ДИДОРИ РАҲМОН БО РУАСОИ ҶУМҲУРИ АФҒОНИСТОН ВА ПОКИСТОН
Руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Афғонистон дар дидор ва гуфтугӯи худ дар Душанбе масоили тақвияти ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд.
Ҳомид Карзай, ки рӯзи панҷшанбеи 1 сентябр вориди Душанбе шуд, нахуст бо Президент Раҳмон дидор ва гуфтугӯ кард ва сипас, барои ширкат дар маросими ифтитоҳи сохтмони сафоратхонаи Афғонистон дар Тоҷикистон ба маҳалли ин сохтмон рафт.
Дидори Раҳмон бо ҳамтои афғонаш дар пушти дарҳои баста сурат гирифт ва баъд аз анҷоми дидор низ руасои ҷумҳурии ҳар ду кишвар аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ карданд. Вале дар ин дидор бархе аз мақомоти ду кишвар, аз ҷумла вузарои хориҷа, энержӣ ва раиси Ожонси мубориза алайҳи маводди мухаддири Тоҷикистон низ ширкат доштанд.
Соҳибназарон ҳадс мезананд, ки дар ин дидор умдатан ду мавзӯъ, яъне интиқоли нерӯи барқи тавлиди Тоҷикистон ба Афғонистон ва муборизаи муштарак алайҳи қочоқи маводди мухаддир баррасӣ шудааст. Зимнан, Тоҷикистон ба интиқоли нерӯи барқи тавлиди ин кишвар ба Афғонистон ва Покистон алоқаманд аст ва дар ин замина тарҳе бо номи “CASA-1000" аз сӯйи созмонҳои молии байналмилалӣ роҳандозӣ шудааст.
Қарор аст мавзӯъи ҳамкориҳои энержӣ ҳамчунин дар дидори Президент Раҳмон бо Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон, ки баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбе вориди Душанбе шуд, низ матраҳ шавад. Осиф Алӣ Зардорӣ ва Ҳомид Карзай ба манзури ширкат дар ҳамоиши раҳбарони чаҳор кишвар, яъне Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон вориди Душанбе шудаанд.
Ин ҳамоиш рӯзи ҷумъаи 2 сентябр баргузор хоҳад шуд. Интизор меравад, Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, низ имшаб вориди пойтахти Тоҷикистон шавад. Вале тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, қарор аст шоми имрӯз дар Пуғус, дар бӯстонсарои давлатии Тоҷикистон дар дараи Варзоб дидори ғайрирасмии раҳбарони Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон баргузор шавад.
Ҳарчанд мавзӯъоти мавриди баррасӣ дар ин дидор эълом нашудааст, вале соҳибназарон ҳадс мезананд, ки эҳтимолан ин се кишвар мехоҳанд мавзеъи муштараке дар мавриди иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ дар минтақа дошта бошад.
Ахиран дар мавриди иҷрои бархе аз тарҳҳои муштараки энержӣ дар минтақа сӯитафоҳумҳое буруз кардааст. Аз ҷумла, интизор мерафт, ки дар авоили моҳи гузашта Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон тавассути хутути ҷадиде, ки бо сармояи Бонки Осиёии Тавсеъа кашида шудаанд, оғоз кунад.
Вале ба далоили номаълум ин амр сурат нагирифтааст. Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки ҳоло дар бозори энержии минтақа Ӯзбакистон ва Туркманистон фаъол ҳастанд ва вуруди Тоҷикистон ба ин бозор бо нерӯи барқи арзон душвор хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти баландпояи Русия дар чанд маврид аз мавзеъи Ӯзбакистон дар мавриди тарҳҳои энержии минтақа пуштибонӣ кардаанд.
Би-Би-Си