23:58:27 02-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТ БО ЗИЁИЁНИ КИШВАР

Имрӯз дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо аҳли зиёи кишвар баргузор гардид. Барои ширкат дар ин дидори анъанавӣ, ходимони илму маориф, фарҳангу ҳунар ва раҳбарони иддае аз расонаҳои хабарӣ даъват шуда буданд. Дар суханронии президент калимаҳое ба мисли «ҳамдигарфаҳмӣ», «субот», «оштии миллӣ», «озодбаёнӣ», «озодандешӣ», «ҳувияти миллӣ» бештар шунида мешуд.

 

АРҶГУЗОРИИ НАҚШИ ЗИЁИЁН ДАР СУЛҲОФАРИНӢ

 

Эмомали РахмонДар робита ба вазъи сиёсии ва иқтисодии кишвар президент Раҳмон ба ҷуз як ишора дар бораи вазъи кишварҳои арабӣ, дигар ҳарфе назад. Ба қавли зиёиён, вай гуфтааст, ҳукуматҳое ки барои дарозмуддат давлатдорӣ мекунанд, ҳатман муртакиби иштибоҳе хоҳанд шуд, ки норозигии мардумро ба вуҷуд хохад овард. Ин ҳарфҳоро ҳам президент берун аз матни суханронии худ ишора кардааст. Аммо президент бо ишора ба сулҳу субот дар Тоҷикистон гуфтааст, ки сулҳу суботе, ки бо мушкилоти зиёд ва гузаштҳои ду ҷониб ба вуҷуд омад, на нишони заифӣ, балки дар асоси фалсафаи сулҳофарии тоҷикон ба даст овардани суботу оромӣ, яъне модели нави ҳалли низоъҳо-модели сулҳофарии тоҷикон тавлид гардид, ки дар он нақши зиёиёни тоҷик калон аст.

 

РАҲМОН БА МАРДУМ: "БЕГОНАПАРАСТ НАБОШЕД"

Ҷаноби Раҳмон аз мардуми кишвар хостааст, ки бегонапараст набошанд ва гироиш ба фарҳанги бегонаро ба худ роҳ надиҳанд. «Ба ҳар фарде, ки ҳисси бегонапарастӣ дорад, худои таъоло кӯраш кунаду беватанаш кунад. Бо ҳастиямон ватани худро дӯст дорем. Намунаи барҷастаи ташаккулёбии чунин эҳсосу ҳувияти барҷастаи ватанпарастии мардуми ин сарзамин дар ҷараёни дастгирии онҳо аз иқдоми ҳукумат дар мавриди ҳалли таъмини истиқлолияти энергетикии кишвари азизамон зоҳир гашт. Дар ин ҷараён ҳамагон шоҳиди он гаштем, ки тамоми мардум аз ин иқдоми созанда якдилона ва бо самимияти баланди ватанпарастона пуштибонӣ намуданд».

 

Ректори Донишгоҳи Хуҷанд Набиҷон Ваҳҳобов мегӯяд: «Бале, ҳоло мо дар як фазои орому бо субот ба сар мебарем ва он ҳаводисе, ки дар он кишварҳо гузашту идома дорад, дар кишвари мо рух нахоҳад дод. Ҳаводиси солҳои 90- ум як сабақи муҳим барои мардуми тоҷик аст. Ва дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот дар кишвар нақши зиёиён олимону донишмандон ҳатто агар гӯем, ки калидӣ аст иштибоҳ намекунем.»

 

"ЧАРО ХОМӮШЕД"

Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш аз хомӯшии аҳли адабу ҳунару қалам дар робита ба вазъи кишвар интиқод кард ва даъват намуд, ки агар дар замони шӯравӣ наметавонистанд озодона афкори худро баён доранд, пас ҳоло 20 сол аз аз истиқлолият мегузарад чаро хомӯшанд. Вай аз аҳли зиё хост, ки ҳарчӣ дар дил доранд бинависанд. Барот Абдураҳмон, нависандаи тоҷик мегӯяд: «Аз мо адибону рӯшанфикрон даъват карданд, ки ҳоло фурсате ҳаст, ки ҳар чӣ дар дил доштеду натавонистед, ё ҳазар мекардед озодона нависед эҷод кунед. Президент ба озодии баён, озодии сухан, озодии андеша талқин карданд».

 

Ба қавли адибон, дар суханрониҳои пешин президент ин гуна таъкидҳо намекард. Ангезаҳои ин даъватҳо сиёсӣ аст ва ё иҷтимоӣ ҳанӯз рӯшан нест, вале президент Раҳмон дар суханронии худ таҳқиқоти созмонҳои байналмилалиро барои зиёиёни тоҷик мисол овард, ки тибқи навиштаи онҳо дар Тоҷикистон муҳити мусоиди гуногунандешӣ, табъу нашри воситаҳои ахбори умум аз нигоҳи диду андешаи сиёсӣ ва ҷаҳонбинии мухталиф, фазои ҳуқуқии мавҷудияти аҳзоби сиёсӣ ва дигар падидаҳои волои демократӣ ба вуҷуд омадааст.

 

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, намояндаи Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон ба вуҷуди ин арзишҳо ба ин андозае, ки ишора шудааст, розӣ нест. Президент Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми суханронии худ дар ҳамоиш, бо баъзе аз рӯшанфикрҳо дастфишурӣ кард ва онҳоро ба муносибати фарорасии Наврӯз табрик намуд. Президент ба фарқ аз мулоқотҳои пешин, дар ин ҳамоиш ба зиёиён имкони изҳори назар ва ё пурсидани суол аз вазъи рӯшанфикрон надод.

 

Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854