07:31:33 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

НИГАРОНИИ ҲНИТ АЗ ВАЗЪ ДАР МИНТАҚА

Шӯрои сиёсии Ҳизби Неҳзати Исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар минтақаи Осиёи Миёна бо интишори баёнияе, рӯйдодҳои ахир дар минтақаро нигаронкунанда ва дорои асари манфӣ бар мазҳаби ислом ва пайравонашон хондааст.

Дар баёнияи ин ҳизб омадааст: "Қабл аз ин ҳам минтақа майдони рақобатҳои геополитикии абарқудратҳо ва шабакаҳои фаромиллӣ гашта буд, ки суботи оромиши он ба барнома ва ҳадафҳои бархе аз онҳо созгор нест. Бинобар ин, онҳо бо ҳар восита талош менамоянд то сулҳу оромиши минтақаро дар умум ва кишварҳои алоҳидаро бахусус аз байн баранд."

Баёния аз ҷумла афзудааст, ки "минтақа дучори равандҳое шудааст, ки метавонад ба самт ва суръати рушди кишварҳо таъсир кунад."

Баёнияи Ҳизби Неҳзати Исломии Тоҷикистон дар ҳоле мунташир мешавад, ки тайи як ҳафтаи ахир аз даргириҳое дар шарқи Тоҷикистон гузориш шудааст. Мақомоти ин кишвар фаъолияти афроди мусаллаҳеро, ки бо нерӯҳои давлатӣ дар ин ҳаводис вориди даргири шудаанд, ба Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон иртибот медиҳанд. 

Дар ҳамин ҳол мақомоти Ҳизби Неҳзати Исломии Тоҷикистон дар изҳороти худ таъкид кардаанд, ки гузоришҳо дар мавриди ҳаводиси ахир дар минтақа ба шаъни димни ислом ва пайравонаш латма ворид мекунад.

Дар ин баёния мехонем: "Дар чунин шароит дини мубини ислом ва мусалмонон беасос мавриди шубҳа қарор гирифтаанд ва камтарин ташаннуҷи вазъ шубаҳотро пеш аз ҳама ба ин дини пок ва пайравонаш равона месозад." 

Баёния таъмини амният, волоияти қонун ва якпорчагии кишварро аз масъулиятҳои аслии давлат медонад, вале таъкид мекунад, ки "Давлат вазифадор аст, ки танҳо бо истифода аз василаҳои қонунӣ масъулиятҳои асосии худро анҷом бидиҳад, ки таъмини амният ва оромиш яке аз онҳо мебошад."

Ин дар ҳолест, ки Пол Куин Ҷаҷ, аз коршиносони аршади масоили Осиёи Миёна дар созмони байналмиллали Гурӯҳи буҳрон - созмоне ки дар авоили соли ҷорӣ эҳтимоли нооромиҳо дар Тоҷикистонро пешгӯиӣ карда буд, ҳаводиси ахир дар шарқи Тоҷикистон ва Қирғизистонро нигаронкунанда хонд.

Ба гуфтаи вай ҳаводиси шарқи Тоҷикистон ва ҷануби Қирғизистон ба ҳамдигар пайванд дошта ва "ҳаракат аз минтақаи Кундузи Афғонистон оғоз шуда ба Тоҷикистон, Қирғизистон расидааст ва бим дорам, ки то ба Ӯзбакистон ҳам бирасад."

Вай гуфт, ҳарчанд созмони онҳо иттилоъоти дақиқ дар мавриди ҳаводиси Тавилдара ё Ҷануби Қирғизистонро надорад, "аммо мантиқист агар ҳадс бизанем шӯришиёне ба монанди Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ва афроде, ки бо онҳо ҳамфикранд дар талоши навсозии хутути иртибототӣ ва масирҳои интиқоли васоили худ аз Шимоли Афғонистон ба Тоҷикистон ва то ба Қазоқистон ҳастанд."

Вай таъкид кард, ки ҳеҷ далеле дар мавриди ин, ки оё ин раванд бомуваффақият анҷом хоҳад шуд ё хайр вуҷуд надорад ва афзуд: "Вале мо бояд дар ёд дошта бошем, ки Тоҷикистон хеле заъиф аст ва дар истодагӣ дар баробари фишори сангин аз сӯи шуришиён ҳам аз лиҳози низомӣ ва ё аз лиҳозе дигар дучори мушкил хоҳад шуд.

Оқои Куин Ҷаҷ ба Би-би-сӣ гуфт, ҳарчанд мақомоти давлатҳои минтақа нигарониҳои худро робита ба таъсири равандҳои тоза дар минтақа то андозае ошкор иброз медоранд, вале Тоҷикистон "зоҳиран мехоҳад ба наҳваи қадимӣ гузоришҳое "мусбӣ" аз ҳаводиси шарқи кишвар ироа кунад ва вонамуд кунад, ки вазъият зери кунтрул аст."

Ин коршиноси байналмиллалӣ афзуд, ҳарчанд "ҳанӯз рушан нест, ки Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ё гурӯҳҳои дигар чи қадар шароит ва нерӯи инсонӣ барои таҳияи хутути иртибототии худ дар ихтиёр доранд, вале мусаллам аст, ки онҳо ҷиддан барои расидан ба ин ҳадафи худ талош доранд."

Созмони Гурӯҳи Байналмилалии Буҳрон (International Crisis Group) дар гузориши худ дар авоили соли ҷорӣ ба унвони "Тоҷикистон дар масири шикаст" аз давлати Президент Раҳмон шадидан интиқод карда ва ҳушдор дода буд, ки агар ислоҳоте фарогир анҷом нашавад, ин кишвар бо шикасте ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд ва аз ин ҳолат ифротгароён суд мебаранд.

Муаллифони ин гузориш шарҳ дода буданд, "мо дар кишварҳои дигар омӯхтаем - ҷое, ки зербаноҳо суқут кардаанд, бозори ифротгароён дар онҷо гармтар мешавад."

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi