ЗОЙИРОВ: "ТОҶИКИСТОН БО ХАТАРИ КУДЕТО РӮБАРӮСТ"
Раҳматулло Зойиров, аз мухолифон ва мунтақидони умдаи Президент Раҳмон, мегӯяд, ки Тоҷикистон ҳар лаҳза бо хатари рух додани як табадуллоти (кудетои) давлатӣ рӯбарӯст. Ба эътиқоди раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, чунин табадуллот аз сӯйи нерӯи ба истилоҳ севум ё ончи вай "гурӯҳҳои олигархӣ-сиёсӣ" хонд, метавонад сурат бигирад. Вай ҳамзамон мегӯяд, ки гуфтушунид танҳо роҳи рафъи бесуботӣ дар минтақаи Рашт аст ва ба ин далел пешниҳод дорад, ки водии Рашт "минтақаи муколама" эълом шавад.
Раҳматулло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот, ки аз аҳзоби умдаи мухолиф аст, рӯзи сешанбеи 28 сентябр дар як нишасти матбуъотӣ гуфт, ки дар ҳаводиси Рашт фаъолияти ҳар ду ҷониб, яъне ҳам давлат ва ҳам тарафдорони Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқи мухолифон, ”ғайрисозанда” ё вайронгар аст. Ба эътиқоди вай, ҳаводиси ахир дар Тоҷикистон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо аз як марказ тарҳрезӣ мешаванд. Вай афзуд: "Ҷанг роҳи ҳал нест. Таҷрубаи ҷанги дохилӣ собит кард, ки чунин қазияро метавон танҳо аз роҳи муколама ҳал кард."
Раҳбари ҳизби сусиёл демукрот ҳамчунин аз пешниҳоди Масъуд Собиров, раҳбари ҳизби демукроти Тоҷикистон, барои бозрасии байналмилалии ҳаводиси ахир дар шарқи ин кишвар пуштибонӣ кард. Вай таъкид кард, ки дар Тоҷикистон заминаи вуқӯъи ҳеч як инқилобе вуҷуд надорад. Зеро давлати Тоҷикистон фаъолияти нерӯҳои мухолифро маҳдуд кардааст. Вале ҳамзамон оқои Зойиров аз эҳтимоли вуқӯъи як кудето ё табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дод. Ба гуфтаи вай, чунин хатар Тоҷикистонро "ҳар лаҳза" таҳдид мекунад.
Вай гуфт: "Дар ҳар ҷомеъае ду нерӯ ҳаст: аз як сӯ давлат ва аз сӯйи дигар нерӯи дувум, яъне мухолифон. Вале бояд иқрор бишавем, ки дар Тоҷикистон нерӯи севум низ вуҷуд дорад. Фармондеҳони собиқ наметавонанд нерӯи севум бошанд, вале барои табаддулот мумкин аст аз онҳо истифода шавад."
Ба эътиқоди оқои Зойиров, нерӯи севум дар дохили давлат аст, ки бо нерӯҳои ба гуфтаи вай "ҷинояткор" ва бо авомили хориҷӣ иртибот дорад. Вай афзуд: "Ин афрод ба ҳар коре қодиранд. Гурӯҳҳои олигархӣ-иқтисодии Тоҷикистон қодиранд дар ин кишвар як табаддулоти давлатиро роҳандозӣ кунанд. Барои роҳандозии як табаддулот чанд милюн дулор кофӣ аст."
Вале ба гуфтаи Раҳматулло Зойиров, давлати Тоҷикистон чунин хатареро эҳсос мекунад ва "амалҳои ғайримантиқии ниҳодҳои давлатӣ" дар ҳаводиси ахир, аз ҷумла дар минтақаи Рашт, далели ин амр аст. Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурӣ, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ эҳтимоли кудето дар ин кишварро баъид (ғайримумкин) хонд.
Вай гуфт, ки ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ кунтрули авзоъ дар Тоҷикистонро дар ихтиёр доранд ва метавонанд аз чунин хатаре ҷилавгирӣ кунанд. Бо ин вуҷуд, оқои Сафаров гуфт, ки таҳдидҳои гурӯҳҳои теруристӣ ва ҷинояткор ба Тоҷикистон бузург аст ва ба ин далел бояд фаъолияти ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии кишвар тақвият дода шавад.
"Шикасти иқтисоди Тоҷикистон"
Раҳматулло Зойиров, ки бештар ба унвони як ҳуқуқдони варзида шинохта шуда, вале гаҳгоҳе дар бораи масоили иқтисодӣ низ назароте матраҳ мекунад, мӯътақид аст, ки ҳоло иқтисоди Тоҷикистон комилан аз сӯйи гурӯҳҳои ба гуфтаи вай "олигархӣ" кунтрул ё назорат мешавад. Вай сиёсати иқтисодии давлати Тоҷикистон дар 18 соли ахирро "иштибоҳи бузурге" хонд.
Вай гуфт: "Системи иқтисодии Тоҷикистон ба гунаи замони Шӯравӣ аст. Вале тафовут он аст, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ иқтисод мутамаркиз буд. Ҳоло мизони мудохилаи давлат дар умури иқтисодӣ зиёдтар аст, аммо он муассир нест."
"Гузашта аз ин, гурӯҳҳои олигархӣ аз пардохти ҳаҷми бузурге аз молиёт сарпечӣ мекунанд ва давлати Тоҷикистон наметавонад аз ин амр ҷилавгирӣ кунад."
Ин мунтақиди сиёсатҳои Президент Раҳмон афзуд, ки ҳоло бахшҳое аз иқтисоди Тоҷикистон дар инҳисори (монополияи) чанд гурӯҳи олигархӣ қарор гирифтаанд. Ба эътиқоди оқои Зойиров, "тавлидот дар Тоҷикистон тақрибан аз байн рафтааст ва асоси иқтисод маболиғи муҳоҷирон аст. Гурӯҳҳои олигархӣ бо истифода аз ин маболиғ ба воридоти коло ва маводд машғуланд ва аз он суд мебаранд."
Раҳматилло Зойиров мӯътақид аст, ки тарҳи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" "сутунмӯҳраи иқтисоди Тоҷикистонро шикастааст." Зеро ба гуфтаи вай, аз буҷети солонаи Тоҷикистон, ки худ “якчандсад милюн дулор аст, ихтисоси дусад милюн дулор барои тарҳи “Роғун” ғайримантиқӣ буд."
Бархе аз таҳлилгарони маҳаллӣ иртиботи ҳаводиси ахир дар шарқи Тоҷикистон бо талошҳои давлат барои бунёди ин нерӯгоҳро баъид намедонанд. Давлати Тоҷикистон бо бархе аз ҳамсоягонаш, аз ҷумла Ӯзбакистон, ва ҳамчунин Русия, бар сари ин тарҳ ихтилофоти ҷиддие доштааст. Аммо оқои Зойиров бештар ба асароти иқтисодиии ин тарҳ ишора мекунад ва мегӯяд, ки фурӯши иҷбории саҳоми ин нерӯгоҳ ва, ба ин тартиб, аз муъомила берун кашидани садҳо милюн сомонӣ равандҳои макроиқтисодии Тоҷикистонро ба ҳам задааст.
Коршиносони бархе аз созмонҳои молии байналмилалӣ, аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Пул, низ таъкид кардаанд, ки фурӯши иҷбории саҳоми "Роғун" ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон метавонад таъсири баде дошта бошад. Гуфта мешавад мутаваққиф шудани таблиғоти саҳоми "Роғун" дар телевизиюнҳои давлатӣ бо тақозои масъулони СБП аз давлати Тоҷикистон сурат гирифтааст. Вале мақомоти Тоҷикистон бар ин назаранд, ки тарҳи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" омили "шугуфоӣ ва таъмини субот ва истиқлоли" ин кишвар аст.
Бо ишора ба ин, раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон - ҳизбе, ки бештар аз фарҳангиёну рӯшанфикрон ташкил ёфта ва теъдоди аъзояш чандон зиёд нест, таҳияи як истротежии ҷадид барои пешрафти иқтисодии ин кишварро амре лозим мешуморад - истротежие, ки ба гуфтаи оқои Зойиров, аз иштибоҳоти қаблӣ барӣ бошад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3228--q----q.html