00:57:04 02-уми Июни 2025 сол

ПОЙГОҲИ РУСИЯ 49 СОЛИ ДИГАР ДАР ТОҶИКИСТОН МЕМОНАД

Тоҷикистон ризоият дод, ки пойгоҳи 201-Русия дар қаламраваш барои 49 соли дигар боқӣ бимонад. Бино ба гузоришҳо, сарони Тоҷикистону Русия мувофиқат кардаанд, то ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то тақрибан ним қарни дигар тамдид шавад. Дмитрий Медведев, дар поёни мулоқот гуфтааст, ду тараф ба созиш расиданд, то пойгоҳи 201-Русия то 49 соли дигар дар Тоҷикистон бимонад ва созишнома дар ин замина то се моҳи дигар имзо шавад.

/images/stories/2011/09/02_rahmon-medved_2.9.2011.jpgМаълум нест, ҳузури пойгоҳ ҳамчунон ройгон хоҳад буд ва ё Русия барои он ба Тоҷикистон пул хоҳад пардохт. Бино ба гузоришҳо, давлати Тоҷикистон хоста буд, то Русия барои ин пойгоҳ бештар аз 200 миллион доллар бипардозад. Ду тараф сари тарҳи нави созишнома музокироти печидае доштанд.

Моҳи гузашта Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ баён дошт, ки мавзеъҳои Тоҷикистон ва Русия дар мавриди истифода аз фурудгоҳи Айнӣ ва идомаи ҳузури пойгоҳи низомии 201 Русия ба ҳадде ба ҳам наздик нашудаанд, ки ҷонибҳо дар заминаи он санади расмиеро таҳия кунанд.

Сафари расмии Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия аз Тоҷикистон бо имзои эъломияи муштараки сарони кишварҳо ва ду санади ҳамкорӣ дар заминаи ҳамкориҳои марзӣ ва Барномаи рушди иқтисодӣ барои солҳои 2012 то 2015 ба поён расид.

 Хабарнигори мо Мирзонабии Холиқзод, аз Кохи Миллат, хабар дод, ки дар изҳороти матбуотии Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон, ки пас аз имзои санадҳои ҳамкорӣ дар ҳузури хабарнигорон доир карданд, таъкид шуд, ки ин санадҳо, ба хусус дар масоили ҳамкориҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Русия мувофиқ ба шароити имрӯза таҳия шудааст. Бо ин ҳам раисони ҷумҳур аз шарҳи бештари ҷузъиёти ин санадҳои ҳамкорӣ худдорӣ карданд.

Дар мулоқоти президентҳои Тоҷикистону ва Русия дар Маскав, дар моҳи октябри соли 2009 Дмитрий Медведев ҳузури пойгоҳи 201-уми кишварашро дар Тоҷикистон, омили таъмини суботи минтақа номида буд: “ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон як омили ҷиддии мусоидаткунанда ба субот боқӣ мемонад.”

Вай гуфта буд, ки дар ҷараёни мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ин пойгоҳ сӯҳбат кардааст. Пеш аз ин гузориш мешуд, ки ҳукумати Тоҷикистон аз Русия мехоҳад, то барои ҳузури пойгоҳаш ба он кишвар 300 миллион доллар бипардозад, ки замони ҳузури пойгоҳ то чаҳори соли дигар ба поён мерасад. Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни нишасти хабарии муштарак дар робита ба ин масъала сӯҳбат накард.

Анатолий Сердюков - вазири дифоъи Русия мегӯяд, мақомоти ин кишвар бо Тоҷикистон масъалаи таҳияи тарҳи созишнома дар мавриди шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд. Ба гуфтаи вай, гурӯҳҳои кории ду кишвар ҳоло ин масъаларо баҳс доранд, ки баъди соли 2014 пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бар асоси шароити феълӣ ҳузур дошта бошад ва ё барои он ба Тоҷикистон ҳаққи иҷора пардохта шавад.

Бино ба гузоришҳо, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, то Русия барои ҳузури ин пойгоҳаш ба Тоҷикистон ҳудуди 300 миллион доллар бипардозад. Анатолий Сердюков, ки пас аз мулоқоти ҳайъатҳои расмии Тоҷикистону Русия дар Маскав бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ду тараф созишномаи нави фарогире дар мавриди ҳамкориҳои низомӣ таҳия мекунанд.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 03.09.2011 10:27
xay yabora tjk ra bubaxshen hamu rusoda ba tenj bushinen oxi . ika mardumi be ghayratan hami tojiko . bovar kunen e mardum aybay .
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854