01:00:30 02-уми Июли 2025 сол

МАНЪИ ФАЪОЛИЯТИ ЯК СОЗМОНИ АМРИКОӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолияти созмони Амрикоии “Адра Интернешнл” дар Тоҷикистонро мамнӯъ кард. Ин созмонро Вазорати адлияи Тоҷикистон ба таблиғоти ғайримуҷози мазҳабӣ муттаҳам карда буд. 

Давлат Сулаймонов, раиси бахши сабти номи аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Вазорати адлияи Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 7 август ба Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран додгоҳи ноҳияи Сино пешниҳоди ин вазоратхона барои манъи фаъолияти “Адра Интернешнл”-ро пазируфтааст. Додгоҳ дар мусаввабаи худ зикр кардааст, ки “Адра Интернешнл” алорағми ойинномаи худ ба таблиғоти ойини масеҳӣ машғул буда ва ба ин тартиб қонунҳои Тоҷикистонро нақз кардааст.

Аммо масъулони созмони “Адра Интернешнл” ин иддаъоро бепоя мехонанд. Масъулони дафтари ин созмон дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ки аз ин ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба додгоҳи истинофӣ шикоят хоҳанд бурд.

Созмони Амрикоии “Адра Интернешнл” аз даҳ сол пеш ба ин сӯ дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва умдатан ба ироаи кумакҳои башардустона машғул аст. Ҳамчунин, ба гуфтаи масъулони “Адра Интернешнл”, ин созмон барои омӯзиш додани забони инглисӣ ва компютер ба кӯдакон аз хонаводаҳои фақир давраҳое ташкил мекард.

Зимнан, дар чанд соли ахир фаъолияти бархе аз созмонҳои имдоди байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ки дар канори фаъолиятҳои башардӯстона ба таблиғи дини масеҳият низ машғул мешаванд, ба мавзӯъи доғе дар ҷомеъа табдил ёфтааст.

Бархе манобеъ мегӯянд, ки дар пайи фаъолияти чунин созмонҳо ҳудуди 180 ҳазор аз сокинони ин кишвар, ки дар гузашта пайравони ислом буданд, ба масеҳият гаравидаанд. Вале ин омор расман таъйид нашудааст.

Давлат Сулаймонов мегӯяд, ки “Адра Интернешнл” дар соли ҷорӣ дастикам севумин созмонест, ки фаъолияти он ба иттиҳоми мушобеҳ манъ мешавад. Дар авохири моҳи гузашта додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолияти созмони олмонии “Алянс Мишн”-ро ба ҳамин далел манӯъ кард.

Вазорати адлияи Тоҷикистон ин созмонро ба ташкили урдӯгоҳҳои тобистона барои кӯдакон ва таблиғи масеҳият дар миёни онҳо муттаҳам карда буд, ҳарчанд манобеъи ин созмон ин иттиҳомро радд мекунанд. Танҳо созмоне, ки тавонист баъд аз баррасӣ дар додгоҳ ба фаъолияти худ идома диҳад, созмони байналмилалии хайрияи «Ора интернешнл» мебошад.

Соли гузашта додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо дархости Вазорати адлия фаъолияти ин созмонро ба иттиҳоми таблиғоти ғайримуҷози мазҳабӣ барои се моҳ мутаваққиф карда буд. Ин вазорат мехост, ки фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон ба сурати доимӣ мутаваққиф шавад. Вале масъулони «Ора интернешнл» ба додгоҳи истинофӣ шикоят бурданд ва муваффақ шуданд, ки бо Вазорати адлияи Тоҷикистон созишномаи оштӣ имзо карда ва аз ҳаққи идомаи фаъолият дар ин кишвар бархурдор шуданд.

Вале талошҳои созмони масеҳии “Шоҳидони Яҳува” барои дарёфти иҷозаи муҷаддад барои фаъолият бенатиҷа монданд. Масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин созмонро ба нақзи қавонини ин кишвар муттаҳам карда буданд ва додгоҳи низомии Душанбе фаъолияти онро мутаваққиф кард.

Дар ҳамин ҳол, Давлат Сулаймонов хабар дод, ки Вазорати адлияи Тоҷикистон алайҳи созмони бритониёии мавсум ба “Стар" (Ситора) ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурдааст. Ин созмон маъмулан ба ташкили давраҳои омӯзиши забони инглисӣ дар шаҳри Душанбе машғул буд.

Вазорати адлия ин созмонро ба фаъолиятҳои “берун аз ойиннома” ва саркашӣ аз ироаи гузориш дар бораи фаъолиятҳои худ ба ин вазоратхона муттаҳам мекунад. Вазорати адлия пешниҳод кардааст, ки фаъолияти “Стар" (Ситора) дар Тоҷикистон манъ шавад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ