ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШЎРОИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳи ҳозиринро ба раванди “тақвият ёфтани экстремизми динӣ дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар” ҷалб намуда, хусусан аз “фаъолияти роҳбарон ва аъзои равияву ҷараёнҳои ғайриқонунии экстремистии динӣ дар ноҳияҳои водии Рашт ва вилояти Суғд, баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рўдакӣ, Ваҳдат ва Ҳисор, ки мақсаду мароми онҳо бо кўмаку дастгирии хоҷагони хориҷиашон бо роҳи зўроварӣ дигар кардани асосҳои сохти конститутсионӣ мебошад”, изҳори нигаронӣ намуд. Чунонки зикр гардид, “бо нияти амалӣ намудани ҳадафҳои ҷинояткоронаи худ намояндагон ва тарафдорони гурўҳҳои ифротӣ зери ниқоби омўзиши таълимоти динӣ наврасону ҷавононро ба равияҳои иртиҷоӣ ҷалб карда, онҳоро бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар мебаранд ва сипас ба таълимгоҳҳои динию экстремистии давлатҳои исломӣ мефиристанд.
Минбаъд наврасон ва ҷавононро аз ҷиҳати моддиву маънавӣ ба худ тобеъ намуда, барои дар оянда амалӣ намудани мақсадҳои нопокашон истифода мебаранд”. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз андешаҳои яке аз олимони шинохтаи олами ислом Муҳаммад Тоҳир Ал-Қадрӣ, аз ҷумла дар маҷаллаи “Проблемаҳои амният ва мудофиаи Аврупо” нашр гардида буд, иброз дошт, ки “назарияи дини ислом терроризмро маҳкум мекунад ва террористони худкушро огоҳ менамояд, ки онҳоро дўзах интизор аст ва ҳаракати онҳо ҳеҷ гоҳ ҷиҳод ҳисоб намешавад”. “Бинобар ин Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин ва дигар ниҳодҳои давлатиро зарур аст, ки дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгириро дар байни аҳолӣ пурзўр намоянд”,-таъкид намуд Президенти мамлакат.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он низ изҳори нигаронӣ намуд, ки “ҳоло дар аксари шаҳру ноҳияҳо шумораи масҷидҳо аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ хеле зиёд буда, қариб 1250 масҷид бе санадҳои бақайдгирии давлатӣ фаъолият доранд”. Чунонки зикр гардид, “ҳамаи масҷидҳо бояд то аввали моҳи январи соли равон ба қайд гирифта мешуданд”. Ҳамчунин зикр гардид, ки “дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе даҳҳо мактабҳои динии ғайриқонунӣ фаъолиятдошта ошкор карда шудаанд”. Чунонки таъкид гардид “масҷид аз лиҳози таъиноти худ фақат макони намозгузорӣ мебошад, вале имрўз мебинем, ки баъзе масҷидҳо ба минбари таблиғи идеяҳои экстремистӣ ва ҷалби ҷавонон ба гурўҳҳои иртиҷоӣ табдил ёфта истодаанд. Фаромўш набояд кард, ки воқеаҳои водии Рашт маҳз аз чунин масҷидҳо шурўъ шуданд”.
“Амри маъруфи баъзе воизон - зикр намуд Сарвари давлат - на ба даъвати мардум ба таҳаммулгароӣ ва ҳидояти онҳо ба омўзиши исломи асил, яъне қуръони маҷид, ҳадисҳои пайғамбари ислом ва мазҳаби ҳанафӣ равона гардидааст, балки ба масъалаҳои бегонапарастӣ, тарғиби тундгароӣ, зиёдаравӣ ва монанди инҳо равона шудаанд”. Тавре зикр гардид, “дар натиҷаи андешидани чораҳои дахлдор то ба имрўз 1558 нафар ҷавонони дар муассисаҳои таълими динии кишварҳои исломӣ таҳсилкунанда ба Ватан баргардонида шуданд”. Бо вуҷуди ин Сарвари давлат таъкид намуд, ки “кор дар ин самт суст ҷараён дорад, зеро тибқи маълумоти мавҷуда то имрўз боз 2138 нафар ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар чунин муассисаҳо таҳсил менамоянд”.
“Дар баробари ин, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон - мақомоти дахлдори кишварро зарур аст, ки нисбат ба тақдири ҷавонони баргашта бетараф набуда, барои ҳамгироӣ ва мутобиқгардонии онҳо ба муҳити иҷтимоии кишвар, аз ҷумла ба таълиму тарбия ва меҳнати фоиданок ҷалб намудани онҳо тадбирҳои муассир андешанд”. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро аз мушкилоти дигари ҷомеаи мо номида таъкид дошт, ки “бо вуҷуди заминаи хуби меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳамаи шароити фароҳамгашта фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт ҳанўз қонеъкунанда намебошад”.
Тавре таъкид гардид, “афзоиш ёфтани ҳолатҳои дастгиршавии шаҳрвандони мо бо ҷурми даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ боиси нигаронии ҷиддӣ буда, ба обрў ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад”. Бинобар ин, ба ма?омоти дахлдори кишвар, аз ҷумла Сарраёсати қўшунҳои сарҳадӣ, Хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Вазорати корҳои дохилӣ дастур дода шуд, ки “доир ба чунин ҳодисаҳо санҷишҳои ҷиддӣ гузаронида, шахсони гунаҳкорро, сарфи назар аз мақому мартабаашон ба ҷавобгарӣ кашанд”.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба таъкидҳои доимии худ доир ба тоза намудани сафҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ аз шахсони тасодуфӣ ва нолоиқ, ки ба шаъни мақомот иснод меоранд, роҳбарияти сохторҳои мазкурро бори дигар вазифадор намуд, ки бо мақсади аз унсурҳои тасодуфӣ халос гардидан сафҳои худро таҳти санҷиши такрории ҷиддӣ қарор дода, дар як вақт барои қабул ба сафҳои худ аз ҳисоби ҷавонони софдилу поквиҷдон, соҳибкасбу ҷисман обутобёфта тадбирҳои муассир андешанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз каме коҳиш ёфтани шумораи шахсони нашъаманд дар солҳои охир ёдовар шуда, ҳамзамон аз афзоиши воридшавии воситаҳои нашъадори синтетикӣ ба қаламрави мамлакат ва дар муассисаҳои дилхушию фароғатӣ торафт зиёд истеъмол шудани онҳо аз ҷониби ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд.
Сарвари давлат бо таъкид ба нокифоягии фаъолияти мақомоти масъул дар мубориза бо нашъамандӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовар, Сарраёсати қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумрук супориш дод, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тақвият бахшида, ҷиҳати дастгир намудан ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор ва фош сохтани фаъолияти гурўҳҳои ҷиноятии муташаккили трансмиллӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мақомоти прокуратураро “аз ниҳодҳои муҳим дар низоми идоракунии давлатӣ ва дорои нақшу мавқеи хос дар ҷомеа” арзёбӣ карда, ҳамзамон “аксари ҳодисаҳои номатлуби рўйдодаро натиҷаи фориғболию беаҳамиятии кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суст будани назорати прокурорӣ” маънидод кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз меъёрҳои конститутсионӣ доир ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки чун арзиши олӣ эътироф шудаанд ва ҳифзу риояи он ба Прокуратураи генералӣ дастур дод, ки ҷараёни иҷрои қонунҳоро дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешбурди таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, аз ҷумла тафтиши парвандаҳои вобаста ба кирдорҳои террористию экстремистӣ тақвият бахшида, инчунин ба сифати пешбурди тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳим диққати ҷиддӣ зоҳир намояд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилона ва самараноки заминро аз масъалаҳои муҳими рўз номида, аз ҳолатҳои зиёди ғайриқонунӣ аз як гурўҳ ба гурўҳи дигар гузаронидани заминҳо, қабули қарорҳои беасос, аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавриди хариду фурўш қарор додани қитъаҳои замин, заминҳои киштро худсарона забт намудани шаҳрвандон ва дар онҳо бунёд кардани иншооти гуногун ва хонаҳои истиқоматӣ изҳори нигаронӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар асоси санҷишҳои прокурорӣ соли 2010 525 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонда шуда, 574 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Тавре иттилоъ дода шуд, «аз беназоратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифода намуда, дар ноҳияи Рўдакӣ гурўҳҳои муташаккили қаллобон пайдо шудаанд, ки ягон мансаб ё ваколати давлатӣ надоранд, вале мардумро фиреб дода, аз тақсим ва фурўши ғайриқонунии замин маблағҳои калони пулӣ ба даст овардаанд. ҳамин тариқ, дар кишвар дар зарфи 10 соли охир зиёда аз 30 ҳазор гектар замини корами обӣ таллаю тороҷ карда шудааст». Чунонки Сарвари давлат таъкид дошт, «агар прокуророни шаҳру ноҳияҳо, сардорони шўъбаҳои корҳои дохилӣ ва амният, мақомоти мубориза бо коррупсия дар маҳалҳо вазифаҳои худро дуруст иҷро мекарданд, пеши роҳи раисони шаҳру ноҳия, ҷамоатҳо ва кумитаҳои заминсозӣ дар мавриди қонуншиканиҳои замин сари вақт гирифта мешуд».
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз нақши муҳими ҳокимияти судӣ ҳамчун мақоми татбиқи адолати судӣ ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ёдовар шуда, аз риоя нагардидани талаботи қонунгузории мурофиавӣ, нодуруст татбиқ намудани қонунҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ, нопуррагии тафтишоти судӣ ва дигар қонуншиканиҳо изҳори нигаронӣ кард. Таъкид гардид, ки «ин ва дигар ҳолатҳо дар маҷмўъ боиси норизоияти шаҳрвандон ва арзу шикояти онҳо ба мақомоти гуногун, воситаҳои ахбори омма ва бевосита ба Президенти мамлакат гардида, гузашта аз ин, боиси нигаронӣ ва ташвиши на танҳо роҳбарияти давлату ҳукумат, балки тамоми ҷомеа гаштааст».
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «кормандони мақомоти судӣ бояд бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки фаъолияти ҳамарўзаи онҳо ба амалӣ гаштани вазифаҳои давлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва манфиатҳои қонунии онҳо ба татбиқи адолати судӣ сахт алоқаманд аст. Бинобар ин, судяҳо набояд ба саҳлангорӣ, бемасъулиятӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ роҳ диҳанд». «Бо ин мақсад, - таъкид дошт Сарвари давлат - ба Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Шўрои адлия зарур аст, ки иҷрои талаботи Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар фаъолияти худ ҳаматарафа ва бечунучаро таъмин намоянд». Таъкид гардид, ки «таъмини воқеии адолат дар мамлакат василаи асосии устуворӣ ва пойдорию бардавомии давлат аст».
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «адолати комил вақте таъмин мегардад, ки қарори баровардаи суд мувофиқи таъиноташ пурра иҷро гардад. Сари вақт ба иҷро расонидани санадҳои судӣ аҳамият ва таъсирнокии онҳоро афзун менамояд, чунки онҳо аз номи давлат қабул шуда, барои ислоҳи шахс ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ нақши бағоят муҳим доранд». «Аз ин лиҳоз, - таъкид дошт Сарвари давлат - мақомоти судии кишварро зарур аст, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои дар фаъолияти онҳо ҷойдошта ва татбиқи чораҳои пешбининамудаи Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 тадбирҳои муассир андешанд. ҳамзамон бо ин, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои мақомоти судӣ масъулияти конститутсионии худро дар бобати амалӣ кардани адолати судӣ амиқан дарк намуда, дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд саҳми худро гузоранд».
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «камбудӣ ва норасоиҳои дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҷойдошта то дараҷае аз нокифоя будани сатҳ ва сифати фаъолияти Дастгоҳи Шўрои амният ва Шўъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат гувоҳӣ медиҳанд». Аз ин рў, Шўъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати назорати мақсадноки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, иҷрои босифат ва саривақтии талаботи қонунгузории кишвар ва дастуру супоришҳои роҳбарият аз ҷониби онҳо мунтазам чораандешӣ намояд.
Ба дастгоҳи Шўрои амният дастур дода шуд, ки ҳар як раванди барои амният ва мудофиаи кишвар хавфнокро пешгўӣ намуда, доир ба сабабу омилҳои пайдоиши чунин зуҳурот ва роҳҳои бартараф намудани онҳо гузоришҳои таҳлилии саривақтӣ пешниҳод созад. Дар суханронии Президенти мамлакат Эмомалдӣ Раҳмон таъкид гардид, ки фаъолияти мақомоти судӣ, прокуратура, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомию қудратӣ, пеш аз ҳама ба таъмини амнияти миллӣ, суботу оромии ҷомеа, волоияти қонун ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ нигаронида шавад ва онҳо бояд бо иҷрои ин вазифаҳои муқаддас ҳамчун ҳомии қонун ва муҳофизаткунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба боварии мардуми Тоҷикистон сазовор бошанд.
Бинобар ин, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, прокуратура ва суд пеш аз ҳама бо ахлоқи ҳамида, одоби волои муошират ва софдилию поквиҷдонии худ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд. Дигар ин, ки онҳо ҳамчун донанда ва муҳофизони қонун дар татбиқи риояи қонунҳо, аз ҷумла қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» пешсафи ҷомеа бошанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар хотирнишон намуд: «Шумо - кормандони мақомоти мазкур ҳомии қонун, таъминкунандаи амнияти давлату ҷомеа, сулҳу суботи мамлакат, муҳофизи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии сокинони мамлакат ба ҳисоб меравед. Гузашта аз ин, тамоми пешрафти ҷомеа ва таҳкими иқтидори иқтисодиву иҷтимоии давлат ба сатҳи таъмини амнияту тартибот, яъне ба фаъолияти шумо вобаста аст».
Президенти мамлакат Эмомалдӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз омодагӣ ба ҷашни бузурги миллиамон - солгарди 20 уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон изҳор дошт, ки «дар тўли ду даҳсолаи гузашта мо ба бархўрдҳои шадиди сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ рўбарў гардида, давлату миллати худро аз гирдоби ҷанги хунини шаҳрвандӣ раҳо кардем ва ба бунёдкориву созандагӣ шурўъ намудем. Имрўз дар кишвари мо ба шарофати неъмати бебаҳои истиқлолият сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор аст, ки дар таъмини он шумо - ҳомиёни Ватан нақши бузург бозидаед».
Дар фароварди сухан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: «Шумо ҳеҷ гоҳ набояд фаромўш кунед, ки таъмини амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои мардуми шарифи Тоҷикистон ба зиммаи шумо гузошта шудааст ва ман итминони комил дорам, ки ҳар кадоматон дар бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда фаъолона кўшиш карда, минбаъд низ аз иҷрои вазифаҳои бадўшдоштаатон сарбаландона мебароед, ба савганди дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон ёдкардаатон содиқ мемонед ва барои Ватан-модари худ содиқонаву софдилона хизмат мекунед».
Президент.tj
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4406-jalasai-vasei-shuroi-amniyat.html
- << Қаблӣ
- Баъдӣ