22:05:56 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН ЧӢ МЕСОЗАД?

23 июл дар сафоратхонаи Федератсияи Русия дар Тоҷикистон мулоқоти аъзои Шӯрои тиҷоратии ин мамлакат бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ баргузор гардид. Дар он сухан дар бораи барномаҳои сармоягузории Русия дар Тоҷикистон ва корхонаю иншоотҳое сухан рафт, ки ҳамроҳи Русия бунёд карда мешаванд.

Қайд карда шуд, ки бо иштироки сармояи Русия имрӯз дар Тоҷикистон НБО «Сангтӯда-1», меҳмонхонаи панҷситорадори «Ҳаёт реҷенси», таҳқиқи ҳавзаҳои гази табиӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони «Газпромнефт», силсилаи бунгоҳҳои сӯзишвории нақлиёт ва муассисаҳои алоқаи мобилии телефонии «Билайн» ва «Мегафон» ва ғайра сохта мешаванд.

Аъзои Шӯрои тиҷоратӣ, аз ҷумла сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов ба хабарнигорон дар бораи фаъолияти имрӯзаи корхонаҳо ва ширкатҳои Русия дар Тоҷикистон маълумот доданд. Аз ҷумла хабар дода шуд, ки ҳамаи 4 агрегати НБО «Сангтӯда-1» ба кор дароварда шуданд. 

Арзиши умумии хароҷоти сохтмони нерӯгоҳи мазкур 600 миллион доллари ИМА мебошад. Нерӯгоҳ охирҳои моҳи июл ба истифода дода мешавад. Сафири Русия Ю. Попов зикр намуд, ки ширкатҳои Русия дар оянда ҳам дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқии хурду миёна дар Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.

Ба қавли намояндаи доимии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Александр Яковлев маблағи хариду фурӯши мол байни ҳар ду кишвар дар давоми 6 моҳи гузашта ба 400,5 миллион доллари ИМА расид. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 27% кам мебошад. Дар ин муддат аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи 360,6 миллион доллари ИМА мол ворид карда шуд, аз Тоҷикистон ба Русия ба маблағи 39,9 миллион доллар мол фиристода шудааст. 

Аз Русия ба Тоҷикистон асосан таҷҳизоти техникӣ, автобусҳо, тролейбусҳо ва вагонҳои роҳи оҳан фиристода мешаванд. Моҳи майи соли равон дар Тоҷикистон намояндагии нави Ҷамъияти саҳҳомии «Росселхозбанк» кушода шуд. Ин ба рушди соҳаи сармоягузорӣ ва молиявии Тоҷикистон ва равнақу ривоҷи муносибатҳои ҳар ду мамлакат бештар мусоидат хоҳад кард, гуфт А. Яковлев. 

Людмила Дубинина, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi