11:33:19 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ГУЗОРИШҲО АЗ ЯК ДАРГИРӢ ДАР ТАВИЛДАРА

Манобеъи пулиси Тоҷикистон мегӯянд, ки шоми рӯзи чаҳоршанбеи 8 июл теъдоде нерӯҳои изофӣ ба ноҳияи кӯҳистонии Тавилдара, воқеъ дар шарқи ин кишвар, эъзом шудаанд. Теъдоди ин нерӯҳо ва ҷузъиёти амалиёти онҳо маълум нест. Манобеъи Вазорати кишвар аз таъйид ё радди ин хабар худдорӣ карданд, вале Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи ин вазорат, гуфт, ки баъд аз зуҳр тавзеҳоте дар ин бора ироа хоҳад дод.

Хабаргузории маҳалли Осиё-Плас субҳи рӯзи панҷшанбеи 9 июл аз вуқӯъи даргирӣ миёни нерӯҳои пулис ва як гурӯҳи мусаллаҳи ношинохта дар посгоҳи Сафедхоки ноҳияи Тавилдара хабар дод. Ин хабаргузорӣ аз қавли як шоҳиди айнӣ овардааст, ки гурӯҳе аз афроди мусаллаҳи номаълум талош кардаанд бо панҷ худрав аз ин посгоҳ ба самти маркази ноҳияи Тавилдара ҳаракат кунанд, вале бо муқовимати нерӯҳои пулис рӯбарӯ шуда ва аз маҳалли ҳодиса фирор кардаанд.

Ин манбаъ гуфтааст, ки бархе аз афроди муҳоҷим захмӣ шудаанд. Посгоҳи Сафедхок, дар назди пуле воқеъ аст, ки маркази ноҳияи Тавилдараро бо роҳи Душанбе-Хоруғ муттасил мекунад.

Хабари эъзоми нерӯҳои изофӣ ба Тавилдара дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Вазорати кишвари Тоҷикистон аз бозгашти нерӯҳое хабар дод, ки пештар ба ин минтақа эъзом шуда буданд.

Маҳмудулло Асадуллоев, сухангӯйи ин вазоратхона, гуфта буд, ки нерӯҳое, ки дар шарқи Тоҷикистон боқӣ мондаанд, барои таъмини амният дар ин минтақа кофӣ будааст.

Дар ҳамин ҳол, як сокини маҳаллӣ дар устони Бадахшон ба Би-би-сӣ гуфт, ки нерӯҳои давлатӣ роҳи Хоруғ-Душанберо, ки аз тариқи Тавилдара мегузарад, масдуд кардаанд ва ронандагони зиёде мунтазири боз шудани ин роҳ дар ноҳияи Дарвоз ҳастанд.

Навбатдори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Дарвоз, ки худро Дарвеш Ҳикматов муъаррифӣ кард, ин хабарро таъйид намуд, вале гуфт, ки роҳи Дарвоз-Тавилдара ба далели харобии як пул дар асари ҷорӣ шудани сел муваққатан масдуд шудааст.

Ба гуфтаи вай, шаби гузашта дар мавзеъи Дашти Шер, дар наздикии қалъаи Ҳусейни ноҳияи Дарвоз сел як пули иртиботиро хароб кардааст. Вале манобеъи умури изтирорӣ гуфтанд, ки дар бораи вуқӯъи сел дар навоҳии Дарвоз ва Тавилдара иттилоъ надоранд.

Вазъи амниятӣ дар ноҳияи Тавилдара, ки як минтақаи кӯҳистонист, тайи як моҳи ахир мавзӯъи баҳсу гуфтгӯҳои умумӣ ва гузоришҳои расонаӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он будааст.

Ҳарчанд хабарҳое аз вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳи вобаста ба Мулло Абдулло, аз фармондеҳони собиқи нерӯҳои мухолифони пешин, ба ин минтақа мунташир шуда буд, вале мақомоти Тоҷикистон ин хабарҳоро ҳамвора такзиб кардаанд.

Мақомот ҳамвора гуфтаанд, ки дар он ҷо амалиёти зидди маводди мухаддири "Кукнор-2009" идома дорад. Ҳарчанд бархе манобеъи расмӣ, дар ҳоле ки аз худ ном набурдаанд, гуфтаанд, ки нерӯҳои давлатӣ ба ҷустуҷӯйи гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ машғуланд.

Зимнан, бархе аз расонаҳои хориҷӣ аз эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои муртабит бо Толибон ба Осиёи Миёна аз тариқи қаламрави Тоҷикистон дар пайи ташдиди амалиёти нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон ва задухӯрдҳои ахири нерӯҳои давлатии Покистон бо Толибон дар дараи Свот гузориш кардаанд.

Бархе соҳибназарон бо ишора ба мунозеъоти чанд рӯзи ахир дар минтақаи Шинҷони Чин мегӯянд, ки эҳтимоли убури гурӯҳҳои исломгарои уйғур аз Афғонистон ба Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна низ чандон баъид набудааст.

Минтақаи Тавилдара дар замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 маҳалли нуфузи нерӯҳои марбут ба мухолифини исломии давлат буд.

Тибқи гузоришҳо, дар он замон пойгоҳҳои омӯзишии Ҷунбиши Исломии Узбакистон, ки Омрико онро шомили феҳристи созмонҳои теруристӣ кардааст, дар ин минтақа фаъол будааст.

Би-Би-Сӣ
Акс аз «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi