15:24:51 02-уми Июни 2025 сол

ҶАЛОЛИДДИНИ МАҲМУД: “ҲАДАФИ МУХОЛИФОН ҶАНГУ ҲУКУМАТ НАБУД...”

Гуфтугӯ бо Ҷалолиддини Маҳмуд, узви раёсати Шӯрои сиёсии ҲНИТ ва собиқ раиси Кумиссюни назорати оташбас.

/images/stories/2011/09/01_jaloliddin-mahmud_1.9.2011.jpgҶалолиддини Маҳмуд, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва собиқ раиси Комиссияи назорати оташбас аз ҷониби мухолифин дар солҳои ҷанги дохилӣ. Дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. 51 сол дорад. Шӯъбаи иқтисоду савдои Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар соли 1988 хатм кардааст. Хидмати сарбозии даврони Шӯравиро дар Муғулистон анҷом додааст.

Аз солҳои 80-ум бо ҳаракатҳои исломӣ пайваст мешавад ва дар ҳалқаҳои динии он солҳо донишҳои исломии худро такмил медиҳад. Фаъолияти кории худро дар  “Таджиклифтремонт” ба ҳайси корманди техникӣ шурӯъ карда, баъдан дар Омӯзишгоҳи савдои шаҳри Душанбе ба ҳайси муаллим идома медиҳад.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Маскав паноҳанда мешавад ва сипас аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин масъулияти раёсати Комиссияи назорати оташбасро ба ӯҳда мегирад. То чанд муддат раёсати бахши минтақаии ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказро дар ихтиёраш мегузоранд. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Дар ҷараёни музокироти миёни ҷонибҳои сулҳи Тоҷикистон дар соли 1994 як Кумиссюни муштараки назорати оташбас ташкил карда шуд. Дар ҳоле ки дар кишвар ҷанг идома дошт ва намояндагони мухолифин таҳти таъқиб қарор доштанд на ҳар кас розӣ мешуд, ки вориди ин кумиссюн бишавад ва ба Тоҷикистон баргардад. Яке аз ин нафарон, ки дертар раёсати ин Кумиссиюн аз ҷониби мухолифинро бар дӯш дошт, Ҷалолиддини Маҳмуд буд.

-Интихоби Шумо ба ин вазифа чӣ гуна иттифоқ афтод?

-Моҳи ноябри соли 1994 буд. Дар шумори ҳазорҳо нафар ҳамватани дигар дар шаҳри Маскав дар ҳолати гурезагӣ ба сар мебурдам. Дар он ҷо дафтари ҲНИТ фаъолият мекард. Рӯзе устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ занг зада ва гуфтанд, ки як Кумиссюни назорати оташбас аз ҳарду ҷониб, яъне ҷониби ҳукумат ва мухолифин ташкил шудаасту чор нафар аз мо бояд шомили он бишаванд. Ду нафар аз Афғонистон омаданд. Ҳоҷӣ Музаффар Раҳмонов ва Муҳиддин Ҳасанов, ки дертар ҳардуи онҳо, дар ҷараёни кор дар ин кумиссюн - яке дар худи Тоҷикистон ва дигарӣ дар Афғонистон бе ному нишон ғайб заданд. Нафари севвум Саид Мухтор Мирзоев аз Маскав. Хулоса, маро аз Маскав даъват карданд, ки дар кори ин кумиссюн ширкат варзам.

Он се нафари дар боло зикршуда ду ҳафта пештар аз ман омада буданд. Маро аз Маскав Сафорати Тоҷикистон гусел кард ва  дар Душанбе ҳам истиқбол гирифтанд. Дар меҳмонхонаи Окятбр («Авесто»-и ҳозира) моро ҷой доданд. Ҳифозати мо ба ӯҳдаи русҳо (дивизияи 201-ум) вогузор шуда буд. Ҳоҷӣ Музаффар ҳамраиси кумиссюн буд. Корро шурӯъ кардем, аммо мушкили ноамнӣ вуҷуд дошт. Мушкили молӣ ҳам доштем. Дар Русия мо аллакай соҳиби нону шароити хуб ҳам шуда будем. Ба ҳамин минвол то омадани Кумиссюни Оштии миллӣ ба Душанбе бо роҳбарии устод Нурӣ дар ҳайати Кумиссюни назорат бар оташбас фаъолият кардам.

ШОГИРДИ УСТОД НУРӢ

-Номзадии Шумо танҳо пешниҳод шуд ва ё чанд нафар будеду аз ин миён худатон розӣ шудед ва ё дастур шуд, ки ҳатман Шумо биравед?

-Дар Маскав намояндагии ҲНИТ амал мекард ва муроҷиат ба дафтар шуда буд. Чун Афғонистон телефон надошт, устод аз Теҳрон тамос гирифта буд. Аслан ин кор бар ӯҳдаи устод Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, раҳбари ҳайати музокирот, гузошта шуда буд. Нафарони узви кумиссюнро мебоист он кас  пайдо мекарданд, чун зиёдтар дар Теҳрон буданд ва имкони иртиботи телефонӣ доштанд. Дафтари ҲНИТ танҳо намояндагии мухолифин дар Русия буд. Дигар ҳеҷ кадом мухолифини давлатҳои собиқ Шӯравӣ онҷо дафтари худро надошт. Чандин ҷаласаҳо баргузор шуд, аммо касе ин пешниҳодро ба ӯҳда намегирифт. Чун диданд, ки касе ба ӯҳда намегирад, аз мо ду-се маротиба талаб намуданд, то ба ӯҳдаи худ бигирем. Ман ба устод пеш ҳам наздик будам, шогирд ба ҳисоб мерафтам. Чун узви ҲНИТ будам, супоришро иҷро кардам.

-Яъне, Шумо шогирди ҳалқаҳои дарсии устод Нурӣ ҳастед?

-Бале ва ман ҳамеша дар раддаҳаи болоии ҳизб будам.

БАРХЕ ФАРМОНДЕҲОН ФАРМОНБАРДОР НАБУДАНД?

-Азбаски Шумо аз наздик бо фармондеҳон шинос будед, метавонед бигӯед, ки чаро гурӯҳе аз фармондеҳони мухолифин бо сулҳ созиш накарданд ва баъзе аз эшон дар замони ҷанг ҳам саркашу фармоннобардор шуда буданд?  

-Албатта, ин мушкилоти танҳо худи қумондонҳо набуд. Баъзе аз нафарҳои сатҳи сиёсиву роҳбарият ҳам дар аввал аз оқибати сулҳ дарки амиқ надоштанд, ки то ба куҷо он давом меёбад. Баъзе нафарони сиёсӣ ҳам сулҳро бо ин шаклу шева намехостанд, аммо дигар махфӣ монданд. Худи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин соли 1995 ташкил шуда буд. Дар аввал як номи муайян ҳам надошт. Як идеяро дар Афғонистон қабул карда буданд, ки на ҳама онро сарфаҳм мерафт ва роҳбарияти устод Нуриро дар аввал на ҳам қабул дошт. Қумондонҳо бо нафарони сиёсӣ алоқаи хос доштанд.

"УСТОД ҲАМ ШИФОҲӢ ВАЪДА МЕДОД..."

-Яъне ҳар қумондон як навъ раҳбари худашро дошту ҳама ба як нафар итоат карданӣ набуданд?

-Дар ибтидо ҳамин тавр буд. Кумиссюни назорат бар оташбас соли 1994 ташкил шуд. Чун ин намуд мушкилоту музокироту тақсимоти қудрат миёни ҳукумату мухолифин дар ҷаҳон зиёд иттифоқ афтодааст ва қумондонҳо ҳам ба воситаи расонаҳои хориҷӣ, хусусан радиоҳои “Озодӣ”-ву “Би-би-сӣ” бо оламиён робита пайдо карда буданд. Ҳамеша ҳукуматҳое, ки ғолиб омадаанд , гурӯҳҳоро оҳиста-оҳиста бо ҳар навъ аз байн бурданд.

Яъне қумондонҳо аз пеш омадани чунин сарнавишт ҳарос доштанд, зеро кафолатҳои мегирифтаашон шифоҳӣ буд, на хаттиву расмӣ. Як замонати комил надоштанд. Баъзе аз онҳо ба ин сулҳ бовар надоштанд. Устод ҳам даҳонӣ ваъда медод, ки Худо хоҳад ҳамааш ба хубӣ анҷом меёбад. Баъдтар маълум шуд, ки ин нигарониҳо ва нофаҳмиданҳо дар асл ҳам ҷой доштаанд ва тасдиқи худро ҳам ёфтанд. Баъзе қабулкардаҳо қурбон шуданд. Қабулнокардаҳо ҳам аз байн рафтанд.

Яъне, он нигарониҳое, ки ин созишҳо баъд аз муддате пароканда мешавад, тасдиқи худашро ёфт. Мо гурӯҳи Тамос ва гурӯҳи кишварҳои кафили иҷрои созишномаҳоро низ доштем. Бо омадани Кумиссюни оштии миллӣ онҳо аз байн рафтанд. Аммо чун мушкилот пеш меомад,  намедонистӣ, ки ба кӣ муроҷиат кунӣ. На тарафи ҳукумат, на тарафи мухолифин онҳоро (қумондонҳо) натавонистанд қонеъ кунанд, ки оқибати кор чӣ мешавад. Ахбор даҳон ба даҳон мерасид. То ба як қумондон расидани як амр он сад бор тағйир меёфт.

МУХОЛИФИН НИЯТИ ГИРИФТАНИ ҲУКУМАТРО НАДОШТАНД?

-Созишномаи сулҳ дар ҳоле ба имзо расид, ки мухолифин шарқи кишварро комилан зери итоати худ гирифта буданд. Дар Суғду Ҳисор ҳам тазоҳуроти эътирозӣ нисбат ба ҳукумати марказӣ сурат мегирифт. Дар худи шаҳри Душанбе низ мухолифин қувваи худро дошт. Пас, чаро ба як чунин созиш мухолифин ризоият доданд?

-Аз ҳамон даме ки мухолифатҳову тазоҳурот дар майдонҳо шурӯъ шуд ва ниҳоят задухӯрди мусаллаҳона оғоз ёфт, роҳбарияти мухолифин  нияти гирифтани ҳукуматро надошт. Дар аввал ин эътирозҳо алайҳи ҳукумати Қаҳҳор Маҳкамову Раҳмон Набиев буруз карда буд. То ба имрӯз роҳбарияти мухолифин бар ин ақида аст, ки ҷанги дохилӣ таҳмилӣ буд. Мо ҷанг кардан ва ҳукуматро гирифтан намехостем. Ба мо онро таҳмил карданд ва ҳамеша вазифаи мо дифоъ кардани худамон буд. Дар Афғонистон ҳам устоди марҳум мегуфтанд, ки ягона ҳадафи ман  бозгашт ба Ватан аст. На мақсади раҳбар шудан дорам ва на мақсади ҳукумат гирифтан.

Дар ҳар шароите, ки моро ба Ватан баргардонанд, мо розием. Рӯзҳои охир, вақте ки дар Маскав Созишнома ба имзо мерасид, хати пеши нерӯҳои ҷангии мухолифин дар фурудгоҳи кӯҳна буду дар Роҳи оҳану «сеюм база» задухӯрдҳо мерафт, ки ин хабарҳо, албатта, ба Маскав мерасиданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, устод ҳамеша таъкид мекард, ки барои ман ҳукумат даркор нест. Мақсад ба ватан ва хонаву дар баргардонидани муҳоҷирине аст, ки ба хотири мо ҳиҷрат кардаанд. Чанд фоиз ва ё кадом вазифаҳоро медиҳанд, муҳим нест. Муҳим пеши роҳи хунрезиҳоро гирифтан аст. Мақсад идома додани мубориза набуд.

-Фикр намекунед, ки мухолифин чандон дар майдони сиёсат обутоб наёфта буданд ва намедонистанд, ки оянда чӣ мешавад?

-Не, баръакс медонистанд. Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ҳарчанд дар сафи худ зиёиёну рӯшанфикрон низ дошт, аммо роҳбарият аслан афроди мазҳабӣ буданд. Онҳо медонистанд, ки ҷаҳони онрӯза омода барои қабули гурӯҳҳои мазҳабӣ дар сатҳи ҳукумат нест. Роҳбарияти мухолифин мегуфтанд, ки ин ҳама муборизаҳои мо то ба даст овардани сулҳ идома хоҳад ёфт.

ТӮРАҶОНЗОДА МАВҚЕИ ДИГАР ДОШТ...

-Вақте тавофуқ шуд барои бозгашти роҳбарияти мухолифин аз хориҷи кишвар, чаро роҳбарони сатҳи аввал Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода баробар наомаданд?

Агар аҳамият дода бошед, дар худи музокираҳо ҳам мавқеи устод Тӯраҷонзода як зарра дигар буд. Вақте дар бораи афв миёни тарафҳо музокира шурӯъ шуд ва гӯиё, ки ба як натиҷа расиданд, устод Тӯраҷонзода мегуфт, ки «ман ҷавоби қонеъкунанда нагирифтам аз ҳукумат. Онҳо метавонанд, ҳамаи моро зери он моддаҳои ҷиноӣ биоваранд. Дар ҳоле ки ду тарафи ҷанг аст ва аз ду тараф сулҳ мешавад, пас, барои чӣ бахшиш яктарафа мешавад. Мо тарафи ҳукуматро на дар кадом сатҳ, балки комилан бахшидем ва мо нагуфтем, ки моддаҳое дорем, ки ин нафаронро намебахшем.

Пас, бояд тарафи дигар ҳам чунин кунад». Устод Тӯраҷонзода ба тақсими сифоизаи ҳукумат низ бовар надошт ва мегуфт, ҳоло механизми ташкил ва иҷрои он тартиб дода нашудааст. Ваъда шуда буд, ки механизми онро Кумиссюни оштии миллӣ рӯшан мекунад. Ҳочӣ Акбар Тӯраҷонзода мегуфт, ки то ин Комиссия (КОМ) корро шурӯъ мекунаду мустақар мешавад, умри ҳукумати сифоизаи мо, ки ҳамагӣ як солу нӯҳ моҳ - ду сол аст, ба охир мерасад. Фурсат тамом мешавад. Мегуфт, ки биёед ин тақсимотро дар хориҷи кишвар ва қабл аз ворид шудан ба ватан анҷом диҳем. Яъне, ҳамин гуна нигарониҳо дошт устод Тӯраҷонзода.

МУХОЛИФАТИ ҲУКУМАТ РАСМӢ НАБУД

-Ба ҳар сурат зери Созишнома имзо монданд, аммо чаро ин ду нафар ҳамроҳ бо як тайёра барнагаштанд? Мегӯянд, ки ҳукумат махсус ташкил кард, ки ҷаноби Нурӣ бидуни ҷаноби Тӯраҷонзода вориди Душанбе шавад...

-Дуруст, аммо устод Тӯраҷонзода узви Кумиссюни оштии миллӣ набуд. Дар аввал Кумиссюни оштии миллӣ бояд меомад. Чунин фикрҳо ҳам буданд, ки роҳбари кумиссюн устод Нурӣ набошад, устод Тӯраҷонзода ё ягон нафари дигар бошад. Дар марҳилаи аввал устод Тӯраҷонзода мегуфт, ки чун Созишномаи сулҳро имзо ва дар ҳар ҳамон шакл бовар кардед, биравед, ман ҳоло ба ин бовар надорам.

-Яъне ин тасмими шахсӣ буд ва ҳукумат мухолифат ба бозгашти эшонро  надошт?

-Ҳукумат мухолифат дошт. Аммо мухолифат, мухолифати расмӣ набуд, чун расмӣ чизе гуфта намешуд. Аммо устод Тӯраҷонзода худаш шахсан омадан намехост, чунки нобовариҳо дошт. Агар мухолифат мекард, ҳамин Кумиссюни оштии миллӣ ҳам омада наметавонист. Мегуфт, ки ман ҳоло инҷо хоҳам монд, то шароит ва баъзе чизҳоро биомӯзам ва баъд меравам. Аммо тавре вонамуд карданӣ шуданд, ки ӯ ба сулҳ розӣ нест, як нафари ҷангҷӯ аст, ки дигар дертар ҳам бошад, омад.

ИХТИЛОФИ МИЁНИ ТӮРАҶОНЗОДА ВА НУРӢ БАР САРИ ЧӢ БУД?

-Аслан ихтилофи миёни ҷанобон -- Нурӣ ва Тӯраҷонзода буд, бар сари чӣ буд ва оё он нигарониҳое, ки ҷаноби Тӯраҷонзода дошт, баъдан собит шуд ё хайр?

Ихтилоф миёни ин ду нафар назарӣ буд. Барои мисол устод Нурӣ ба устод Тӯраҷонзода мегуфт, ки биё, вуҷуди физикии ту дар Тоҷикистон муҳим аст, биё, ҳамроҳи мо, канор нагир. Он нафароне, ки роҳбариашонро ба ӯҳда дорӣ намефаҳманд, миёни онҳо нофаҳмиҳо рух медиҳад, ҷаҳониён ҳайрон мешаванд, биё, ҳадди ақал дар хонаи худат нишин. Бо он ҳама норозигиҳое, ки дошт устод Тӯраҷонзода омад. Бо назардошти мушкилоте, ки баъдан болои иҷрои Созишномаи сулҳ, ҷонибдорони як тарафи сулҳ омад, дигар инкор ҳам карда намешавад, ки он нигарониҳое, ки Тӯраҷонзода дошт, ҷой надошта бошад.

"ҲУКУМАТ ГУЗАШТҲО КАРД, ВАЛЕ АМАЛАН ИҶРО НАНАМУД"

-Яъне ба ҳар сурат Тӯраҷонзода ояндаро хубтар дарк карда буд ва медонист, ки дар ояндаҳо бо чи мушкилоте мухолифин мувоҷеҳ хоҳанд шуд?

-Аслан  устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ як шахси хушбин (оптимист) буданд. Устодон Ҳимматзодаву Тӯраҷонзода оптимист набуданд. Бо гузашти 14 сол аз замони имзои Созишномаи сулҳ ҳанӯз ҳам баъзе ҷузъиёту баъзе пӯшидагиҳои он баъди 40-50 сол ва бо омадани дигар ҳукуматҳо ошкор мешавад. Мақсади Тӯраҷонзода идома додани ҷанг набуд. Ҳам ӯ ҳам марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо роҳи сиёсӣ баргаштан мехостанд. Устод Тӯраҷонзода бар ин назар буд, ки баъзе замонат ва имкониятҳоро зиёдтар ба даст овардан мумкин аст, саросема шудан даркор нест. Аслан бигирем, шартгузор ҷониби мухолифин буд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854