23:41:05 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҚОТИЛОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК МУҲОКИМА ХОҲАНД ШУД

Расонаҳои Русия гузориш додаанд, ки додситонии вилояти Нижний Новгород таҳқиқи марги як табаъаи Тоҷикистонро ба поён расонда ва парвандаи ҷиноиро ба додгоҳ ирсол кардааст. Гуфта мешавад ин табаъаи Тоҷикистон ба торихи 21 сентябри соли гузашта ба асари даргирӣ бо гурӯҳе аз ҷавонони маҳаллӣ кушта шудааст.

Масъулини таҳқиқи ин қазия гуфтаанд замоне, ки ин гурӯҳи панҷ нафарии ҷавонон дар муҳавватаи кудакистоне дар шаҳри Дзержинск маводи алкулӣ менушиданд, табаъаи 19 солаи Тоҷикистон аз наздикии ин маҳал убур мекардааст. Ин гурӯҳи ҷавонон ӯро то фосилае дунбол карда бо баёни алфози тунди нажодпарастона бо ӯ вориди даъво шудаанд ва сипас ӯро мавриди зарбу шатм қарор додаанд. Яке аз муҳоҷимон ин табаъаи Тоҷикистонро бо чаҳор зарби корд маҷрӯҳ кардааст, вале ӯ бо вуҷуди доштани ҷароҳот хоста аз ин маҳалл фарор кунад.

Масъулини бозрасии ин қазия гуфтаанд замоне ӯ талоши фарор дошта яке аз аъзои ин гурӯҳ ӯро бо гулулаи туфанги шикорӣ вайро аз по даровардааст. Ҷониби таҳқиқи қазия мегӯяд ду тан аз ин ҷавонон ба иртикоби қатл ва авбошӣ банобар таассуби қавмӣ ва се тани дигар ба иртикоби авбошӣ бо ангезаи хусумати қавмӣ муттаҳам мешаванд.

Бозрасони қазия гуфтаанд, ки ду тан аз аъзои ин гурӯҳ ду рӯз баъд аз ҳамла ба табаъаи Тоҷикистон як фарди ғайрируси дигарро мавриди ҳамла қарор додаанд. Дар ҷараёни пайгирии қазияи дувум бозрасон тавонистаанд қатли табаъаи Тоҷикистонро тавассути ин гурӯҳ ошкор кунанд.

Зоҳиран масъулини таҳқиқ аз зикри исми омилини ин парванда ва афроди ғайрирусе, ки мавриди ҳамлаи ин гуруҳ қарор гирифтаанд, худдорӣ кардаанд, зеро расонаҳои русӣ дар ин бора иттилоъ надодаанд.

Тобутҳои муҳоҷирон

Матлуба Абдуллоева, раиси бахши муносиботи байналмилалӣ ва таъмини ҳуқуқии Додситонии кули Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 8 июл ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон 363 тобут бо аҷсоди муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.

Ба гуфтаи хонум Абдуллоева аз ин миён 40 нафарро онҳое ташкил медиҳанд, ки дар Русия дар вазъияҳои мухталиф ба қатл расида будаанд.

Ҳарчанд дар соли ҷорӣ буҳрони молӣ теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷикро ба ватан бозгардонидааст, омори ҷадид ҳокӣ аз он аст, ки имсол ба Тоҷикистон 108 тобут бештар аз даврони мушобеҳ интиқол ёфтааст.

Мавзуъи густариши эҳсосоти нажодпарастӣ дар Русия ва таваҷҷуҳи нокофии давлати ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз ин тамоюл дар садри гузоришҳои созмонҳои маҳаллӣ ва байналиллалии дифоъи ҳуқуқи башар дар мавриди нақзи ҳуқуқи башар дар Русия қарор доштааст.

Мавориди сабтшудаи қатли атбоъи Тоҷикистон ба дасти афрод ва гуруҳҳои нажодпараст дар Русия гоҳо рӯи равобити ду кишвар, ки ҳамдигарро шуракои стротежик меноманд, соя афкандааст.

Мақомоти Тоҷикистон ба далели адами ҷуръати кофӣ барои ҳимояти шаҳрвандони ин кишвар дар Русия ҳамвора таҳти фишори афкори умум ва расонаҳо қарор доштаанд.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi