00:37:09 20-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ВКД ВА КДА МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, ошкор ва нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва кишти ғайриқонунии онҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол амалиёти якҷояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ гузаронида мешавад. Соли ҷорӣ низ амалиёти муштараки мақомоти мазкур - «Кукнор-2009» ташкил карда шуд. Дар доираи амалиёти мазкур дар роҳҳои ҷумҳурӣ дидбонгоҳҳои доимӣ ва сайёр барои маҳкам кардани самтҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъовар ташкил гардиданд. 

Аз рӯи маълумотҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълум карда шуд, яке аз каналҳои асосии интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба воситаи ҳудуди ноҳияҳои Дарвоз, Тавилдара, Рашт ва Ҷиргатол ба сӯи Ҷумҳурии Қирғизистон амалӣ мегардад. Бо мақсади пешгирӣ ва бастани канали мазкур кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳои корҳои дохилӣ, мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ин минтақа амалиёти муштарак баргузор намуданд. 

Бояд қайд кард, ки канали интиқоли маводи нашъадорро аъзои фаъоли ташкилоти байналмилалии террористии «Ҳаракати исломии ӯзбекистон» Азизов Неъмат Саъдуллоевич сарварӣ намуда, онро маҳз барои маблағгузорӣ ва сарпарастии гурӯҳҳои террористӣ истифода мебарад. 

Рӯзи 11-уми майи соли 2009 дар деҳаи Чирсуни болои ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз аъзои гурӯҳи Азизов Неъмат Саъдуллоевич ва Зиёев Мирзо Аҳмадович 3 нафар хизматчии ҳарбиро гаравгон гирифтанд. Ҳангоми азназаргузаронии талу теппаҳои мавзеи Чорсуни ноҳияи Дарвоз кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати мудофиа ба ҳуҷуми ногаҳонии дастаи мусаллаҳи ӯ дучор шуданд, ки дар натиҷа хизматчии қисми ҳарбии 23442-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калон Алишоев Абрибат Амониддинович ҳадафи тири гурӯҳи силоҳбадастон қарор гирифта, ҳалок гардид. Муайян карда шуд, ки ба гурӯҳи ҷинояткори Зиёев Мирзо Аҳмадович, Азизов Неъматулло Саъдуллоевич, Азизов Ҳигматулло Файзуллоевич бо лақаби «Кури Малиш» шомил мебошанд.

Маълум карда шуд, ки дар ҳайати гурӯҳи мазкур 5 нафар шаҳрвандони Россия, ки миллаташон чечен мебошад, бо мақсади интиқоли маблағи калони пулии аз ҳисоби фурӯши маводи нашъадор ба дастовардаи Зиёев Мирзо Аҳмадович ва Азизов Неъмат Саъдуллоевич барои созмонҳои терористӣ муқими Афғонистон ва Покистон ба Тоҷикистон омадаанд ва муваққатан дар шаҳри Душанбе истиқомат доранд. Дар ҷараёни амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ин шаҳрвандон аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда шуданд.

Рӯзи 8-уми июни соли 2009, тахминан соати 18-30 гурӯҳи ҷинояткорон бо мақсади ба даст даровардани маркази маъмурии ноҳияи Тавилдара ҳуҷуми мусаллаҳона ташкил намуд. Дар натиҷаи тирпаронии мутақобила 4 нафар аъзои дастаи Зиёев Мирзо Аҳмадович ва Азизов Неъмат кушта шуданд.

Баъди задухурди мазкур роҳҳои эҳтимолии ақибнишинӣ ва фирори гурӯҳи ҷиноӣ таҳти назорат ва мушоҳида қарор дода, дар натиҷа як қисми аъзои гурӯҳи силоҳбадаст ба иҳота гирифта шуданд. Баъди ба иҳота афтидан 20 нафар аз аъзои гурӯҳи ҷиноии Зиёев Мирзо Аҳмадович ва Азизов Неъмат маҷбур шуданд, ки бо яроқҳои оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангияшон ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ таслим гарданд. Аз онҳо миқдори зиёди автомат, пулемёт, камонҳои нишонгир, норинҷакандоз, норинҷак ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд.

Субҳи 11-уми июли соли равон дар рафти корҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ дар яке аз дидбонгоҳҳо Мирзо Зиёев бо писараш ва Азизов Ҳикматулло Файзуллоевич - сардори Хадамоти ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Тавилдара дастгир карда шуданд.

Худи ҳамон рӯз Мирзо Зиёев ба хоҳиши худ розӣ шуд, ки ҷойҳои нигоҳдории яроқу аслиҳаро нишон дода, бо аъзои боқимонадаи гурӯҳи ҷиноии Азизов Неъмат бо мақсади таслим шуданашон гуфтушунид ташкил намояд.

Дар рафти гузаронидани ин амалиёт дар роҳбаладии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаи Сафедхоки ноҳияи Тавилдара аз ҷониби гурӯҳи силоҳбадасти Азизов Неъмат Саъдуллоевич ҳуҷуми ногаҳонӣ ба амал оварда шуд, ки дар натиҷа Мирзо Зиёев ба ҳалокат расонида шуда, чанд кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ярадор гардиданд.

Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи амалиёти муштараки «Кукнор - 2009» дар миқёси ҷумҳурӣ 121 ҳолати ҷиноӣ маълум карда шуда, аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 950 килограмм маводи нашъадор, зиёда аз 300 ҳазор бех ниҳоли бангдона ошкор ва мусодира гардид. Аз рӯи далелҳои мазкур 124 нафар, аз ҷумла 7 шаҳрванди Афғонистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Мардуми ноҳияи Тавилдара дар фазои осоишта зиндагӣ карда, ба корҳои ҳаррӯзаи худ машғул буда, ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ кӯмак ва ҳамкорӣ менамоянд. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар чорчӯбаи амалиёти «Кукнор-2009» аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад. Аз рафти тафтишоти фаъолияти ҷиноии гурӯҳи номбаршуда иловатан иттилоъ дода мешавад.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi