ИКҲ ТАҲДИДҲОИ ЭҲТИМОЛИРО БАРРАСӢ МЕКУНАД
Дар сурати таҳдид ба амнияти Тоҷикистон мамолики узви Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд (ИКҲ) ба ин кишвар кумак хоҳанд кард. Ин матлабро женерол Александр Синайский, Дабири Шӯрои вазирони дифоъи ИКҲ рӯзи чаҳоршанбеи 13 апрел дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе иброз дошт.

Вай гуфт, ки кишварҳои узви ин созмон дар мавриди даргириҳо дар водии Рашти Тоҷикистон дар тирамоҳи соли гузашта ва имкони такрори чунин ҳаводисе дар оянда итттилоъ доранд. Аз ин лиҳоз, ба гуфтаи женерол Синайский, мамолики минтақаи Осиёи Марказӣ ва ИКҲ омодаанд дар сурати зарурӣ ба Тоҷикистон дасти кумак дароз кунанд.
Аммо ӯ аз шарҳи ҷузъиёти ин гуна кумакҳо ва имкони ирсоли нерӯҳои кишварҳои узви ин созмон ба Тоҷикистон ба ҳангоми пайдо шудани таҳдид барои амнияти ин кишвар худдорӣ кард. Дар ҳамин ҳол, як тан аз ширкаткунандагони ин ҳамоиш, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, зимни тавзеҳи ин матлаб гуфт, "рӯшан аст, ки низомиҳо кумаки башардӯстона ироа намекунанд, ин гуна кумакҳо ҷанбаи низомӣ хоҳад дошт."
Зимнан, рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи раҳбарони ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ИКҲ дар шаҳри Душанбе бар зарурати басиҷи талошҳо барои муқобала бо таҳдидҳои муъосире чун терурисм, бунёдгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир таъкид шуд.
Дар ин замина ба ҳодисаи инфиҷор дар метруи шаҳри Минск, пойтахти Белорус, дар рӯзи душанбеи 12 апрел ишора шуд, ки бар асари ин ҳодиса 13 нафар кушта ва беш аз 160 нафар захмӣ шудаанд. Ширкаткунандагони ин ҳамоиш гуфтанд, ки алайҳи таҳдидҳои ҷадид бояд бо силоҳу фанновариҳои муъосир ва роҳу усули тоза муқобала кард.
Аз ҷумла, дар назар аст дар солҳои 2011-2012 теъдоди тамриноти муштараки низомӣ бештар ва ба навъҳои он афзуда шавад. Масалан, дар канори тамриноти умумии низомӣ ва дифоъи ҳавоӣ дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд тамриноти дифоъи мушакӣ ва таъмини амалиёти низомӣ низ баргузор хоҳад шуд.
Дар ин нишаст Тарҳи тавсеъаи системи муштараки нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ИКҲ тасвиб шуда, масоили марбут ба фаъолияти Системи воҳиди шинохти радиолокасиюнии мавсум ба “Парол”, иҷрои Консепсиюни системи воҳиди иттилоъотии марбут ба нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ИКҲ ва таъсиси Системи воҳиди таъминоти нақшабардорӣ ва навигатсионӣ матраҳ гардид.
Дар ҷаласаи раҳбарони ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ИКҲ дар шаҳри Душанбе ба далоили номаълум ҳайъати Ӯзбакистон ширкат надоштааст.
Би-Би-Си