РАҲМОН БА АЁДАТИ ЗАХМИҲОИ КАМАРОБ РАФТ
Субҳи рӯзи душанбеи 27 сентябр, Эмамалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои аёдати сарбозони захмишуда дар ҳамлаи дараи Камароби ноҳияи Рашт ба бемористони низомии шаҳри Душанбе рафтааст. Ин сарбозони Артиши миллии Тоҷикистон рӯзи 19 сентябр, ҳангоме, ки савори комюнҳои низомӣ ба минтақаи мавриди назар дар ноҳияи Рашт, дар шарқи кишвар аз мавзеъе дар наздикии дараи Камароб радд мешуданд, ҳадафи ҳамлаи гурӯҳе мусаллаҳ қарор гирифтанд.
Дар маҳалли ҳодиса тибқи иттилоъи расмӣ, 25 сарбоз ва афсари Артиши миллӣ кушта шуда ва ду нафари дигар дар бемористонҳо ҷон бохтаанд. Вазорати дифоъи Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар он ҳодиса 15 нафари дигар захмӣ шуд. Ҳарчанд дертар дар бораи ҷон додани чанд сарбози дигар дар бемористон гузориш шуда буд, вале вазорати дифоъ ин хабарҳоро радд кард.
Норизоятии хабарнигорон аз вокуниши давлат ба "фоҷеъа"
Ҳамла ба комюнҳои низомии артиши Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҳангоме рух дод, ки як рӯз қабл аз он Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба манзури ширкат дар Маҷмаъаи Умумии СММ барои анҷоми сафари кории 10-рӯза озими Ню-Йорк шуда буд. Бо ин ҳол, дар рӯзи кушта шудани 25 сарбоз ва афсарони тоҷик дар ноҳияи Рашт, телевизиюни Тоҷикистон матни барқияи тасаллияти оқои Раҳмон ба хонаводаҳои кушташудагони ин ҳодисаро пахш карда буд.
Вале рӯзи душанбеи 27 сентябр, хабарнигорон дар як ҳамоиш дар Душанбе аз ин, ки давлати Тоҷикистон дар робита ба кушта шудани 25 низомии тоҷик Рӯзи мотам эълом накард ва ин, ки раиси ҷумҳури кишвар ба хотири ин ҳодисаи "фоҷеъабор" аз сафари Омрикои худ қабл аз мавъид бар нагашт, ибрози норизоятӣ карданд. Зеро ба эътиқоди онҳо, барои бори нахуст пас аз поёни чанги дохили дар Тоҷикистон, дар соли 1997, артиши кишвар бо чунин талафоти сангин рӯбарӯ мешавад.
Тибқи иттилоъи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҷумҳури ба ҳангоми мулоқот бо захмиёни ҳамла дар Рашт, ба мақомоти вазорати дифоъ дастур дод, “аҳли оилаи нафарони дар он ҳодисаи мудҳиш ҳалокшударо аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ намоянд.”
Қаблан гузориш шуда буд, ки давлати Тоҷикистон ба пайвандон ва наздикони сарбозони кушташуда ду ҳазор сомонӣ ё муъодили 450 дулори омрикоӣ кумакпулӣ медиҳад. Вале маълум нест, ки “дастгирии моддӣ”, ки раиси ҷумҳур дар мавриди он дастур додааст, бар иловаи ин ду ҳазор сомонии гузоришшуда аст, ё хайр.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3220-2010-09-27-09-21-17.html