ҲАМОИШИ РАҲБАРОНИ КИШВАРҲОИ ҲАМСУД ДАР ДУШАНБЕ ОҒОЗ ШУД
Дар бӯстонсарои Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши бистуми раҳбарони кишварҳои ҳамсуд ба кори худ оғоз кард. Дар кори ин ҳамоиш руасои ҷамоҳири Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдовӣ, Русия, Туркманистон, Укройн ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Президентҳои Белорус, Озарбойҷон ва Ӯзбакистон ба далоили мухталиф аз ширкат дар ин ҳамоиш худдорӣ карданд. Ин кишварҳоро дар ҳамоиши Душанбе нахуствазирони ин кишварҳо намояндагӣ мекунанд. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо бархе аз раҳбарони ҳайъатҳои кишварҳои ҳамсуд, ки тоза вориди Душанбе шуданд, дидор ва гуфтугӯ кард. Ҳамчунин руасои кишварҳои узви ин созмон низ бо ҳамдигар мулоқоти якбаяк анҷом доданд.
Шоми дирӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷаи 11 кишвари узви Иттиҳоди кишварҳои муштарак-ул-манофеъ баргузор шуд. Ширкаткунандагон тарҳи 17 санадеро, ки ба баррасии раҳбарони кишварҳои ҳамсуд пешниҳод мешаванд, баррасӣ ва таъйид кардаанд.
Ба ин тартиб, қарор аст, дар ҷаласаи имрӯзи раҳбарон барномаи ҳамкориҳои кишварҳои узви ин созмон дар муқобала бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ироаи намунаҳои маводди мухаддир барои ташхисро баррасӣ кунанд. Ҳамчунин руасои кишварҳои ҳамсуд санадеро дар робита ба гиромидошти хотири ширкаткунандагони Ҷанги бузурги ватанӣ алайҳи олмони нозиро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, ки тӯли як соли ахир раҳбарии Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсудро бар ӯҳда дошт, дар нишасти матбуъотӣ изҳор дошт, ки соли ҷорӣ аз таъсиси Созмони кишварҳои муштарак-ул-манофеъ бист сол сипарӣ мешавад. Ба ин далел, ба гуфтаи оқои Зарифӣ, раҳбарии ҷории Тоҷикистон дар ин созмони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ умдатан ба анҷоми тадорукот барои баргузории таҷлил аз бистсолагии ин созмон бастагӣ доштааст.
Ин дар ҳолест, ки бештаре аз соҳибназарон аз муассир набудани фаъолияти ин созмон изҳори назар мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, Иттиҳоди кишварҳои муштарак-ул-манофеъ ба ҳалли ҳеҷ яке аз мушкилоте дар фазои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мусоъидат накардааст. Вале, ахиран Ҳамрохон Зарифӣ дар матлабе дар робита ба оғози кори ҳамоиши раҳбарони кишварҳои ҳамсуд дар Душанбе, изҳор дошт, ки таъсиси ин созмон ба ҳангоми фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ як гоми муҳим будааст.
Зеро, бо истифода аз чорчӯби ин созмон кишварҳо барои муддате тавонистанд бархе аз равобити қаблии миёни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравиро ҳифз кунанд. Ба эътиқоди оқои Зарифӣ, ҳамчунин ин ниҳод дар густариши равобити иқтисодии миёни ин кишварҳо низ мусоъидат кардааст.
Аз сӯйи дигар, вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, ки вуҷуди Иттиҳоди кишварҳои муштарак-ул-манофеъ шароитро барои таъсиси созмонҳои муассиртаре, назири Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Уруосиё, Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ ва дар ниҳоят ба таъсиси Иттиҳоди гумрукӣ, ки феълан аз се кишвари ҳамсуд, яъне Русия, Белорус ва Қазоқистон иборат аст, мусоъидат кардааст.
Зимнан, давлати Тоҷикистон низ мавзӯъи пайвастан ба Иттиҳоди гумрукиро ба баррасӣ гирифтааст, вале феълан ба далели надоштани марзи муштарак бо яке аз ин се кишвар наметавонад узви ин иттиҳод шавад. Дар ҳамин ҳол, дар ҳамоиши имрӯзи раҳбарони кишварҳои ҳамсуд раҳбарии ин Иттиҳод аз Тоҷикистон ба Туркманистон таҳвил хоҳад шуд.
Би-Би-Си