11:04:53 01-уми Июли 2025 сол

"ФУРУДГОҲИ АЙНИРО БА КАСЕ РОЙГОН НАМЕДИҲЕМ"

Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, ки музокирот бо Русия бар сари пойгоҳи Айнӣ аз соли 2008 ба ин сӯ идома дорад. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамрохон Зарифӣ, субҳи душанбеи 18-уми июл зимни як нишасти матбуотӣ баён дошт, ки гуфтугӯҳо дар ин замина танҳо дар сатҳи коршиносон анҷом шуда ва ҳайатҳо дар ин маврид вориди ҳеҷ гуна гуфтугӯ нашудаанд.

/images/stories/2011/07/18_zarifi_56754545.jpgВазири умури хориҷии Тоҷикистон афзуд, кишвараш бе ҳеҷ ваҷҳ фурудгоҳи низомии Айниро дар ихтиёре ҳеҷ кишваре ба таври ройгон нахоҳад гузошт. "Сарзамини Тоҷикистон моликият ё сармояи падарӣ ё бобоии вазири корҳои хориҷӣ ё вазири мудофиа нест. Он арзиш дорад. Аз ин лиҳоз, агар ин расонаҳо фикр кунанд, ки тамоми маснуот бояд ройгон бошад, мо ҷавоб мегӯем, ки дар ин ҳолат дар бораи бе музд истифода бурдани сарзамини Тоҷикистон ҳоҷати гап нест",-афзуд ӯ.

Ҷаноби Зарифӣ дар мавриди шартномаи марзӣ бо ҷониби Русия гуфт, ки он омодааст ва эҳтимолан дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон дар авоили моҳи сентябри соли ҷорӣ ба имзо бирасад.

Тоҷикистон бо Русия феълан муносиботи хуберо пушти сар намекунад ва иллати сардии муносиботи ду ҷониб ба гуфтаи коршиносон, ҳосил нашудани тавофуқ бар сари саҳмияҳои нерӯгоҳи ниматамоми Роғун, истифодаи пойгоҳи Айнӣ ва баҳси ҳузури русҳо дар ҳимояи марзҳо ва мухолифати Душанбе ба он мебошад.

Ҳамчунин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бунёди пойгоҳи низомии Амрико дар Қаротоғро рад карда ва гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида дар ин маҳал барои низомиёни тоҷик таълимгоҳ бунёд мекунад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ