11:29:00 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ПАЙКАРАҲОИ САНГАКУ ЛАНГАРӢ БАРДОШТА МЕШАВАД

 

Мақомоти Хатлон эълон кардаанд, ки замони барандохтани нимпайкараҳои собиқ қумандонҳои «Фронти халқӣ» аз кӯчаву хиёбонҳо фаро расидааст. Мавзӯи барафкандани нимпайкараҳои Сангак Сафаров, Лангарӣ Лангариев, Файзалӣ Саидов, Раҳмон Мӯрчаев, ки дар солҳои 90-ум ба истилоҳ, «қаҳрамони миллӣ» маҳсуб мешуданд, ҳанӯз дар як соли қабл мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта буд. 

Идораи фарҳанги Хатлон он замон дар робита ба ин мавзӯъ гуфта буд, ки баркандани муҷассамаҳои Сангак Сафарову Лангарӣ Лангариев дар шаҳри Кӯлоб як амали нодуруст аст ва ин нимпайкараҳо, ки дар Қӯрғонтеппа боқӣ мондаанд, ҳамчун ёдгории таъхирию фарҳангӣ ҳифз хоҳанд шуд. 

Ва аммо ҳамакнун Бурҳониддин Раҷабов, сардори идораи фарҳанги вилояти Хатлон, мегӯяд, бояд осорхонаи вижае таъсис дода шуда, ҳама осори боқимондаи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ он ҷо гирдоварӣ шавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин нимпайкараҳои қумандонҳои собиқ фронти халқӣ низ бояд барканда шуда, дар он осорхона ҷой бигиранд.

Оқои Раҷабов мегӯяд, «ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-и асри гузаштаро хуб ба ёд дорем, ки чӣ рӯзгори сангинеро паси сар кардем. Ин нимпайкараҳоро зиёд «реклама» кардан, ба чашмҳо ҳамеша аён гузоштан шояд он қадар хуб нест. Зарур аст, ки дар ҷумҳурӣ як осорхонаи махсусе бисозанду ҳама ҳамин гуна нимпайкараву осори ҷанги шаҳрвандии пурқурбониро дар он ҷо ҷой доҳем. Ин пайкараҳо бадеият надоранд, беҳтар аст, ки бардошта шаванд…»

Пешниҳоди барандохтани нимпайкараҳои Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов ва Лангарӣ Лангариев аз хиёбони мавсум ба Ломоносови Қӯрғонтеппа миёни сокинони маҳаллӣ ва ҷомеашиносон пуштибонӣ ва ё зиддияти комил пайдо накардааст. 

Дилором Ҳафизова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, аз афроди мухолифи баркандани нимпайкараҳои қумандонони собиқи Фронти халқист. Вай мегӯяд, «Сангаку Файзаливу Лангарӣ нисбати ҳамватанони худ бетафовут набуданд. Албатта наметавонам мутмаин бошам, ки то куҷо боадолат буданд, аммо онҳо ҳам ба таври худ мехостанд як ҷомеаи ҳуқуқбунёд бисозанд. Онҳо то имрӯз ҷонибдорони зиёд доранд. Пас, чаро бишканем ҳайкалашонро? Албатта, шояд нафароне ҳам ҳастанд, ки дар кадом як амалҳое инҳоро гунаҳкор донанд…»

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи дигаре аз соҳибназарон ба ин иддаоҳои ҳам намояндагони ҳукумат ва ҳам намояндагони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик истинод мекунанд, ки гуфтаанд, «ҷанги шаҳрвандӣ қаҳрамон надорад». 

Коршиносон мегӯянд, аз нуктаи назари этикаи сиёсӣ ҳам дуруст нест, ки нимпайкараҳои қумондонҳои Фронти халқӣ то ба имрӯз дар хиёбонҳои шаҳр дида шаванд, чун имкон дорад, ҷониби дигари ҷанг ва ҳамзамон сулҳи тоҷикон, яъне намояндагони собиқ ИНОТ ҳам даъво кунанд, ки масалан, нимпайкараҳои пешвоҳои онҳо низ дар шаҳр қомат афрозанд. 

Ҳайдар Алиев, раиси созмони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар минтақаи Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ба хотири таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ мақомот бояд чунин як тасмими барандозии нимпайкараҳои замони ҷангро бигиранд. Вай афзуд, «масалан, имрӯзҳо ҳастанд нимпайкараҳое, ки барои насли нав онҳоро муаррифӣ кардан душвор аст. Зеро шарҳи ҳоли онҳо ба замони ҷанги шаҳрвандӣ ва харобкориву ҳодисаҳои нангину рӯзгори вазнини мардуми тоҷик рабт дорад. Ин гуна нимпайкараҳо ваҳдату якпорчагии давлатро халалдор мекунанд...»


Он гуна, ки зикр шуд, нимпайкараҳои Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов ва Лангарӣ Лангариев дар яке аз хиёбонҳои калонтарини Қӯрғонтеппа, дар маҳаллаи мавсум ба Ломоносов ҷойгир аст. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ҳоло бо дидани ин нимпайкараҳо онҳоро ҳар гуна эҳсосот фаро мегирад, аммо чунин ба мушоҳида мерасад, ки ғолибан онҳо низ ҷонибдори барандохтани ин ёдгориҳо ҳастанд.

«- Мумкин бо мурури замон ин ҳайкалҳо аз байн мераванд ва ба ҷойи онҳо муҷассамаҳои шоирону олимони бузурги тоҷик, ки то ҳоло дида намешаванд, қомат афрозанд. Ин бештар зарур аст…

… Ин нимпайкараҳо воқеан аҳамияти тарбиявӣ доранд ва дар оянда, масалан, волидон сӯйи нимпайкараи Сангак Сафаров ишора карда ба фарзандон мегӯянд: ин мард раиси Фронти халқии Тоҷикистон буд ва то шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ 23 сол дар маҳбас ба сар бурдааст, аммо намехоҳам иштибоҳоти ӯро ту такрор бикунӣ…

… Беҳтараш ин ҳайкалҳоро баранд, дар ягон осорхона ҷой кунанд. Ҳар касе мехоҳад, меравад, мебинад, ҳар касе намехоҳад, дигар намебинад ва аз он солҳои ҷанги мудҳиш ёд намекунад…» 

Нимпайкараҳои Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов, ки ба гуфтаи мақомот, замони ҷанг ҳамдигаркушӣ кардаанд, ва Лангарӣ Лангариев, ки низ қурбони низоъҳои ҳамватанӣ шудааст, дар 15 соли қабл, соли 1994 дар Қӯрғонтеппа қомат афрохта, шояд вопасин ёдгорӣ аз он солҳои сангин маҳсуб мегардад. 

Идораи фарҳанги Хатлон мегӯяд, ба ин сабаб ки ин нимпайкараҳо бадеият надоранд ва бесифат сохта шудаанд, бояд бардошта шаванд. Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, онҳо як ҷузъи таъриханд ва бигузор боқӣ монанд. Гурӯҳи саввум ва ғолибан, шаҳрвандон дар навбати худ мегӯянд, беҳтар аст, ки ба хотири марҳами захмҳои бардошта аз он солҳо нимпайкараҳои ин се афрод бардошта шавад.

Носирҷони Маъмурзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi