01:14:56 02-уми Июни 2025 сол

МЕДВЕДЕВ: "РУСИЯ ТАРҲИ CASA-1000-РО САРМОЯГУЗОРӢ МЕКУНАД"

Нишасти сарони Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон бо имзои як эъломияи муштарак ба поён расид. Бар пояи ин эъломия самтҳои ҳамкории чаҳори кишвар мушаххас шуда ва қарор аст, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, ҳамлу нақл, таъмини амният, мубориза бо терроризму ифротгaроӣ ва маводи мухаддир густариш ёбад.

/images/stories/2011/09/02_jalasa-2.9.2011.jpgИҷрои тарҳи СASA-1000 дар меҳвари музокироти чаҳор раисиҷумҳур -- Дмитрий Медведев, Осиф Алӣ Зардорӣ, Ҳомиди Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Ин буд, ки ҷаноби Медведев дар поёни нишаст эълон кард, ки кишвараш аз тарҳи CASA-1000 ҳимоят мекунад ва дар сармоягузории ин тарҳ ширкат хоҳад кард.

Раҳбарони Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон барои нахустин бор соли 2009 дар Душанбе дидор ва музокирот карда буданд. Бори дигар онҳо дар соли гузашта онҳо дар шаҳри Сочии Русия ҷамъ омаданд.

Раҳбарони Афғонистону Покистон ва Русия дирӯз, якуми сентябр, ба Душанбе омаданд. Ҳомиди Карзай дар расми ифтитоҳи бинои нави сафоратхонаи кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон иштирок кард.

Ҳамчунин, дар қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон дар Варзоб гуфтугӯи ғайрирасмии сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баргузор гардид. Раҳбарони ин се кишвар роҷеъ ба масоили ҳамкории сеҷониба, қабл аз ҳама дар бахшҳои энержӣ, роҳсозӣ, ташкили бозори минтақавии нерӯи барқ, боло бурдани иқтидори транзитии се кишвар ва ҳамгироии муштарак ба зидди терроризму ифротгароӣ табодули назар карданд.

Имрӯз сафари расмии Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, ба Тоҷикистон низ шурӯъ мешавад. Дмитрий Медведев пас аз поёни нишасти чаҳоргона дар нишасти Шӯрои сарони давлатҳои узви Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд ё СНГ ширкат хоҳад кард.

Бар пояи иттилои расмӣ қарор аст, ки дар ин нишаст тарҳи ёздаҳ санад баҳсу баррасӣ шавад, ки муҳимтарини онҳо Изҳороти сарони кишварҳои узв дар бораи 20-солагии Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд ва гузориши таҳлилии “Натоиҷи фаъолияти СНГ дар 20 сол ва дурнамои ин ниҳод” хоҳанд буд.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 03.09.2011 10:15
e mardumi tojik in russho agar 1 dollar kumak kunand 1000000 dollari diga dar javobush megiran . megar rassia mexohad ki mo vazi iktisodii xube doshta boshem ? rassiaro ki obod karda istoda ast ? hamin tojiko bo maoshi nochiz . az rusho sag barat nayofta ast kujo rasad ba odamon . tojiko vatantona saxt bkapen firebi bozihoi rushoro naxured
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854