11:59:18 06-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ҲУШДОРИ ДОДСИТОНИ КУЛ БА ДОДГОҲИ ОЛӢ

Додситони кулли Тоҷикистон ҳушдор дод, ки дар сурати тағйир наёфтани аҳкоми Додгоҳи олӣ нисбат ба парвандае пурсару садо водор хоҳад шуд алайҳи яке аз қозиёни ин додгоҳ парвандаи ҷиноӣ боз кунад.

Бобоҷон Бобохонов, додситони кулл, рӯзи сешанбеи 7 июл дар як нишасти матбуъотӣ аз аҳкоме, ки пештар Нур Нуров, қозии Додгоҳи олӣ, алайҳи гурӯҳе аз тарафдорони Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси устони Суғд, содир карда буд, ибрози норизоятӣ кард. Ба эътиқоди оқои Бобохонов, аҳкоми Додгоҳи олӣ алайҳи 31 тан аз ин афродро, ки додгоҳ онҳоро “як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ” унвон кардааст, “беадолатона ва ғайриқонунӣ” хонд ва гуфт, ки ин аҳком бояд мавриди таҷдиди назар воқеъ шаванд.

Вай афзуд, ки дар тӯли фаъолияти ҳирфаии худ “чунин ҳукми ғайриқонунӣ ва беадолатонаро" дар хотир надорад.

Ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон, барои муҳокимаи парвандаи ин гурӯҳи 31-нафарӣ нерӯи зиёд ва беш аз сад ҳазор сомонӣ аз буҷети кишвар масраф шуда ва “худи қозии парванда ба унвони махориҷи сафар аз Душанбе ба Хуҷанд бист ҳазор сомонӣ гирифтааст”.

Муҳокимаи ин парванда 10 июни соли ҷорӣ дар вилояти Суғд аз сӯйи Нур Нуров, қозии Додгоҳи олӣ анҷом шуд. Додгоҳ ин афродро дар иртикоби ҷароими мухталиф, аз ҷумла қатл, роҳзанӣ, нигаҳ доштани силоҳ, сирқати амвол, қаллобӣ ва пулшӯйӣ муҷрим шинохт ва онҳоро аз даҳ то ба 25-солӣ ба зиндон маҳкум кард.

Ҳамчунин, додгоҳ ин афродро дар ташкили як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ва қатли Толиб Бобоев, муъовини вақти Додситони кулл дар авоили даҳаи 1990 муҷрим шинохт.

Гуфта мешавад, куллияи ин афрод дӯстону наздикон ва ҳамкорони Низомхон Ҷӯраев, тоҷир, узви собиқи маҷлиси маҳаллӣ дар вилояти Суғд ва раиси пешини корхонаи шимиёии шаҳри Исфара, ҳастанд. Оқои Ҷӯраев феълан бо дархости додситонии Тоҷикистон тавассути Интерпол ё пулиси байналмилалӣ мавриди пайгарди қонунӣ қарор дорад.

Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки қабл аз таъйиди иттиҳомот алайҳи ин афрод, додситонӣ аз парвандаи ҷиноӣ нукоти марбут ба таъсиси гурӯҳи ҷиноиро ҳазф кардааст, вале бо вуҷуди ин, қозӣ онҳоро дар иртикоби ин ҷурм муҷрим шинохтааст.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи оқои Бобохонов, додгоҳ алорағми тақозои додситонӣ ҷароими сангинтареро нисбат ба афроди муттаҳам ҷоиз донистааст. Вай афзуд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи ин ҳукми додгоҳ эътироз кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Нур Нуров, қозии Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ аз шарҳи ин қазия худдорӣ кард, вале гуфт, ки дурустии аҳкоми содиркардаашро "танҳо Коллегияи Додгоҳи олӣ метавонад баррасӣ кунад.”

Дар иртибот бо ҳушдори додситони кулл дар бораи боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи вай, оқои Нуров гуфт, ки “Додситони кулл аз чунин салоҳияте бархурдор аст ва метавонад парвандаи ҷиноӣ боз кунад.”

Нишасти матбуъотии рӯзи сешанбеи Додситони кулл дар ҳоле баргузор шуд, ки чанд тан аз пайвандони афроди маҳкумшуда бар асоси парвандаи “гурӯҳи Нозимхон Ҷӯраев” барои изҳори норизоятии худ аз аҳкоми Додгоҳи олӣ дар назди сохтмони додситонӣ ҷамъ омада буданд.

Баъзе аз онҳо гуфтанд, ки пайвандонашон дар ҳеҷ ҷурме даст надоштанд ва маъмулан ба тиҷорат машғул буданд ва ё дар симатҳои мухталиф дар муассисоти давлативу хусусӣ ифои вазифа мекарданд.

Неъматулло Мирсаидов, сардабири ҳафтаномаи “Вароруд” дар вилояти Суғд, ки раванди муҳокимаи ин афродро бозтоб додааст, мегӯяд, ки баррасии ин парванда ихтилофи назарҳоеро ба ҳамроҳ дошт.

Ба гуфтаи вай, муҳокимаи бархе аз ин афрод, ки дар қатл муттаҳам шуда буданд ва афроде, ки ба иртикоби ҷароими иқтисодӣ муттаҳам шуда буданд, дар як парванда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки бархе ҳуқуқдонҳо онро ғайри қобил қабул хондаанд.

Гузашта аз ин, оқои Мирсаидов мегӯяд, ки қозии парванда матни ҳукми додгоҳ алайҳи 31 нафарро, ки аз 500 саҳифа иборат буд, тавонистааст дар тӯли се соъат қироъат кунад, ки бисёр аҷиб ба назар мерасид, дар ҳоле ки тибқи қонун, матни ҳукми додгоҳ бояд ба таври комил қироъат шавад.

Ба эътиқоди Неъматулло Мирсаидов, қазияи Низомхон Ҷӯраев ва тарафдорони ӯ бештар ба мухолифати миёни гурӯҳҳои мухталифи сиёсию тиҷоратӣ рабт дорад.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи соҳибназарон, изҳороти рӯзи сешанбеи Додситони кулл дар бораи аҳкоми Додгоҳи олӣ, ҳокӣ аз ихтилофҳои сохторӣ миёни додгоҳ ва додситонӣ дар Тоҷикистон аст.

Додситонӣ дар Тоҷикистон аз салоҳиятҳои густардае бархурдор аст, вале мудофеъони ҳуқуқи башар ҳамвора гуфтаанд, ки додгоҳҳои ин кишвар аз истиқлоли кофӣ бархурдор нашудаанд ва дар аҳкоми онон таъсиру нуфузи додситонҳо ба мушоҳида мерасад.

Аммо тибқи барномаи ислоҳоти системи қазоии Тоҷикистон, қарор аст бархе аз салоҳиятҳои додситонӣ, аз ҷумла салоҳияти судури дастури боздошт, бояд дар оянда аз додситонӣ ба додгоҳ таҳвил шавад.

Вале оқои Бобохонов дар нишасти имрӯз гуфт, ки ҳануз рӯшан нест, ки додгоҳҳои Тоҷикистон аз имконот барои ба уҳда гирифтани ин салоҳият бархурдоранд ё хайр.

Дар гузашта аз ихтилофи назарҳое миёни Додситонии кул ва Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон низ гузориш шудааст, ки таҳлилгарон ин амрро ба мушаххас набудан ва дар мавориде омехтагии салоҳиятҳои сохторҳои мухталифи давлатӣ дар Тоҷикистон иртибот медиҳанд.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi