11:58:22 06-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ДОДХОҲИИ НАЗДИКОНИ ХУРШЕД БОБОКАЛОНОВ

 

Пайвандони табибе, ки аз дар мошини милиса ба таври асроромез ҷон додааст, ба Додситони кулли Тоҷикистон шикоят бурдаанд.

Ҳамсари марҳум Заррина мегӯяд, бо ин хулосаи мақомоти умури дохилӣ, ки иллати марги шавҳари ӯ, пизишки дармонгоҳи саратоншиносии Қарияи Боло Хуршед Бобокалоновро аз мастӣ ва бемории қалб донистаанд, розӣ нест. Вай афзуд, «биниаш варам карда буд, таги лабаш ҳам захмдор буд, либосҳояш ҳама дарида ва чиркину хунолуд буд, пойҳо ва дастонаш кабуд буд». 

Хонум Зарина мегӯяд, ки сару либоси хоколуд ва даридаи шавҳарашро ҳамчун далели шайъӣ барои додситонӣ ва додгоҳ нигоҳ доштаанд. Ҳамкасбон ва пайвандони марҳум Хуршед Бобокалонов майнушии ӯро инкор карда, аз ӯ ҳамчун як варзишгари қавӣ ва табиби дар соҳаи худ ҳозиқ ёд мекунанд. Аз ҷумла Толеъ Холназаров, варзишгари маъруф ва аз дӯстони Хуршед Бобокалонов, гуфтааст, ки Хуршед варзишгари беҳтарин буд ва аз машрубот парҳез мекард. 

Аммо сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Асадуллоев мегӯяд, ки Хуршед Бобокалонов шоми он рӯз сархуш буда, ба далели халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ аз сӯи кормандони милиса дастгир шудааст.

Ба гуфтаи оқои Асадуллоев, ташхиси тиббӣ муайян кардааст, ки Хуршед Бобокалонов бар асари майнушӣ ва беморӣ дар роҳ ба сӯи шӯъбаи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба ҳалокат расидааст. 

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, «чуноне, ки ташхиси тиббӣ нишон дод, дар бадани марҳум аломати зарби ҷисмонӣ ба назар нарасидааст. Дар вақти гузаронидани ташхис худи ҳамкорони марҳум ва кормандони додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҳамкорон ӯ иштирок доштанд». 

Ба эътиқоди ҳуқуқшинос Ашӯрбой Имомов, муроҷиати пайвандони Хуршед Бобокалонов расидагӣ хоҳад шуд, вале баъид аст, ки додситонӣ кормандони милисаро дар ин маврид муҷрим бишиносад. 

Вай гуфт, «ин баҳсу талош бояд дар доираи салоҳият сурат гирад, аз он бояд берун нашавад, бо шарте ки воқеан сурат гирад. Вале агар дар нуқтаи назари як зуҳурот сурат гирад, барои расидан ба ягон натиҷа кӯшиш накунанд, дар ин ҳолат ба ҳақикат расидан мушкил аст».

Пайвандони Хуршед Бобокалонов мехоҳанд, тавассути сомонаи интернетии раисиҷумҳури Тоҷикистон қазияро ба самъи Эмомалӣ Раҳмон низ бирасонанд ва аз ӯ нисбат ба маъмурони милиса дод бихоҳанд.

Зайнаби Муҳиддин, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi