03:23:55 03-уми Июни 2025 сол

МУКОЛАМАИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОНУ АМРИКО

Имрӯз дар шаҳри Душанбе муколамаи сиёсии солонаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад. Ба ин манзур Роберт Блейк, ёвари вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ ба Душанбе омадааст.

/images/stories/2011/04/11_sdsfsfsgdgfdf.jpgАмният дар Осиёи Марказӣ, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, масоили демократисозӣ дар Тоҷикистон аз масоили аслии баҳс дар ин муколама хоҳад буд. Роберт Блейк, мақоми баландпояи Амрико гуфтааст, масоили озодиҳои мазҳабӣ ва матбуоти мустақилро бо мақомоти Тоҷикистон дар миён мегузорад, ки барои ин ду масъала давлати кишвар мавриди интиқоди созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтааст.

НИГАРОНӢ АЗ СУРЪАТ ВА САМТИ ТАҲАВВУЛОТИ СИЁСӢ

Роберт Блейк, рӯзи 10-уми март зимни гузориш ба зеркумитаи умури Аврупо ва Авруосиё дар конгресси Амрико, Тоҷикистонро кишвари фақир ва “осебпазир” бо ҳамсояи ноором хонд ва гуфт, сиёсати Амрико дар қиболи кишвар, кӯмак дар ҳифзи субот ва фароҳам кардани шароит барои рушди иқтисодиву демократӣ аст.

Ӯ ба вакилони мардумии Амрико гуфт, кишвараш бо кӯмакҳо молӣ ба Тоҷикистон дар амри беҳбуд бахшидан ба фаъолияти ниҳодҳои ҳифзи тартибот ва қонун, тақвияти нерӯҳои марзбонӣ, беҳбуди амнияти ғизоӣ, арсаи беҳдоштӣ ва маориф ва мудирият дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Роберт Блейк ҳамзамон гуфт, ҳукумати Амрико мавқеъашро дар баробари шароити сармоягузорӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои мазҳабӣ рӯшан кардааст ва Амрико “аз суръат ва самти таҳаввулоти сиёсӣ” дар Тоҷикистон ва аз ҷумла маҳдудияти озодиҳои мазҳабӣ ва озодии матбуот нигарон аст. Роберт Блейк гуфт, Амрико дар муколамаҳояш бо Тоҷикистон пайваста ин масъалаи муҳимро бо мақомоти Душанбе дар миён хоҳад гузошт.

ИМЗОИ ЁДДОШТИ МУҲИМИ ҲАМКОРӢ

Як ҳафта пеш аз ин муколама, раиси ҷумҳури Тоҷикистон тарҳи Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири кишвар бо ниҳоди шабеҳи вазорати адлияи Амрикоро тасвиб кардааст. Бар асоси ин санад, маъмурони амниятии Тоҷикистону Амрико метавонанд, барои ошкор кардан ва баҳам задани гурӯҳҳои созмонёфтаи қочоқбар ҳамроҳ амалиёт анҷом диҳанд.

Санади мазкур ҳамчунин ба мақомоти мубориза бо маводи мухаддири Амрико ва Тоҷикистон иҷоза медиҳад, бо ҳам табодули иттилоъ кунанд ва амалиётҳои фаврӣ ҷустӯҷуӣ анҷом диҳанд. Тоҷикистон ҳамсоякишвари Афғонистон аст, ки бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854