01:13:17 02-уми Июни 2025 сол

ЭДУАРД АУЭР: "ИТТИҲОДИЯИ АВРУПО БА РАҲМОН ҶОИЗА НАДОДААСТ"

Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд ҷоизае, ки созмони “Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ” ахиран ба Президент Раҳмон эъто кард, ба ин иттиҳодия ҳеч рабте надорад. Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ, як созмони ғайридавлатӣ, ки худро пажӯҳишгоҳе бонуфуз дар саросари Аврупо муъаррифӣ мекунад, чанде пеш ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизаи “Раҳбари қарни 21”-ро эъто карда буд.

/images/stories/2011/09/02_rahmon_2.9.2011.jpgАммо намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 2 сентябр бо пахши баёнияе эълом кардааст, ки созмони мазкур бо Шӯрои равобити хориҷии Аврупо, ки як ниҳоди вобаста ба ин иттиҳодия аст, ҳеч иртиботе надорад ва ҷоизаи он ҳам моли ин иттиҳоия нест.

Антон Карадҷа, раиси "Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ", зимни супоридани ҷоиза ба Президент Раҳмон гуфт, ки ба ин ҷоиза номзадҳо танҳо пас аз баррасии ҳамаҷонибаи дастовардҳо ва фаъолияти мусбати онҳо ҳамчун пешвоёни қарн ва бо дарназардошти нуфузу эътибори онҳо дар миёни мардуми кишварҳояшон даст меёбанд.

Аз ҷумла, ин ниҳод мусоъидат ба ваҳдати миллии Тоҷикистон, мубориза бо фасоди молӣ, эҳтиром ба ҳайсияти инсонӣ, мудирияти шаффоф ва озодии матбуъот, ҳимоят аз равандҳои демукротик дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳуқуқи инсон, озодиву адолати иҷтимоъӣ дар ҷомеъа ва роҳандозии барномаҳои тавсеъа дар кишварро аз хидматҳои Президент Раҳмон унвон карда буд.

Аммо Эдуард Ауэр, раҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе, ба Би-би-сӣ гуфт: “Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ”, ки мақарраш дар шаҳри Бухарести Румонӣ воқеъ аст, як созмони хусусӣ буда ва бо ниҳодҳои вобаста ба Иттиҳодияи Аврупо ҳеч гуна иртиботе надорад."

Оқои Ауэр гуфт, ки масъулияти эътои ҷоиза ба ин ё он раҳбари кишварҳои ҷаҳон ба ӯҳдаи масъулони “Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ” аст ва он ба ҳеч ваҷҳ мавзеъи расмии Иттиҳодияи Аврупоро нишон намедиҳад.

Аммо ин дар ҳолест, ки аз замони эъломи тасмими “Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ” дар бораи эътои ҷоизаи “Раҳбари қарни 21” ба оқои Раҳмон ду ҳафта сипарӣ шуда ва Иттиҳодияи Аврупо тоза дар ин замина аз худ вокуниш нишон додааст.

Эдуард Ауэр гуфт, ки дар пайи бозтоби ин ҳодиса дар расонаҳо ва нашрияҳои Тоҷикистон ва пайванд додани ин ҷоиза ба Иттиҳодияи Аврупо намояндагии ин иттиҳодия дар Тоҷикистонро водор кардааст, ки дар мавриди ин қазия баёнияе содир кунад.

Дар соли 2010 “Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ” Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистонро, ки аз ҷониби созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари байналмилалӣ барои мавориди нақзи ҳуқуқи башар ва маҳдудиятҳо дар озодии баён мукарраран мавриди интиқод қарор гирифтааст, бо ҷоизаи “Инсони сол” тақдир карда буд.

Эътои ҷоизаи ин созмон ба Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки номи вай қаблан дар феҳристи “Раҳбарони худкомаии ҷаҳон” дар маҷаллаи “Тойм” ва “Си-эн-эн” пайдо шуда буд ва Муассисаи мутолеъоти иқтисодии "Экунумист" низ оқои Раҳмонро дар феҳристи “раҳбарони мустабидди ҷаҳон” шомил карда буд.

Ҳамчунин, Муассисаи таҳқиқоти иқтисодии Экунумист (Economist Intelligence Unit) дар гузориши солонаи худ дар соли 2010 Тоҷикистонро дар феҳристи кишварҳои худкома ё авторитарӣ қарор дода буд. Тоҷикистон дар ин феҳрист бо 2.51 имтиёз дар ҷойгоҳи 149 қарор дошт ва Афғонистон, кишвари ҳамсоя ва ҳаммарзи ин кишвар, ҷойгоҳи 150-ро ба худ ихтисос дода буд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854