00:19:39 24-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

АМАЛИЁТ ДАР ЁФУЧ ВА ДАРГИРӢ ДАР ҲАВЗИ КАБУД

Авзоъ дар Тавилдара ва атрофи он ҳамчунон буғранҷ боқӣ мемонад ва амалиёти таъқиби силоҳбадастон ба Ёфуч кӯчидааст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ноҳияи Тавилдара, 180-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, дар бораи даргириҳои ҷадид байни нирӯҳои давлат ва гурӯҳҳои силоҳбадаст гузориш медиҳанд.

Ба гуфтаи хабарнигорони мо, субҳи имрӯз нирӯҳои давлатӣ дар ҳошияи рустои Ёфуч, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Нуробод дар канораи шоҳроҳи Душанбе –Тавилдара, камин гирифта ва ба амалиёти алайҳи гурӯҳҳое, ки гӯё аз Тавилдара ба ин минтақа рахна карда, дар кӯҳистони атрофи ҷода сангар гирифтаанд, омодагӣ мегирифтанд. Ёфуч дар масофаи нисбат ба Тавилдара тақрибан 40 километр наздиктар ба пойтахти Тоҷикистон қарор дорад.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳамчунин дар бораи як даргирии шадид дар минтақаи Ҳавзи кабуд хабар медиҳанд, ки субҳи имрӯз сурат гирифта, маъмурони интизомии мустақар дар ин минтақа ба хабарнигори мо дар бораи кушта шудани дастикам 5 сарбоз ва афсар сӯҳбат кардаанд. Аммо мақомот ба таври расмӣ вуқӯъи чунин даргирӣ ва ҳалокати сарбозони артишро таъйид намекунанд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ мегӯянд, сокинони Тавилдара Хабаргузории “Азия Плюс” дар ҳамин ҳол, мегӯяд, Ҳикматуллоҳ Азизов, мулаққаб ба “Кӯри Малиш”, ки рӯзи 11 июл ҳамроҳ бо вазири пешини ҳолоти изтирории Тоҷикистон Мирзо Зиёев ва фарзанди ӯ дар Тавилдара боздошт шуда буд, тавассути чархбол ба Душанбе оварда шудааст ва феълан дар боздоштгоҳи кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор дорад. Худи Мирзо Зиёев ҳамон рӯзи 11 июл чанд соат баъд аз боздошт шуданаш ба таври мармуз кушта шуд.

Ҳикматуллоҳ Азизов бародарзодаи Неъмат Азизов, мулаққаб ба “Шайх Неъмат” аст, ки мақомот ӯро дар раҳбарии гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ дар Тавилдара ва ҳам ба даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ва иртибот бо Ҳаракати исломии Узбакистон айбдор мекунанд. 

Аммо хабарнигорони Радиои Озодӣ аз қавли хешовандони Ҳикматуллоҳ Азизов дар Тавилдара мегӯянд, ки ӯ ба ҳалокат расидааст ва ҷанозаашро ахиран дар маҳалли зисташ – ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба хок супурдаанд. Мақомоти Душанбе низ бидуни бурдани ном тайи як ҳафтаи охир дасти кам ду дафъа аз кушта шудани Ҳикматуллоҳ Азизов хабар дода буданд.

Бо ин ҳол, хабарнигорони Радиои Озодӣ мегӯянд, теъдоди зиёде аз сокинони ноҳияи Тавилдара аз хафви боз ҳам бадтар шудани авзоъ аз ин минтақа фирор мекунанд. Ва чун дар солҳои ҷанги дохилӣ пеш аз ҳама духтарони қадраси худро аз Тавилдара ба Душанбе ва навоҳии дигар, ба манзили хешу табори худ мефиристанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi