БОЗДОШТИ СОБИҚ ФАРМОНДЕҲ МИРЗО ЗИЁЕВ
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Мирзо Зиёв, собиқ фармондеҳи нерӯҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва вазири пешини умури изтирорӣ, дар ноҳияи Тавилдара дастгир шудааст.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард. Вай гуфт, дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса тайи соатҳои наздик Вазорати корҳои дохилӣ иттилои расмӣ пахш хоҳад кард. Хабаргузории "Азия-Плюс" аз Душанбе иттилоъ медиҳад, ки нерӯҳои давлати Тоҷикистон фармондеҳи собиқ Мирзо Зиёев ва панҷ шарики ӯро боздошт кардаанд.
Ин манбаъ ба нақл аз як намояндаи ниҳодҳои қудратии кишвар менависад, шаби 8 июл дар ҷараёни даргирӣ дар посгоҳи «Сафедхок» дар наздикии Тавилдара се нафар кушта ва як тани дигар бо номи Қиёмуддин захмӣ шуда, пас аз ду шабонарӯз ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи вай, гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноиро сокини маҳаллӣ, собиқ корманди Вазорати умури изтирории Тоҷикистон, Неъмат Азизов таъсис додааст ва ҳамин гурӯҳ дар аввали моҳи июн як афсари Вазорати дифоъро ба ҳалокат расондааст.
Дертар гурӯҳи мазкур дар Чилдара паноҳ бурда, аз фармондеҳи собиқи мухолифон ва собиқ вазири умури изтирории Тоҷикистон, Мирзо Зиёев кӯмак хостааст. Манбаъи ҳукуматӣ мегӯяд, Зиёев ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шуда, ҳадаф доштааст, ҳукумат ва Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Тавилдараро ба даст гирад. Аммо дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ рӯзи 10-уми июл Зиёев ва 5 ҳамсилоҳи ӯ худро ба ин нерӯҳо таслим кардаанд.
«Озодӣ»