ПУЛИС: “РУСИЯ БАРОИ БОЗДОШТИ ЗИНДОНИЁН КУМАК НАКАРДААСТ”
Бо вуҷуди дастури раиси ҷумҳури Русия ба хадамоти федероли ин кишвар дар бораи ҳамкорӣ бо ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон барои боздошти зиндониёни фирорӣ, ин кишвар то ба ҳол ҳеҷ кумаке дар ин замина ироа накардааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар посух ба ин савол, ки оё бо гузашти бист рӯзи амалиёти боздошти фирориён ва ин дастури Президент Медведев чи гуна кумакҳо аз сӯйи ниҳодҳои русӣ анҷом шудааст, гуфт:
“Амалиёти боздошти зиндониёни фирорӣ танҳо бо истифода аз нерӯҳои дохилӣ сурат мегирад. Ҳеҷ кишваре, аз он ҷумла Русия дар ин замина ба Тоҷикистон кумак накардааст”.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 23 август дар як нишасти матбуъотӣ изҳор дошта буданд, ки аз ҳамтоёни рус ва афғони худ барои боздошти зиндониёни фирорӣ дархости кумак мекунанд. Пас аз чанд соъати пахши ин хабар Президент Дмитрий Медведев ба раиси Хадамоти федероли Русия дастур дода буд, ки ба ҳамтоёни тоҷики худ барои боздошти зиндониёни фирорӣ мусоъидат кунанд.
Маҳмадулло Асадуллоев мегӯяд, ки Тоҷикистон ба ниҳодҳои интизомии кишварҳои ҳамсоя ва Русия аксҳои зиндониёни фирориро ирсол карда, аз онҳо хостаанд, ки дар сурати ошкор шудани ин фирориён дар қаламрави онҳо барои боздошт ва истирдоди онҳо мусоъидат кунанд. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон зимни интишори матолиб дар бораи фирори зиндониён аз эҳтимоли даст доштани ниҳодҳои вижаи Русия дар ин ҳодиса изҳори назар мекарданд.
Зеро дар миёни фирориён панҷ тан аз шаҳрвандони Русия низ буданд, ки соле қабл дар шарқи Тоҷикистон дар пайи як амалиёти вижаи ниҳодҳои интизомӣ алайҳи ҷонибдорони Мирзо Зиёев, аз фармондеҳони собиқи мухолифони пешини давлати Тоҷикистон боздошт шуда буданд. Вале бо боздошти яке аз шаҳрвандони Русия дар миёни шаш нафар аз фирориён дар зарфи даҳ рӯзи ахир, ҳадси бархеҳоро мабнӣ бар ин, ки ин фирориён дар Русия паноҳ бурда бошанд, ботил кард.
Дар ҳамин ҳол амалиёт барои боздошти аъзои дигари гурӯҳи фирориён ҳамчунон идома дорад ва ба гуфтаи оқои Асадулолев, “дар зудтарин фурсат натиҷаи ин амалиёт эълом хоҳад шуд”. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи шоҳидони айнӣ ҳоло дар рустоҳои Абдурасулӣ ва Ваҳдатободи (Туркободи пешин) ноҳияи Ваҳдат кормандони ниҳодҳои давлатӣ машғули ҷустуҷӯйи манзил ба манзили сокинони ин рустоҳо ҳастанд.
Дар амалиёти боздошти зиндониёни фирорӣ куллия ниҳодҳои интизомӣ, амниятӣ ва низомии Тоҷикистон ширкат доранд. Раёсати ситоди вижа барои боздошти зиндониёни фирориро Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон бар ӯҳда дорад. Ба гуфтаи сухангӯйи Вазорати кишвари Тоҷикистон нахустин ду боздошти фирорӣ аз сӯйи ниҳодҳои пулис сурат гирифта ва боздошти чаҳор нафари дигар тавассути нерӯҳои амниятӣ анҷом шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3113-2010-09-14-07-18-51.html