23:12:41 26-уми Майи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БАРРАСИИ АДОЛАТИ ДОДГОҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Мудофеъони ҳуқуқи башар дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе аз камбуди дастрасии мардуми Тоҷикистон ба додгоҳҳои мунсифона ва вукалои мудофеъ ибрози нигаронӣ карданд. Онҳо мегӯянд дар Тоҷикистон барои ҳар як ҳазор нафар фақат як вакили мудофеъ фаъолият мекунад, ки ин рақам барои як ҷомеъаи маданӣ хеле пойин аст.

Ин мавзӯъот дар ҳамоиши "Ҷомеъаи маданӣ ва ҳуқуқи инсон", ки ба ибтикори Иттиҳодияи Урупо созмон дода шудааст, матраҳ шуд. Дар ин ҳамоиш донишмандон, ҳуқуқдонҳои хориҷӣ ва маҳаллӣ, намояндагони созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва мақомоти Тоҷикистон мавзӯъи ҳуқуқи шаҳрвандони ин кишвар ба додгоҳҳои мунсифона ва мустақиллро ба баррасӣ гирифтанд. Ин ҳамоиши дурӯза дар чаҳорчӯби ҳамкории Иттиҳодияи Урупо бо давлати Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар ва ислоҳоти системи қазоӣ дар ин кишвар сурат мегирад.

Дар соли 2007 Иттиҳодияи Урупо “Истротежии ҷадиди ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна”-ро тасвиб кард, ки ин тарҳ ба вазъи ҳуқуқи инсон, бартарии қонун, мудирияти муассир ва демукротиза дар минтақа авлавият медиҳад.

Дар ҳамоиши рӯзи ҷумъа Моҳира Усмонова, раиси ҳайъати вукалои мудофеъи вилояти Суғд, вазъи ироаи хадамоти ҳуқуқии вукалои мудофеъ дар Тоҷикистонро "пур аз ҳарҷу марҷ" хонд.


Вай гуфт: “Замоне фаро расида, ки ҳам давлат ва ҳам худи ҳуқуқдонҳо нақши вукалои мудофеъро дар ҷомеъаи маданӣ ҷиддан дарк кунанд ва кору мавқеъияти онҳоро ба таври бояд ба роҳ монанд.” Хонуми Усмонова афзуд: "Дуруст аст, ки вукалои мудофеъ бояд аз давлат мустақил бошанд, аммо давлат масъул аст, ки дастрасии шаҳрвандонашро ба дифоъи ҳирфаӣ аз худ дар додгоҳҳо таъмин кунад."

Пешниҳоди хонум Усмонова ин аст, ки куллия ширкатҳои ироакунандаи хадамоти ҳуқуқӣ, ки танҳо дар асоси муҷаввизи давлатӣ таъсис шуда ва ба дур аз истондордҳои ҳайъати вукалои мудофеъи Тоҷикистон фаъолият мекунанд, бояд аз сӯйи ниҳоде мустақил ба таври мутамаркиз назорат шаванд.

Вале Леонид Головко, профессури бахши додрасии ҷинойии Донишгоҳи Маскав, мегӯяд ҳарчанд мутамаркиз сохтани фаъолияти вукалои мудофеъ амре дуруст аст, "вале бояд дар таҳияи тарҳи қонун дар ин замина мувозиб буд".

Вай гуфт: “Ман пуштибонӣ мекунам, ки ҳирфаи вукалои мудофеъ бояд назорат шавад, вале бояд нагузошт, ки ин амр дар ивази истиқлоли Ҳайати вукалои Тоҷикистон, ки ҳоло мустақил аст, анҷом бигирад. Зеро Ҳайъати вукалои Қирғизистон ҳамчунин тарҳеро рӯи даст гирифта, вале истиқлоли худро аз давлат то андозае аз даст дод.”

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки ҳарчанд ислоҳоти системи қазойӣ дар Тоҷикистон идома дорад, вале додгоҳҳо ҳамчунон мустақил нестанд ва фасод дар додгоҳҳо ҳамчунон вуҷуд дорад.

Алишер Маҷидов, як вакили мудофеъ, бар мушкилоти қонунӣ низ ишора кард. Вай гуфт барои мисол, тибқи қонун агар вукалои мудофеъ дар бетарафии қозӣ ё ҳайъати додгоҳ шак кунанд, эътирози онҳоро ҳамон қозӣ ё ҳайъати мавриди шак бояд баррасӣ карда ва тасмим бигирад, ки оё ин шикоят асос дорад, ё хайр.

Яке дигар аз мавзӯъоти мавриди баҳси нишасти дурӯзаи мудофеъони ҳуқуқи башар таҳвили салоҳияти боздошти муттаҳамон аз додситонӣ ба додгоҳҳо аст.

Зимнан, додситонӣ дар Тоҷикистон аз салоҳиятҳои густардае бархурдор аст, вале мудофеъони ҳуқуқи башар ҳамвора гуфтаанд, ки таъсиру нуфузи додситонҳо дар судури аҳкоми додгоҳҳои ин кишвар ба мушоҳида мерасад.

Аммо тибқи барномаи ислоҳоти системи қазоии Тоҷикистон, қарор аст бархе аз салоҳиятҳои додситонӣ, аз ҷумла салоҳияти судури дастури боздошт, бояд дар оянда аз додситонӣ ба додгоҳ таҳвил шавад.

Ин дар ҳолест, ки соҳибназарон ахиран ба бурузи ихтилофҳои сохторӣ миёни додгоҳ ва додситонӣ дар Тоҷикистон ишора мекунанд.

Ҳамоиши "Ҷомеъаи маданӣ ва ҳуқуқи инсон" бо ҳимояти Иттиҳодияи Урупо то рӯзи шанбе идома ёфта ва қарор аст ширкаткунандагон дар поёни кори худ пешниҳодҳое ба давлати Тоҷикистон барои тасреъи раванди ислоҳоти системи қазоии кишвар ироа кунанд.

Зимнан, Иттиҳодияи Урупо дар соли 2007 маблағгузорӣ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Миёнаро бо ҳадафи мусоъидат ба раванди демукротизаи ин кишварҳо ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст. Ин созмон ба Тоҷикистон барои иҷрои тарҳҳо дар бахшҳои мухталиф дар солҳои 2007 то 2010 маблағи 66 миллюн юру ихтисос додааст.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi