07:30:03 01-уми Июни 2025 сол

АМИРҚУЛ АЗИМОВ: "БАСТАНИ ҲНИТ МАТРАҲ НЕСТ"

Номи Амирқул Азимов пас аз номзадии ӯ дар интихоботи миёндавраии Маҷлиси Намояндагон дубора сари забонҳо омад. Вале хабарнигори "Озодӣ" сӯҳбати худро аз ҷаласаи ахири Шӯрои амният ва танқиди расиҷумҳур дар ин бора, ки сохторҳои дахлдор ҳаводисро пешгӯӣ карда наметавонад, оғоз намуд ва аз ӯ пурсид, ки манзур аз чунин интиқод чӣ буд?

Амиркул АзимовАмирқул Азимов: Ҳадафи раисҷумҳур ин буд, ки сохторҳои амниятӣ натавонистанд сари вақт ба роҳбари мамлакат оид ба воқеаҳое, ки дар водии Рашт сурат гирифт, маълумот ироа кунанд. Пешгӯӣ карда натавонистани мақомот боис ба нигаронии раисҷумҳурӣ шуд. Пас аз ин ҷаласа як гурӯҳи баландпоя ба водии Рашт, барои ба эътидол овардани авзоъ, сафар кард, ки дар ҳайъати ин гурӯҳ ман ҳам шомил будам. Мо дар давоми панҷ моҳ дар ин водӣ, албатта, бо қувваи сохторҳо, бо кӯмаки ҳукумати марказӣ ва пеш аз ҳама дастгирии роҳбари мамлакат, тавонистем дар водии Рашт вазъиятро ба эътидол оварем.

Имрӯз вазъият дар водии Рашт тамоман дигар аст. Раҳбари кишвар дар ҷаласаи Шӯрои амният дуруст қайд кард, чунки яке аз сабабҳои сар задани чунин даргириҳо, ман ба ин иқрорам, то андозае фалаҷ шудани сохторҳо ва мақомоти ҳукуматӣ дар он маҳал буд. Онҳо натавонистанд сари вақт ба сохторҳои марказӣ доир ба мавҷудияти имконоти пайдоиши ин ё он ҳодиса ахбор пешниҳод кунанд.

ВОҚЕАҲОИ ҒАРМ АЗ КУҶО "ОБ МЕХӮРАД"?

-Мақомот, аз ҷумла ниҳодҳои маҳаллии интизомиву амниятӣ дар бораи имкони вуқӯи ин ҳаводис маълумот доштанду пинҳон доштанд ва ё ин ки дар воқеъ бехабар буданд?

-Онҳо бояд, ки маълумот медоштанд.

-Фикр мекунед, чаро ҳаводиси Ғарм рух дод? Онҳое, ки силоҳ гирифтанд бо хоҳиши худ гирифтанд ва ё таҳрикҳое ҳам буданд?

-Пеш аз ҳама, ин омилҳо омилҳои берун аз ватани мост. Агар мо каме таърихи сулҳи тоҷиконро таҳқиқ кунем, баъзе аз ба ном қумандонҳо ба сулҳе, ки мо бастем ҳамроҳ нашуданд. Мисоли он ҳамин Мулло Абдуллост. Ман Мулло Абдуллоро мешиносам. Дар бораи вай маълумоти зиёд дорем. Сентябри соли 1996 ҳангоми ба имзо расонидани Протоколи Ғарм ӯ наомад ва дар ҷойи худ муовинаш бо номи эшони Азизро фиристод. Баъдан мо ба назди ӯ рафтем. Пас аз имзо кардани протокол, Ӯ ваъда дод, ки ин Протоколро дастгирӣ мекунад. Гуфт, худам натавонистам дар имзои он иштирок намоям, вале муовинамро фиристодам.

Соли 1996, вақте ба Ғарм рафтам, он ҷо мондам. Пас аз имзои Созишномаи Хусдеҳ (11-уми декабри соли 1996), ки аз тарафи роҳбари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари оппозитсиюн домулло Нурӣ ба имзо расид, як комиссияи баландпояи оппозитсиюн бо роҳбарии ҷаноби Давлати Усмон ба Тоҷикистон омаданд. Ман боз роҳбари гурӯҳи ҳукуматӣ доир ба иҷрои Протоколи Хусдеҳ таъйин шудам. Пас аз имзои Созишномаи умумии сулҳ дар Маскав боз барои иҷроиши бандҳои он созишнома аз тарафи президент ҳамоҳангсоз дар ҳамкорӣ бо КОМ дар он минтақа таъйин шудам ва бо намояндаҳои онҳо будам.

Аз соли 1996 то 1999 бо тамоми он қумандонҳое, ки дар он ҷо буданд, хурду бузург, чандин маротиба сӯҳбатҳо кардаам ва бо онҳо оид ба иҷрои бечунучарои Созишномаи сулҳ гуфтугӯҳо доштем, аз он ҷумла, бо Мулло Абдулло, ки чандин маротиба аз ташкилкунандаҳои харобсозии қоидаҳои сулҳ буд. Бо вуҷуди ин дар ҳама давраҳо он одам бахшида мешуд ва дар охирин вақт, ҳангоме ки боз ӯ худсарона роҳи байни водии Рашт ва маркази мамлакат дар минтақаи Чорсадаро зери тасарруфи худ гирифт, яъне постҳо гузошт ва даст ба ғорати мардум зад, бо вай сӯҳбат доштем.

"ЗАБОНХАТ"-И МУЛЛО АБДУЛЛО

-Ин кадом сол буд?

-Ин охирин амалиёти зидди МуллоАбдулло буд дар соли 2000. Мо ба вай пешниҳод кардем, ки постгоҳҳоро бардорад ва мардумро ғорат накунад. Ҳам мардуми водии Рашт ва ҳам дигар мардуме, ки аз ин ҷо гузар мекарданд, шикоят мекарданд, ки мавриди ғорат қарор мегиранд. Онҳо мегуфтанд, ки мо сулҳ кардем чаро ин гуна постгоҳҳо боз ташкил шудаанд, онҳоро аз байн бардоред. Чандин маротиба бо ӯ вохӯрдам, ӯ «хуб» мегуфт, вале сари қавли худ намеистод.

Пас аз ин, ман ба раҳбари давлат оид ба иҷро накардани ин созишнома гузориш додам, аз он ҷумла гузориш аз тарафи намояндаи оппозитсиюн ба КОМ, ба домулло Нурӣ пешниҳод шуд, ки Мулло Абдулло шароитро иҷро намекунад. Ҳамин буд, ки як амалиёти муштараки нерӯҳои ҳукуматӣ ва оппозитсиюн барои маҳви гурӯҳи Мулло Абдулло баргузор шуд.

Дар оғози ин амалиёт ман иштирок доштам. Вақте ин гурӯҳи муштарак дар Чорсада аз мошин пиёда шуда мехостанд блок-постҳоро баркананд, гурӯҳи Мулло Абдулло ба самти онҳо оташ кушод ва ин гурӯҳ низ маҷбур шуд оташи ҷавобӣ кушояд. Натиҷа чунин шуд, ки бархеҳо дастгир ва бархеи дигар маҳв ва бархе ҳам таслим шуданд.

Аммо Мулло Абдулло нопадид шуд. Баъд аз чанде хабар расид, ки Мулло Абдулло ҳамроҳ бо нафаронаш мехоҳад таслим бишавад. Ин дафъа ҳам роҳбари давлат супориш дод, ки амалиёт гузаронида нашавад ва агар ӯ таслим шуданист, мо ӯро афв хоҳем кард. Бо дастури роҳбари мамлакат ман ҳамроҳ бо Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ, барои мулоқот бо вай ба як минтақаи кӯҳсор рафтем.

Мулло Абдулло бо 28 нафари ҳамроҳаш, ки мусаллаҳ буданд, омад. Азбаски вай маро хуб медонист, салому алейк кардем ва гуфтам домулло боз чанд вақти дигар ин бадбахтӣ давом мекунад? Дастҳояшро боло карду гуфт, ки «бас, ман бас кардам.» Гуфт, ки фақат «як хоҳиш аз ҳукумати Тоҷикистон дорам. Ба ман имкон диҳанд, ки дар ватани худам хок шавам. Ҳамин ҷо истам.» Мо хуб гуфтем ва розӣ шудем ва аз ҳисоби он нафароне, ки ҳамроҳаш буданд, чаҳор нафарро ҳамчун ҳозирбоши ӯ дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Кофарниҳон ба қайд гирифтем.

Дигарҳо ҳама силоҳро супорид ва Мулло Абдулло забонхат ҳам навишт, ки «ман ӯҳдадор мешавам, ки дигар даст ба қонунвайронкунӣ намезанам ва ягон рафтори зидди созишномаи сулҳ намекунамБаъд аз ин, вай ба хонааш баргашт. Як ҳафта-ду ҳафта дар хонааш зиндагӣ кард. Пас аз ду ҳафта мо фаҳмидем, ки вай ғайб задааст. Боз вай тарки ватан кард ва боз рафта ба гурӯҳҳои террористии хориҷӣ ҳамроҳ шуд ва ҳар сари чанд соле бо «хоҷа»-ҳои хориҷии худ маслиҳат карда мехоҳад, ки дар Тоҷикистон боз як нохушие ба амал орад.

Ҳодисаҳое, ки соли гузашта дар Рашт ба вуқӯъ омаданд, пеш аз ҳама ба туфайли ҳамин гурӯҳ рух доданд. Ин гурӯҳ дар он ҷо омада маскан гирифт ва қисме аз фарзандони ин маконро ба худ шарик сохта, як гурӯҳи ғоратгарро дар он ҷо ташкил кард ва яке аз ин гурӯҳҳо моҳи сентябр ба сарбозон ва афсарони вазорати дифоъ ҳамла бурда онҳоро ба қатл расониданд. Ин кор ҳам аз касофати Мулло Абдулло рух дода буд.

ҲАДАФ: ОСИЁИ МАРКАЗӢ

-Яъне ба ҳар сурат авомили хориҷӣ вуҷуд дорад?

-Доранд. Пеш аз ҳама, вуҷуди омилони хориҷӣ дар он ифода меёбад, ки мо бидонем, гурӯҳҳои террористӣ дар куҷо ташаккул меёбанд, дар куҷо машқ мекунанд, дар куҷо омӯзиш мебинанд? Ин корҳо ҳама дар ҳудуди он мамлакатҳо ташкил мешавад. Дар он ҷо ташкил меёбанд ва ба қаламрави давлатҳои ҳамсоя ворид мешаванд. Албатта, ин ҷо ҳадафҳои онҳо басо жарф аст.

Танҳо як Мулло Абдулло наомада буд ва ҳамроҳи ӯ намояндаҳои дигар гурӯҳҳо ҳам омада буданд ва ҳадафи асосии онҳо на Тоҷикистон аст. Ҳадафи асосии онҳо Осиёи Марказист, водии Фарғона. Ҳадафи асосӣ як оташеро дар ин ҷо ба вуҷуд овардан аст. Мо пеш аз ҳама садди роҳи ин гурӯҳҳо шудем. Имрӯз ҳам, ки ҳарчи рух медиҳад, пеш аз ҳама, ба хотири оромиву суботи минтақа ташкил мешавад ва мо ҳамеша садди роҳи онҳо мешавем.

-Оё ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон маҳалли буду боши Мулло Абдуллоро медонанд ва чаро боздошт ва ё безарар карда намешавад?

-Дар ҷаласаи Шӯрои амният роҳбари мамлакат аз сохторҳои қудратӣ ва амниятӣ нисбат ба безарар кардани ин гурӯҳҳо боисрор талаб пеш гузошт. Баъд аз он якчанд дигаргуние дар роҳбарияти ин сохторҳо ба вуҷуд омад. Азбаски ман дар он минтақа чанд вақти ахир ҳузур доштам бо боварии том гуфта метавонам, ки ин сохторҳо имрӯз бо як тарзи нави корбарӣ гузаштаанд.

Имрӯз қариб навад, наваду панҷ фисади он нафароне, ки ба гурӯҳҳои террористии Мулло Абдулло мансуб буданд, дастгир ва ё несту нобуд гардонида шуданд ва барои дастгир ва хунсо кардани боқимондаҳои онҳо кор давом дорад. Имрӯз дар Тоҷикистон барои чунин гурӯҳҳо майдон нест ва бо бовари комил мегӯям, ки сохторҳои қудратӣ супоришҳое, ки роҳбари мамлакат дар ҷаласаи Шӯрои амният дод, иҷро мекунанд.

АНҶОМИ АМАЛИЁТРО ИНТИЗОР МОНЕМ?

-Яъне Мулло Абдулло ҳоло дар дохили Тоҷикистон нест?

-Дар бораи Мулло Абдулло ва оид ба макони вай мо маълумоти оперативӣ дорем. Аммо баъд аз анҷоми амалиёт метавонем дар ин бора чизе бигӯем.

-Шумо дар яке аз сӯҳбатҳоятон гуфта будед, он кишварҳоеро, ки дар қазияи шарқи кишвар мудохила мекунанд, ошкор мекунед. Вале маълум нашуд, ки он кишварҳои хориҷӣ, ки ба ин қазияҳо дахл доранд, кадомҳоянд...

-Ман пеш аз ҳама дар назар доштам он омилҳоеро, ки барои ташаккул ёфтани чунин қувваҳо дар Афғонистон ва Покистон кӯмак кардаанд.

-Узбакистон дар назар набуд ин ҷо?

-На, Узбакистон дар назар набуд.

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 08.05.2011 23:49
( нахостен кор накарден на ин ки ! Амирқул Азимов: Ҳадафи раисҷумҳур ин буд, ки сохторҳои амниятӣ натавонистанд сари вақт ба роҳбари мамлакат оид ба воқеаҳое, ки дар водии Рашт сурат гирифт, маълумот ироа кунанд (
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854