ҶАЛОЛИДДИНИ МАҲМУД: “ҲАДАФИ МУХОЛИФОН ҶАНГУ ҲУКУМАТ НАБУД...” - qismati digar
Бори дигар мегӯям, ки то ҷое ман устод Тӯраҷонзодаро мешиносаму эҳтиром мекунам, ӯ аслан хостори идома додани ҷанг набуд. Баръакс, ӯ аз сиёсат бештар огоҳ буд. Дар идораи Қозиёт кор мекард, вакили Шӯрои олӣ буд ва аз ин ҷиҳат аз бозиҳо ва нозукиҳои сиёсӣ бештар хабар дошт. Устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ин нозукиҳоро назариявӣ мефаҳмид, аммо Тӯраҷонзода аз онҳо амалан бохабар буд. Фикр мекунам, ки агар ҷойҳои устодон Тӯраҷонзодаву Нуриро иваз кунем, ӯ ҳам гузашт мекард. Чун нафари аввал ҳамеша гузашт мекунад. Агар ҳадаф сулҳ кардан бошад, ҳатман бояд гузашт кунӣ. Тарафи ҳукумат ҳам гузаштҳои зиёд мекард, аммо он гузаштҳоро амалан иҷро накард. Агар онҳоро анҷом медод, нигарониҳои устод Тӯраҷонзода ҳам аз байн мерафт.
ДИДОР БО РАИСИҶУМҲУР. ГУФТУГӮ ДАР БОРАИ РИЗВОН
-То ҷое медонем, Шумо дар ҷараёни фаъолияти хеш дар Кумиссюни назорати оташбас чанд навбат бо раисиҷумҳур шахсан мулоқот доштед. Чӣ боис ба баргузории ин мулоқотҳо шуданд?
-Бори нахуст банда бо раисиҷумҳур дар соли 1996 мулоқоти як ба як доштам. 9-ум ё 10-уми октябри ҳамон сол овоза паҳн шуд, ки (баъдан тасдиқи худро ёфт) Ризвон вориди Тоҷикистон шудааст. Шоҳидон мегуфтанд, ки Ризвон дар сар тоқиву дар тан ҷомаи тоҷикӣ ҳамроҳи сардори Горди Миллии онвақта Ғаффор Мирзоев (Седой) дар хиёбонҳои шаҳр мегардад. Устод Нурӣ аз чунин ранг гирифтани кор сахт ранҷид, ки аз як тараф бо мо сулҳ карда истодаанду сулҳ ба марҳалаи ниҳоии худаш наздик мешавад, ҳолати имзо кардани он расидааст, аз тарафи дигар ба чунин корҳо даст мезананд.
Чун он вақт Ризвон ба душмани сарсахт ва ашаддии роҳбарияти мухолифин табдил шуда буд. Аз ин ҷиҳат устод Нурӣ худро аз музокирот ва мулоқот қафо кашид. Сипас, задухӯрдҳо дар ҷабҳаҳо шиддат гирифт ва Кумиссюни назорати оташбас натавонист, ки оташбасро таъмин кунад. Зеро қумондонҳо, вақте ба ҳарфи мо гӯш мекаранд, ки аз боло ишора мешуд. Ҳар сафаре, ки мо ба манотиқи таҳти контроли фармондеҳон анҷом медодем, пешопеш аз Теҳрон ё аз Толиқон таъкид мекарданд, ки Кумиссюн меояд ва онро эҳтиром кунед, ки хостаҳояшон сиёсӣ ва қонунӣ ҳастанд. Мо ризо ҳастем, Шумо низ қабул кунед.
Баъд моро ба хушӣ қабул мекарданд. Агар чунин супоришҳо аз боло (Теҳрону Толиқон) намешуд, кори мо чандон пеш намерафт. Ҳамин тавр, устоди шодравон дилмонда шуд ва ӯро ҳеҷ пайдо накарданд, на бо мухобира ва на бо ягон намуд алоқаи дигар. Аз ҷумла намояндаи СММ ва русҳо ҳам ӯро наёфтанд. Амирқул Азимов, ки дабири Шӯрои амният ва нозири фаъолияти Кумиссюни назорати оташбас буд, назди ман омада гуфт, ки раисҷумҳур мехоҳад мулоқот кунад. Онҳо бо ин умед пеши ман омаданд, ки шояд ман бидонам, устод дар куҷо аст. Дар сӯҳбатҳои ману раисҷумҳур ҳам фақат ҳамин масъала матраҳ буд, ки ман ҳар кореро, ки метавонам, анҷом диҳам, то устодро биёбам ва ба ӯ бирасонам, ки раисҷумҳур хостори мулоқот бо ӯст.
Бо вуҷуди он ки ман низ дар воқеъ намедонистам, ӯ дар куҷост. Ҳатто паспорт ҳам надоштам. Бароям ҳама васоили сафарро омода ва хоҳиш карданд, то устодро бикобаму биёбам. Эрон рав гуфтанд. Мо ҳам дар Теҳрон бо азобҳои зиёде устодро ёфтему паёми раисиҷумҳурро расонидем. Аз ин беш ман ҳеҷ сӯҳбате ҳам надоштаму ҳеҷ миссияи дигар ҳам. Ин мулоқот дар қасри раисиҷумҳур бо талоши Амирқул Азимов сурат гирифт.
Баъдан дар Маскав. Зимистон буд, ки он ҷо аз ҳарду ҷониб ҳам Муҳаммадсайид Убайдуллоеву Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба унвони раҳбари гурӯҳҳои музокиракунанда ширкат доштанд ва ҳам ва раисиҷумҳуру устоди марҳум. Боз ҳам як чунин сӯитафоҳумҳо пеш омаданд ва чунин вазъият пеш омад, ки ҷониби мухолифин музокиротро тарк мекунад. Шукурҷон Зуҳуров хоҳиш кард, ки паёми раисиҷумҳурро ба устод бирасонам. Раисиҷумҳур ҳам дар як сӯҳбати кӯтоҳе, ки бо ман анҷом дод гуфт, мо набояд аз ин нишаст бо дасти холӣ баргардем.
-Устод Нурӣ чӣ хел қабул карданд, ки Шумо миёнаравӣ мекунед?
-Устоди марҳум аз ин хушаш наомад. Аммо маҷбур будам, чун дар меҳмонӣ ва зери назорати ҳукумат қарор доштам. Як навъ таҳдид ҳам шуд аз ҷониби ҷаноби Азимов, ки чи хел мешавад ин хоҳишро рад кард, чун Шумо дар меҳмонхона ва таҳти назорати амнияти ҳукумат ҳастед ва раисиҷумҳур аз ман хоҳиш кард, ки бо кӯмаки Шумо бо Нурӣ мулоқот анҷом диҳад, чӣ гуна не мегӯед. Яъне, ин як навъ ишора ба таҳдид буд. Гуфтам устод мебахшед, аммо илоҷи дигар набуд ва мехоҳанд ҳамон мулоқоти қатъшударо аз нав барқарор кунанд. Устод гуфт ҳама азхудгузариҳо аз ҷониби мо сурат гирифта истодааст ва ҳамеша талоши вохӯрӣ карданро мо мекардем, ки аз ин корҳои мо ба истилоҳи тоҷикӣ ҷониби ҳукумат дигар маст шуду аз худ рафт. Омадани худат гувоҳи он аст, ки ниҳоят онҳо ин дафъа мехоҳанд мулоқот барпо шавад.
-Вақте бо раисҷумҳур сӯҳбат доштед, эҳсос мекардед, ки ӯ мулоқотро ҷиддан мехоҳад?
-Фикр мекунам, ки ҷиддан мехост. Чун ҳатто ба ман вохӯрӣ кардан хост ва ниҳоят ин ҳама сӯҳбатҳо анҷом ёфтанд. Вақте дар вохӯрӣ бо ман эҳтиёҷ дошта бошанд, пас, маълум аст, ки ҷиддан мехоҳанд ин вохӯрӣ сурат бигирад, аммо таҳи ин хостаҳо чӣ нуҳуфтааст, ман аз онҳо хабардор набудам.
НУРӢ МЕГУФТ, “ҶАНГИ МАН БАРОИ СУЛҲ АСТ”
Мегӯянд, ки дар масъалаи интихоби раиси КОМ низ баҳсҳои зиёде ба вуҷуд омада буд. Гӯиё ҷониби давлат ҳам намехост, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода роҳбари он бошад ва аз ҷаноби Нурӣ ҷонибдорӣ мекард. Барои чӣ?
-Гуфта наметавонам, ки ҳукумат дар ин бора як чизи ошкор ба касе гуфта бошад, ки раҳбар устод Нурӣ бошанд, на устод Тӯраҷонзода. Агар чунин сӯҳбатҳо шуда бошанд ҳам на расмӣ, балки маҳрамона анҷом ёфтаанд. Аслан чунин савол ҳам матраҳ набуд, ки устод Тӯраҷонзода раиси КОМ баргузида шаванд. Аммо мегуфтанд, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ як нафари мазҳабӣ аст ва мақоми болотар аз раиси Кумиссюни оштии миллӣ дошта бошаду аз худаш поён касе дошта бошад, ки ӯ раиси ин кумиссюн шавад. Дар сурате, ки раиси Кумиссюни оштии миллӣ бо мушкилу камбудҳо мувоҷеҳ шавад, устод битавонад, ки онҳоро аз байн бибарад. Вале агар худаш ба ин мақом ояд, дигар аз он ниҳоди болое нест, ки дар сурати пеш омадани камбудиҳо битавонад бартараф кунад. Ҳукумат ҳам албатта инро мехост, ки устод Нурӣ раҳбар бошад чун ӯ як шахси нармтабиат буд ва зиёд гузашт мекард. Чун ӯ аз аввал эълон карда буд, ки ҷанги ман барои сулҳ аст, на барои гирифтани ҳокимият.
МАРҲУМ ҲУМДИН ШАРИФОВ УЗР ХОСТ...
-Оё дар давоми фаъолият дар Кумиссюни назорати оташбас, ки хеле давраи мураккаб буд аз тарафи фармондеҳон таҳдид мешудед?
-Бале, ин гуна ҳодисаҳо хеле зиёд сурат гирифта буданд. Дар Теппаи самарқандӣ қумондонҳо Раҳмону Мансур фармоннораво шуда буданд. Онҳо нафарони сиёсӣ набуданд ва намефаҳмиданд. Нафарони эҳсосӣ буданд. Як бор мо рафтем ба назди онҳо, то ки насиҳат кунем. Вақте расидем, шоҳиди амалиёти густардаи нерӯҳои ҳукуматӣ бар зидди онҳо шудем (алайҳи Мансуру Раҳмон). Мо аз ин огоҳӣ надоштем. Дар пости аввали зери назорати нерӯҳои ҳукуматӣ боздошт карданд. Чун риш доштем, мавриди шубҳа қарор гирифтем. Хулоса, моро ҳамроҳи Юсуф Ҳакимов ҷудо карданд ва ошкоро гуфтанд, ки мошинро дигар тарафи теппа бареду тарконед, пас ба мо ишора карда ин ду нафарро дар дигар тараф парронед.
Он вақт муайян карда намешуд, ки онҳо аз вазорати дифоъ ё корҳои дохила буданд, чунки амалиёт муштарак сурат мегирифт. Ронандаро ба дигар самту моро ба самти дигар бурданд. Ягон ҳарфи зиёдатӣ ҳам намегуфтанд, ҷайбҳоро ҳам накофтанд. Моро дар болои БТР бурданд ба тарафи Роҳативу ба дасти дигар нафарон супориданд. Аз он ҷо ҳамроҳи маҷрӯҳон ба автобус шинонида ба Душанбе гусел карданд. Моро ин ҷо УВД-и шаҳр оварданд. Ба ошёнаи сеюм бароварданду баъд гуфтанд, ки шом Шуморо бурда дар Қӯрғонтеппа мепарронем.
Ронандаи моро он ҷо як нафар милиса, ки ҳамсояаш будааст, мешиносаду ба оилааш хабар мекунад. Оилаи ӯ рафта ба дафтари СММ муроҷиат мекунад. Чунки ӯ ронандаи онҳо буд. СММ ба ВКД муроҷиат мекунад, ки кӣ ин амалиётро гузаронида истодааст. Маълум шуд, ки ин амалиётро УВД-и шаҳри Душанбе доир кардааст. Давоми ин се-чор соате, ки интизори шом ва бурдани худ ба қатлгоҳ будем, пайдоямон карданд. Хулласи калом ёфтанду халос карданд ва бурданд назди вазири ВКД Ҳумддин Шарифов. Ӯ маъзарат хосту гуфт, бифаҳмед, ки ин як ҳолати ҷангӣ аст.
ҚУМОНДОНҲОИ “ГИЗАЛА”
-Шумо бо қумондонҳои ҳарду тараф сӯҳбатҳо меоростед. Кадоме аз он қумондонҳо бештар саркашу ба қавле “гизала” буданд?
-Дар самти поён ҳамин Раҳмону Мансур буданд, ки миёни мо ҳеҷ ҳамдигарфаҳмӣ ба амал намеомад. Дар боло бошад, бо ягон нафар аз қумондонҳои мухолифин мушкил надоштем. Як навбат Раҳмону Мансур мошини моро зада шикастанду ҳамроҳони моро гаравгон гирифтанд ва мо рафта хостаҳои онҳоро ба ҳукумат расонидему бароварда кардем. Сипас, бо мошини дигар рафта гаравгонҳоро аз онҳо бозпас гирифтем.
РИЗВОН НОФАРМОНӢ КАРДУ...
-Қумондонҳо ҳама аз як фармондеҳ итоат мекарданд ва ё ҳар нафари онҳо аз минтақаи худ дифоъ мекарданду касеро гӯш намекарданд?
-Як чунин таҷриба ҳам ба кор гирифта шуда ҳамаи нерӯҳоро зери назорати Ризвон супорида буданд. Ризвон аз худ рафту мухолифат ва нофармонӣ кард ва дарди сар шуд. Пас аз ин устод чунин тасмим гирифт, ки ҳар фармондеҳ дар алоҳидагӣ бо ӯ ҳамсӯҳбат шаванд, на ба воситаи якдигар. Вақте Мирзохӯҷа Низомро мехостанд, фармондеҳи кулли минтақа эълон кунанд, устод аз ин ранҷид, ки ӯ ҳам шояд ба як Ризвони дигар табдил шавад. Устод дастур дод, ки Муҳаммадрӯзӣ, Шайх ё Мирзохӯҷа Низом ҳар кадоме мустақим ба ӯ муроҷиат кунанд. Ҳарчанд онҳо нисбат ба ҳамдигар эҳтиром доштанд, аммо расман якдигарро итоат намекарданд.
ҲНИТ ВОРИСИ ИТТИҲОДИ НЕРӮҲОИ МУХОЛИФИН НЕСТ
-Аз имзои созишномаи сулҳ 14 сол гузашт. Ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ он таҳлил мешавад, вале назарҳо якранг нестанд. Оё фикр мекунед, ки воқеан мухолифин фиреб хӯрданд?
-Аввал ин ки ҳоло Иттиҳоди мухолифин аз байн рафтааст. Дуюм ин ки гурӯҳи Тамос ва гурӯҳи кишварҳои кафили сулҳ аз байн рафтанд. Онҳо кафолат дода буданд, ки дар сурати иҷро накардани шартҳо аз тарафи ҳукумат мо кафил хоҳем буд. Мо ҷавоб мегӯем гуфтанду дигар аз онҳо ному нишон боқӣ намондааст. Ҳозир агар як нафар аз собиқ мухолифин бо як мушкилии кӯчак гирифтор шавад, намедонад, ки ба кӣ муроҷиат кунад. Он нафарон куҷо шуданд, ки даъво мекарданд, агар ба сари ту мушкилӣ ояд мо ҷавоб мегӯем.
Иттиҳод пароканда шуд, дигар ҳар нафар чӣ коре, ки хост, дар танҳоӣ анҷом дод. Дигар нафаре пайдо нест, ки ин ҳамаро зери итоати худ дарорад. Ҳозир ҳукумат ҳам дигар ба фиреб кардан ҳеҷ ниёзе надорад. Бо роҳи зӯрӣ, бидуни фиреб ҳар нафареро, ки хост мегирад, маҳкам мекунад. Ҳоло дигар вориси Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсион расман ҲНИТ ҳам нест. Агар як нафар болои сараш мушкилӣ ояд, пеши кӣ равад? Пеши Ҳизби демократ, пеши ҲНИТ, «Лаъли Бадахшон”-у “Растохез”? Пеши кӣ биравад?
-Дигар тавозуни сиёсӣ ҳам риоя намешавад?
-Бале, як вақт тавозун буд. ИНОТ онро ҳифз карда натавонист, он аз байн рафт. Ҳозир оппозитсия оппозитсияи пешина нест. Дигарон пайдо шудаанд, шояд ягон нафар аз мухолифони собиқ ҳам ҳамроҳашон бошад. На пешинаҳо мехоҳанд онҳоро роҳбарӣ кунанд ва на ҳозираҳо мехоҳанд, ки аз пешинаҳо ягон нафарро роҳбар бидонанд.
АЗ СУЛҲ МИЛЛАТ БУРД КАРД, ВАЛЕ...
-Манзурам ин буд, ки ин сулҳсозиҳо бо гурӯҳи ҳоким ба ҳамин натиҷа овард, ки дигар гурӯҳи ҳоким ҳокимияти мутлақ дорад, ҳеҷ нерӯи дигарро писанд намекунад ва ин натиҷаи ҳамон сулҳ аст?
-Агар гурӯҳи ҳоким мудирияту таҷрибаи хуб медошт, мебоист сулҳи пешинаро мӯҳтарам медонист. Барои чӣ? Барои он ки шояд гурӯҳҳое пайдо шаванд ва боз нафари дигар ин ҷо лозим меояд, ки миёни онҳо сулҳ кунад. Яъне, дигар гурӯҳи нав мегӯяд, ки мо ба сулҳи ҷониби ҳукумат дигар бовар намекунем, чунки дидем натиҷааш ба чӣ анҷомид. Акнун тоза, вақте қонуни афвро қабул карданд, ба ин натиҷа расиданд, ки гурӯҳҳову афроди ҳамроҳ бо Маҳмуд Худойбердиев дар ҳаводиси водии Ҳисору Хуҷанд ширкатдошта ҳам шомили афв шаванд.
Дигар тоза эҳсос карданд, ки намешавад ҳамеша бо роҳи зӯриву саркӯбӣ ба ҳадаф расид ва амниятро таъмин кард. Маҷбур шуданд. Аз сулҳ дар маҷмӯъ миллати тоҷик бурд кард, аммо аз он истифодаи хуб карда натавонист. Сулҳро ҳамчун муқаддасот натавонистанд ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд, ки ҳар кӣ сулҳ мекунад чунин натиҷаҳо ва фоидаҳоро ба даст меорад. Баръакс, ба ҷаҳониён чунин муаррифӣ карданд, ки ҳарки сулҳ мекунад чунин зарарҳоро ба даст меорад.
Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»- << Қаблӣ
- Баъдӣ