоҳи интиқодӣ дорад.
Би-Би-Си