22:11:10 02-уми Июни 2025 сол

АМИРҚУЛ АЗИМОВ: "БАСТАНИ ҲНИТ МАТРАҲ НЕСТ"

"АЛИИ БЕДАКӢ САХТ ЗАХМӢ ШУД"

-Баъд аз он ки Алии Бедакӣ кушта шуд ва аз тариқи телевизион дар ин бора маълумот нашр шуд, навори видеоие дар сайтҳо ба сайр даромад, ки Алии Бедакӣ пеша аз кушта шуданаш мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Фикр мекунед, нашри ин навор кори дасти кӣ буда метавонад ва то куҷо он воқеӣ аст?

-Ман худам шоҳид будам, ки дар кадом ҳолат ва дар куҷо Аловиддин Давлатов, яъне Алии Бедакӣ дастгир шуд.

-Зинда?

Амиркул Азимов-Зинда. Вай аз силоҳи вазнин захмӣ шуда буд. Амалиёти доиркардаи нерӯҳои муштараки амниятии зиддитеррористии мамлакат, инро бидуни тавсиф мегӯям, бисёр ҳам бобарор ва муваффақ баргузор шуд. Азбаски супориши қатъии роҳбари мамлакат буд, ки мардум зарар набинанд. Ин амалиёт бисёр ҳам ба таври нозукона сурат гирифт.

Вақте мо он ҷо будем, дар яке аз газетаҳо матлабе чоп шуда буд, ки гӯиё дар дараи Камароб дар натиҷаи гузаронидани амалиёти гурӯҳҳои муштараки давлатӣ чандин хонаҳои мардум осеб дида бошад. Ман худам шоҳидам, имрӯз дараи Камароб боз аст, ҳамонҳо рафта бинанд, ки ягон дарахти мардум ё ягон хонаи алоҳида зарар дидааст ё не? Не, зарар надидааст. Чунки амалиёт бисёр ҳам бо таҳлили ҳаматарафа гузаронида шуданд. Амалиёт замоне шурӯъ шуд, ки маълум гардид, гурӯҳи Алии Бедакӣ дар куҷост ва дар куҷо пинҳонанд.

Сохторҳои махсус онҳоро пайгирӣ карданд ва азбаски он ҷо ҷои аҳолинишин буд, ба хотири он ки ягон фоҷеа бар сари мардум наояд, ҳама ба он минтақа рафтем. Амалиёт дар назди чашми мо сурат гирифт. Он гурӯҳ дар як болохона ҷойгир шуда буд ва, албатта, мо ҳам он деҳа ва ҳам он болохонаро муҳосира кардем. Соҳиби он хонаро пайдо ва бо вай сӯҳбат кардем.

Он одам дар қайди ҳаёт аст, хуб медонад ва ба ӯ гуфтем, ки биравад ва ба он гурӯҳ бифаҳмонад, ки ба хотири он ки хун нарезад, ба хотири он ки ягон кас талаф наёбад, мо мехоҳем, онҳо силоҳҳоро бисупоранд. Он одам ба назди онҳо рафт ва мо ҳама ҳаракатҳои ӯ ва худи он хонаро мушоҳида мекардем. Баромад ба назди онҳо, гуфтугӯ кард ва поин шуд.

Дастурхон бурд, чой бурд, мо ин ҳамаро медидем. Пас аз тақрибан чиҳил дақиқа ва ё шояд бештар баргашта омаду гуфт онҳо ҷиҳод карданианд ва намехоҳанд, ки силоҳҳоро бисупоранд. Пас аз ин мо боз вақт додем. Гуфтем, ки вақт медиҳем, бигузор фикр кунанд. Бигузор нигоҳ кунанд ва бубинанд, ки оё ягон ҷои баромадан доранд ё на?

Якчанд дақиқа гузашт, онҳо оташ кушоданд. Оташ ба хотири он буд, ки барои худ долони раҳоӣ боз кунанд. Онҳо фикр карданд, ки аз паси ҷарии пушти манзил раҳо меёбанд. Лекин аз паси он ҷарӣ ду ҳалқаи дигари муҳосира ташкил ёфта буд. Мо ҳамаи ҳолатҳоро ба назар гирифта будем.

Вақте онҳо тирпаррониро сар карданд, амалиёт оғоз ёфт. Як нафар дастонашро боло бардошта аз байнашон берун омад. Силоҳашро гузошт ба замин. Мо гуфтем роҳ кушоянд, бигзарад. Наздикии блок-пост омада, якбора ду гранатаро ба тарафи сарбозон партофт. Хуб шуд, ки сарбозон дар пастӣ қарор доштанд, осеб надиданд, вале ӯ нобуд карда шуд.

Аловиддин аз силоҳи вазнин захм бардошт ва азбаски ҳолаташ бисёр вазнин буд, мо дастур додем, ки зудтар ба беморхона баранд. Зеро ӯ барои мо зинда лозим аст. Аз онҷо то касалхона якчанд километр аст. Баданаш шикоф шуда буд. Ба фикрам, охирин нафасҳоро мекашид. Чунки вақте дар мошин шинониданд, рангаш парида буд ва дар ҳолати пеш аз маргӣ қарор дошт. Бо ҳамин бурданду дар роҳ тамом шуд. Ин ҳақиқати он ҳодиса аст.

"ЗИНДАИ АЛӢ ЛОЗИМ БУД, НА МУРДАИ Ӯ"

-Пас, он навори паҳншуда дар сайтҳо нодуруст аст?

-Он навор воқеӣ намебошад. Чи хел гирифта шудааст, ба мо маълум нест.

-Дар он навор ӯро мисле, ки кормандони амниятӣ пурсиш мекунанд ва Шумо онро тафтиш накардед, ки он воқеият дорад?

-Не. Як мантиқ ҳаст. Вақте ҷинояткорро дастгир мекунанд, барои сохторҳои қудратӣ зарур аст, ки он ҷинояткорро пурсанд, ки сабаби ба ин кор даст заданаш чӣ аст? Кӣ бо вай ҳамкорӣ мекард, кӣ ҳамроҳи вай буд, аз куҷо ба чунин роҳ рафтааст? Сохторҳои ҳукуматӣ мехоҳанд, ки зинда дастгир кунанд, чун вай зинда лозим аст. Барои мо зиндаи Алӣ лозим буд, на мурдаи ӯ. Аз ин рӯ, он фикр, ки ӯро сохторҳои қудратӣ аввал зинда дастгир карда, баъд несту нобуд карда бошанд ба ҳақиқат дуруст намеояд. Дар он ҷо як кас набуд. Даҳҳо нафар шоҳиди ин ҳодиса буданд. Мардуми деҳа низ ин ҳамаро дида истода буданд.

-Шумо гуфтед, ки ҳоло водии Қаротегин ором аст, субот барқарор шудааст. Аммо гуфта мешавад, ҳанӯз ҳам дар он ҷо сарбозони зиёде дар бархе аз навоҳии водии Қаротегин мустақар шудаанд, ки гуфта мешавад як навъ ваҳму воҳимаро ба вуҷуд овардааст. Ин минтақа ҳанӯз ноамн аст ва ё ин ки дар онҷо баъзе аз воҳидҳои низомӣ ташкил мешаванд?

-Баръакс, гуфтаниям, ки имрӯз мардум ба озодӣ даст ёфтаанд. Кош, ягон таҳлилгар пеш аз ин ҳаводис ва имрӯз сафар мекард ба он минтақа ва муқоиса мекард. Ман дар назар дорам навоҳии Нуробод, Тоҷикобод ва Раштро ва ӯ бо чашми худ аҳвол ва зиндагии мардумро медид. Имрӯз фарқият аз замин то осмон аст. Мардум ба пуррагӣ бо сохторҳои амниятӣ ҳамкорӣ карданд.

Имрӯз хурсанданд, ки сохторҳои қудратӣ дар он ҷо пойгоҳ доранд. Вале аз тарафи дигар дар он ҷо қувваҳои бисёр мустақар нашудаанд. Азбаски водии Қаротегин аз водиҳои сарҳадӣ ва кӯҳсор аст, мо бояд ба назар гирем, ки чун як дараи кӯҳсор боз ба сад дара тақсим мешавад ва ин воқеаҳо нишон дод, ки агар мо ин кӯҳсорро аз қуввҳои берунӣ ҳифз накунем, оқибати он хуб нахоҳад буд.

Ба ҳамин хотир дар нуқтаҳои зарурӣ, ки нуқтаҳои куҳӣ мебошанд, барои дар оянда такрор нашудани чунин ҳодисаҳо ва ҳамчунин аз хориҷи мамлакат ба ин минтақа ворид нашудани ҳар гуна гурӯҳҳои ҷиноятпеша мо якчанд нуқтаҳои ҳарбиро дар онҷо ташкил кардем, ки ин ба амнияту суботи мардум, ба пешравии ҷомеа на ин ки хатар, балки ҳамовозӣ дорад.

Мардум аз он ки дар ин водӣ сохторҳо ташкил шуд, нороҳат нестанд. Баръакс хурсанданд. Имрӯз мардум аз ваҳму биме, ки онҳоро пахш карда буд, баромад. Имрӯз мардум тӯй дорад. Он анъана ва расму русуме, ки мардуми тоҷик дорад дар он рӯзҳо дар он минтақа баргузор намешуд. Мардум зери хатар, зери ваҳму ҳар гуна овозаҳо қарор дошт. Ҳоло ин овозаҳо аз байн рафт, нест. Ман бо қотеият мегӯям, ки имрӯз хатар нест.

-Оё дар амалиёти маҳви он гурӯҳҳо Мирзохӯҷа Аҳмадов низ иштирок дошт?

-Албатта, ҳар як гурӯҳ дар пайдо кардан ва нобуд кардани гурӯҳҳои ҷинояткор, бо ҳар роҳу восита саҳм гузоштанд.

"БОЯД АЗ РУСИЯ МИННАТДОР БОШЕМ"

-Дар бораи идомаи ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон ҳар гуна сару садоҳо мешавад. Ба ҳар сурат, идомаи ҳузур ё будани низомиёни Русия дар кишварро чӣ гуна диданӣ ҳастед: оё ин шароите, ки то ҳоли ҳозир ҳаст боқӣ бимонад ё бознигарӣ шавад?

-Дар шароити кунунӣ будани пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон муҳим аст. Ин яке аз омилҳои оромии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа аст. Будани онҳо ба Тоҷикистон зарар надорад. Мо бояд аз русҳо миннатдор бошем, ки чандин сол марзи моро посбонӣ карданд. Дар ин давра онҳо кадрҳои марзбони моро низ тарбия намуданд. Пас аз рафтани нерӯҳои марзбони Русия гурӯҳи баландпояи мушовирони он дар ин ҷо мустақар шуданд, ки ҳамчун мушовир хидмати худро ба хубӣ анҷом доданд.

Имрӯз низ ҳастанд. Вақте дар бораи будан ё набудани онҳо сӯҳбат мекунем, бояд ҳаматарафа фикр кунем. Мо дар вақти ҳифзи ватан аз кадом силоҳ истифода мекунем? Бо силоҳи истеҳсоли Русия. Пас, он мушовирон доир ба истифодаи ин яроқ ва доир ба тактикаи ҷангӣ ба марзбонҳои мо кӯмак мекунанд. Будани ин мушовирон ба Тоҷикистон зарар надорад. Имрӯз нерӯҳои марзбони Тоҷикистон тамоми марзи кишварро зери назорат доранд. Албатта, камбудҳои молӣ ҳаст. Бо вуҷуди ин, марзбонҳо дар кадом минтақае, ки набошанд, вазифаи худро содиқона анҷом медиҳанд.

"ИҒВОГАРӢ БА КӢ ДАРКОР?"

-Оё Тоҷикистон метавонад ҳамин гуна ҳамкориҳои низомие, ки бо Русия дорад, бо Эрон низ ба роҳ монад?

-Албатта, ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳое, ки нерӯи пешқадам доранд, хуб аст. Мо дар давоми сол чандин маротиба бо он кишварҳое, ки дар созмонҳои байналмилалӣ аъзо ҳастем, машқҳо мегузаронем. Дар шароити имрӯза барои пайдо кардани малакаю аз худ кардани фанновариҳо онҳо тамрин мекунанд. Пешравиҳо ҳаст. Муносибатҳои байни Вазорати дифои Тоҷикистон ва Эрон хуб аст. Дар ин ҷо мехостам гӯям, ки мардум дар баррасии ин ё он масъала, пеш аз ҳама масъалаҳое, ки ба ягонагии мардум дахл дорад, саросема нашаванд.

Масалан, имрӯз дар назди ҳукумати Тоҷикистон барҳам додани ҳизби наҳзати исломӣ матраҳ нест. Лекин дар расонаҳо чор тараф мегӯянд, ки ҳукумат ҳизби наҳзати исломиро мебандад ё не. Ин иғвогарӣ ва ҷудоиандозӣ ба кӣ даркор аст? Фарзанди ҳақиқии Тоҷикистон ҷомеаро ҷамъ ва дар якҷоягӣ масъалаҳоро ҳал мекунад, на ин ки ҷудоӣ меандозад. Таҳлилҳои нохуб ба ҷомеаи ба мо, ба ғайр аз зарар фоидае надорад. Ин гуна ниятҳо дар ҳукумати Тоҷикистон нест. Роҳбарият мехоҳад, ки Тоҷикистон як ҷомеаи ягона бошад ва дар иттиҳод мушкилотро ҳал кунад. Яъне мо бояд ягона бошем, миёни мардум тафриқа наандозем.

-Ба ҳар сурат, давлат ягон далеле надорад?

-Худи масъала умуман нест. Чаро гӯем, ки далел дорад ё не? Масъала вуҷуд надорад. Аз куҷо пайдо шудааст, ман намефаҳмам.

-Яъне бознашри ҳамон пешниҳоди Бозор Собир дар бораи бастани ҲНИТ, ки дар расонаҳои расмии ноҳияву вилоятҳо сурат гирифт, тасодуфӣ буд?

-Ин мақола бо супориши ниҳодҳои ҳукуматӣ чоп нашудааст. Он чи ки Бозор Собир гуфтааст, ақидаи як шахс, як шаҳрванд аст.

"БОЛАЁҚАТҲО ДАР ҲАМА ҶО КОР КУНАНД"

-Ба унвони як нафаре, ки дар назорати амнияту суботи кишвар солҳои зиёд масъулият доштед, ба ҷалби фарзандони мансабдорон ба мақомҳои давлатӣ чӣ назар доред? Оё ин як раванди табиӣ аст ва ё ба иззати нафси ҷомеа мерасад?

-Умуман аз чунин тарзи масъалагузорӣ дар кулл ҳайронам. Агар шахс роҳбар бошад, магар фарзанди ӯ зиндагӣ накунад? Агар фарзанди вай лоиқи мансаб бошад, донишу малакаи хуб дошта бошад, магар вай кор накунад? Тарки ватан кунад? Албатта, дар ин ё он ҷо бояд кор кунад. Ин ҳамеша буд. Ҳамеша фарзандони ҳама табақаҳои ҷамъият аз рӯи лаёқату дониш дар ин ё он мансаб кор кардаанд.

Ман тарафдорам, ки фарзандони болаёқати миллат дар ҳама ҷо кор кунанд. Барои ҳамин, ин ҷои таъна нест, ки фарзанди роҳбари ин ё он сохтор дар ягон ҷо кор мекунад. Албатта, ҳаст қонун дар бораи хизмати давлатӣ, ки агар падар вазир бошаду писар муовин ғайриқонунӣ аст. Аммо падар дар як сохтор ва писар дар сохтори дигар бошад, хилофи қонун нест.

Абдуқаюми Қаюмзод, "Озодӣ"

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 08.05.2011 23:49
( нахостен кор накарден на ин ки ! Амирқул Азимов: Ҳадафи раисҷумҳур ин буд, ки сохторҳои амниятӣ натавонистанд сари вақт ба роҳбари мамлакат оид ба воқеаҳое, ки дар водии Рашт сурат гирифт, маълумот ироа кунанд (
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854