07:32:20 04-уми Июни 2025 сол

БАҲСИ КӮҲИСТОНИ ҚАРАБОҒ ДАР ҲАМОИШИ КИШВАРҲОИ ҲАМСУД ДАР ДУШАНБЕ

Раҳбарони бархе аз кишварҳои ҳамсуд дар ҳамоиши худ дар Душанбе гуфтанд, ки ин созмон натавонистааст дар бист соли фаъолият қазияҳои дохилии ин кишварҳоро ҳал кунад. Ин дар ҳолест, ки бархе дигар аз руасои чумҳури собиқи шӯравӣ фаъолияти ин ниҳодро муҳим ва муассир унвон карда, хостори таҷдиди фаъолияти Иттиҳодияи кишварҳои муштарак-ул-манофеъ шуданд.

/images/stories/2011/09/03_jalasa-3.9.2011.jpg

Дар нимаи аввали рӯзи шанбеи 3 сентябр, ҷаласаи раҳбарони кишварҳои ҳамсуд ва сипас ин ҳамоиш бо ширкати аъзои ҳайъатҳои расмӣ идома ёфт. Қисмати дуввуми ҳамоиш тавассути шабакаҳои телевизиюнӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар ин ҷаласа руасои ҷумҳур ва нахуствазирони кишварҳои ҳамсуд аз фаъолияти ин созмон дар бист соли ахир изҳори назар карданд ва бештаре аз онҳо гуфтанд, ки дар марҳилаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсиси чунин як ниҳоде амри зарурӣ буд.

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, нақши Иттиҳодияи кишварҳои муштарак-ул-манофеъро “тоърихӣ” унвон кард ва гуфт, ки мавқеъи кишвараш дар қиболи ин созмон тағйир нахоҳад ёфт. Мавқеъи руасои ҷумҳури Қазоқистон, Укройн, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Арманистон низ дар ин замина мушобеҳ буданд.

Дар ҳамин ҳол, Артур Раси-зода, нахуствазири Озарбойҷон, зимни суханронии худ аз он изҳори таъассуф кард, ки Иттиҳодияи кишварҳои муштарак-ул-манофеъ дар тӯли бист сол натавонист мушкилоти “даргириҳои дохилӣ”-ро ҳал кунад. Ба унвони мисол, оқои Раси-зода аз қазияи Кӯҳистони Қарабоғ ном бурд ва гуфт, ки дар ҳалли ин мушкил кишварҳои ҳамсуд оҷиз мондаанд. Ин минтақаи Озарбойҷон дар авохири даҳаи 1980 худро мустақил эълом кард ва таҳти муроқибати низомиёни Арманистон қарор гирифт.

Ин мавзӯъро Мариан Луну, вакили раиси ҷумҳури Молдовӣ тақвият дод ва гуфт, ки кишвараш ҷонибдори танҳо роҳи ҳалли мусолиҳатомези қазияи вилояти назди Днестр мебошад. Ин вилояти Молдовӣ низ истиқлоли худро эълом кардааст ва ба ҳукумати марказӣ итоъат намекунад. Серж Саргсян, раиси ҷумҳури Арманистон изҳор дошт, ки сокинони Кӯҳистони Қарабоғ аз ҳуқуқи худ барои истиқлол истифода кардаанд ва интизор меравад ин амр ба зудӣ аз сӯйи ҷомеъаи ҷаҳонӣ эътироф шавад.

Артур Раси-зода, нахуствазири Озарбойҷон дар поёни ҳамоиши рӯзи шанбе аз Эмомалӣ Раҳмон, ки дар раъси ин ҷаласа қарор дошт, хоҳиш кард, ки барояш дубора иҷозаи сухан кардан диҳанд. Вай аз изҳори назари Серж Саргисян, раиси ҷумҳури Арманистон дар мавриди Кӯҳистони Қарабоғ шадидан интиқод кард ва гуфт, ки ҳоло 20 дарсади қаламрави кишвараш аз сӯйи низомиёни арманӣ ғасб шудааст.

Вай хабар дод, ки Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи ихроҷи низомиёни арманӣ аз қаламрави Озарбойҷон чаҳор маротиба қатънома содир кард, вале мақомоти Арманистон аз онҳо сарфи назар мекунанд. Дар ҳамин ҳол, бештаре аз соҳибназарон муътақиданд, ки фаъолияти созмони кившарҳои ҳамсуд ба нафъи ҳеҷ яке аз ин кишварҳо нест ва танҳо Русия аз он ба унвони чаҳорчӯбе барои таҳти нуфузи худ қарор доштани ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ истифода мекунад.

Дар ҳамоиши имрӯзи раҳбарони ин созмон дар Душанбе, барои бори нахуст аз мудохилаи нозирони урупоӣ дар интихоботҳои кишварҳои ҳамсуд шадидан интиқод карданд. Барои мисол, Дмитрий Медведев гуфт, ки нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо аз меъёрҳои дугона истифода мекунанд ва дар ҳузури онҳо дар интихоботҳои кишварҳои ҳамсуд чандон ниёзе вуҷуд надорад.

Вай афзуд: “Мо ҳама ҷонибдори баргузории интихоботҳои шаффоф ва мунсифона ҳастем. Ва мо гурӯҳи нозирони кишварҳои ҳамсудро низ дар ихтиёр дорем ва бояд фаъолияти ин ниҳод тақвият дода шавад.”

Ин дар ҳолест, ки нозирони интихоботии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо пайваста аз нтихоботҳои порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ дар кившарҳои ҳамсуд шадидан интиқод карда ва изҳор доранд, ки раванди баргузории ин интихоботҳо бо мавозини демукросӣ созгор нест.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854