ТАВОФУҚИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН БАРОИ СОХТМОНИ НЕРӮГОҲИ “АЙНӢ”
Эрон ва Тоҷикистон тавофуқ карданд, ки дар рӯдхонаи Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон нерӯгоҳе мавсум ба “Айнӣ” эҳдос кунанд. Ин тавофуқ бо имзои созишнома дар ҷараёни дидори расмии Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон аз Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 4 сентябр ҳосил шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин як санади ҳусни тафоҳумро имзо карданд, ки бар асоси он ҷониби Эрон барои бозсозии тунели “Истиқлол”, ки манотиқи шимол ва марказии Тоҷикистонро ба ҳам муттасил мекунад, ҳудуди се милюн дулор ба сурати изофа ихтисос дод. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти матбуъотӣ гуфт, ки тасмими Эрон барои сохтмони нерӯгоҳи “Айнӣ” “қадами устуворе дар роҳи дастёбии Тоҷикистон ба истиқлоли энержӣ хоҳад буд.”
Вай гуфт, ки минтақаи Зарафшони Тоҷикистон дар як сол ҳудуди шаш моҳ ба нерӯи барқ дастрасӣ надорад ва баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи “Айнӣ” ин мушкилро аз байн хоҳад бурд. Ба гуфтаи оқои Раҳмон, қарор аст, нерӯгоҳи “Айнӣ” бо зарфияти 130 меговот барқ сохта шавад. Дар гузашта ҷонибҳо изҳор дошта буданд, ки зарфияти ин нерӯгоҳ 150 меговот барқ хоҳад буд. Дар нишасти матбуъотии имрӯз дар бораи ҳазинаи ин тарҳ иттилоъе ироъа нашуд.
Зимнан, панҷ соли қабл Чин ба сохтмони нерӯгоҳи мавсум ба “Ёвон” дар фарози рӯдхонаи Зарафшон иқдом карда буд, вале, ба эътиқоди коршиносон, дар пайи фишорҳои Ӯзбакистон, ки ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон мухолифат мекунад, аз иҷрои ин тарҳ сарфи назар кард.
Бад ин далел, ҳанӯз рӯшан нест, ки ҷониби Ӯзбакистон ба ин тарҳи ҷадиди энержӣ бо сарояи Эрон чи вокунише хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки Эрон дар гузашта бо мушкилоте дар робита ба интиқоли таҷҳизот барои сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аз тариқи қаламрави Ӯзбакистон ба Тоҷикистон рӯбарӯ шуда буд.
Соли гузашта дар роҳи тронзити вогунҳои Тоҷикистон аз қаламрави Ӯзбакистон маҳдудиятҳое ба миён омад ва ба ин далел раванди сохтмони ин нерӯгоҳ то андозае ба таъхир уфтод. Масъулони роҳи оҳани Эрон он замон ҳамтоёни ӯзбаки худро ҳушдор доданд, ки дар сурати идомаи ин маҳдудият, ҷониби Эрон тадобири мушобеҳе алайҳи вогунҳои Ӯзбакистонро рӯйи даст хоҳад гирифт.
Ҳарчанд баъд аз чанд моҳ ин мушкил то андозае ҳалли худро пайдо кард, вале ҷониби Эрон маводд ва колоҳои мавриди ниёзи тарҳи нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”-ро тавассути ҳавопаймоҳои борбар ва аз тариқи қаламрави Афғонистон бо комюнҳо вориди Тоҷикистон кард. Дар ҳамин ҳол, қарор аст, зуҳри рӯзи душанбеи 5 сентябр маросими ифтитоҳи турбини нахустини нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” бо ширкати руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрон баргузор шавад.
Дар гузашта бархе аз манобеъ гуфта буданд, ки турбини нахустини "Сангтӯда-2" танҳо баъд аз ду моҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Маҳмуди Аҳмадинажод дар нишасти матбуъотии рӯзи якшанбе гуфт, ки то охири соли ҷорӣ мардуми Тоҷикистон метавонанд аз барқи тавлиди ин нерӯгоҳ истифода кунанд. Ҳарчанд, Президент Раҳмон изҳор дошт, ки то охири соли ҷорӣ дуввумин турбини “Сангтӯда-2” низ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Дар ҳамин ҳол, Маҳмуди Аҳмадинажод таъкид дошт, ки то ҳол на ҳама аз зарфиятҳои ҳамкориҳои миёни ин ду кишвар истифода мешаванд. Вай гуфт, ки ҳоло коршиносони тоҷик ва эронӣ мавзӯъи кашидани хутути барқ аз Тоҷикистон ба Эронро баррасӣ мекунанд. Оқои Аҳмадинажод ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон ба маводди сӯхт ниёз дорад ва ҳоло коршиносон мутолеъотеро дар ин замина оғоз кардаанд. Ба гуфтаи вай, бояд дақиқ кард, ки интиқоли нафт ба Тоҷикистон тавассути лӯла судманд аст ё аз тариқи қатор.
Ба таъкиди раиси ҷумҳури Эрон, ҳар ду кишвар бо мамолики мухталифи ҷаҳон ҳамкориҳои иқтисодӣ доранд, вале ҳар ду кишварро зарур аст, то нахуст ниёзи ҳамдигарро бароварда кунанд. Эрон аз шарикони аслии иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Маҳмуди Аҳмадинажод таъкид кард, ки Эрон нахустин кишвари ҷаҳон буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт.
Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки Эрон ба далели он чи адами шафофият дар барномаҳои ҳастаиаш хонда мешавад, таҳти фишорҳои сиёсӣ ва иқтисодии байналмилалӣ қарор гирифтааст ва талош мекунад нишон бидиҳад, ки ин фишору маҳдудиятҳо натиҷа надоштаанд.
Тоҷикистон бо вуҷуди густариши ҳамкориҳо бо Эрон тавонистааст равобиташ бо Омрико, аз мунтақидони умдаи сиёсатҳои Эронро низ тавсиъа бахшад ва ба хусус дар масоили амниятӣ бо ин кишвар ҳамкориҳои зиёде дошта бошад. Зимнан, боздиди феълии оқои Аҳмадинажод аз Тоҷикистон ба манзури ширкат дар таҷлил аз бистумин солгарди истиқлоли ин кишвар сурат мегирад.
Би-Би-Си