06:33:01 01-уми Июни 2025 сол

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «БОЯД СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛИРО ҲИФЗ НАМОЕМ»

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

дар ҷашни 13-умин солгарди Рўзи ваҳдати миллӣ

 

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

 

Имрўз аз рўйдоди тақдирсози ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар хотираи таърихии халқи тоҷик ҷовидон хоҳад монд, сездаҳ сол сипарӣ мегардад. Мардуми Тоҷикистон ин санаи фархундаву сарнавиштсозро ҳар сол бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ, давлатдории миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта ва имрўзаву ояндаи кишвар таҷлил менамоянд.

 

Ба ин муносибат ҳар як фарди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамаи ҳозирини гиромӣ ва меҳмонони арҷмандро, ки аз дуру наздик ба хотири ҷашни мубораки ваҳдати миллӣ ба назди мардуми сарбаланду меҳмоннавози Бадахшон, ба шаҳри зебоманзари Хоруғ ташриф овардаанд, самимона табрику шодбош мегўям. Боиси сарфарозист, ки дар ин рўзҳои гарми тобистон  дар фазои саршор аз меҳру самимияти мардуми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мову шумо Рўзи ваҳдати миллиро дар ин диёри воқеан афсонавӣ, ки оламиён Боми ҷаҳонаш меноманд, таҷлил менамоем.

 

Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Мо аз халқи азизу миллати соҳибфарҳанги тоҷик, аз ҷумла мардуми баору номуси Бадахшон, ки бо сабру таҳаммул ва хиради азалӣ тавонистанд оташи ҷанги шаҳрвандиро барқасди нақшаҳои шуми бадхоҳон хомўш сохта, бо сулҳу созиш, ваҳдати миллӣ ва майлу иродаи қавӣ роҳи ояндаро барои эъмори як давлати соҳибистиқлоли демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ муайян намоянд, ҳамеша сипосгузорем.

 

Ман сафари нахустинамро моҳи июни соли 1993 дар мақоми Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон хуб дар хотир дорам. ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунам, ки мардуми оддиву заҳматкаши ин диёр маро чун фарзандашон бо чеҳраи кушода ва нону намак истиқбол гирифтанд. Он замон фазои сиёсиву иҷтимоии кишвар чандон ором набуд, вале мардуми Бадахшон ҳама хоҳони сулҳу субот ва оромӣ дар Ватани азизамон - Тоҷикистон буданд. Онҳо бо вуҷуди мушкиливу норасоиҳои зиёди рўзгор, ки он рўзҳо қариб саросари мамлакатро фаро гирифта буданд, аз ман ҳамчун Сарвари давлат танҳо як чизро дархост мекарданд: ҳарчи зудтар дар кишвар сулҳу оромӣ барқарор гардад.

 

Аз ҳамон вақт меҳр ва ихлоси ман ба мардуми фурўтану покдили Бадахшон беҳтар ва бовариам қавитар гардид. Ман амиқан эҳсос кардам, ки барои расидан ба ҳадафи неки пешгирифтаамон, яъне ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи пойдор аз ҳама бештар одамони оддӣ манфиатдоранд ва ин мардуми шариф моро сидқан дастгирӣ менамоянд. Имрўз бори сивуҳаштум аст, ки ман ба вилояти Бадахшон сафар дорам ва мебинам, ки симои вилоят аз баракати кору заҳмати ин мардуми ободгар ва созанда торафт дигаргун мешавад. Истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ, бемуболиға, яке аз бузургтарин дастовардҳои мо дар охири садаи ХХ мебошад, ки ин аз сиришти сулҳпарварона ва ақлу заковати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.

 

Рисолати сулҳпарварии миллати тоҷик дар пурихтилофтарин давраҳои таърих ва бархўрди тамаддунҳои гуногун низ ҳамеша ба суботу оромии кишвар равона гардида буд. Миллати мо тавассути фарҳанги таҳаммулгарову башардўстонаи хеш борҳо давлату ҷомеаи тоҷиконро аз гирдоби марговари бозиҳои сиёсӣ наҷот додааст. Мардуми тоҷик дар таърихи тўлонии худ давраҳои бисёр сахту сангинро сипарӣ намуда, бо фарҳанги воло, хиради азалӣ ва тадбиру таҳаммул аз ҳама гуна бўҳронҳои иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ ёфтааст.

 

Родмардони фидоӣ ва фарзандони фарзонаи ин мардум тавонистаанд, ки истиқлолияту озодӣ ва асолату ҳувияти миллиро бо ҷасорату матонат, зиракиву фаросат ва ҳусни тадбир ?ифз намуда, ба онҳо ҷило ва бақои тоза бахшанд. Масалан, чеҳраҳои барҷастаи тамаддуни мо – Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, устод Рўдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, Носири Хусрав ва бузургони дигар арзишҳои бунёдӣ ва маънавияти зиндагисозро дар чорчўбаи ислом густариш дода, ҳамзамон бо ин, забону фарҳанги миллӣ, суннату русум ва симои хоси таърихии ниёгони худро дар замонҳое ҳифз намудаанд, ки дар он давраҳо даҳҳо миллату халқиятҳо ва давлатҳои хурду бузург аз арсаи таърих беному нишон гаштаанд.

 

Ё худ дар давраҳои баъдии таърихи тоҷикон як гурўҳ зиёиёни ватанпараст, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва даҳҳо нафари дигар барои пайвастани миллати тоҷик ба решаҳои таърихӣ ва эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ ҷонбозиҳо кардаанд. Нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта имтиҳони навбатии таърих ва озмоиши сарнавиштсозе буд, ки мардуми Тоҷикистон ва миллати хирадпешаи мо онро сипарӣ намуда, роҳи мутамаддини давлатдорӣ ва равиши ҳамбастагиро бо ҷомеаи башарӣ пеш гирифт.

 

Маҳз ба шарофати фарҳангу оинҳои таҳаммулгарои аҷдодӣ мову шумо аз гирдоби мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, зимни имзои санади истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи устувор ноил гардидем, бо ҳамдиливу ҳусни тафоҳум бисёр мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро ҳаллу фасл кардем. Дар ин раванд мо, пеш аз ҳама, пойдевори кохи бузурги ваҳдатро бунёд гузошта, барои зиндагии шоиставу арзандаи мардуми Тоҷикистон марҳала ба марҳала заминаи мусоид фароҳам овардем.

 

Зеро ваҳдату ҳамбастагӣ аз суннатҳои асили мардуми тоҷик мебошад, ки барои рушду нумўи ояндаи давлат ва тақвияти минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ мусоидат мекунад. Имрўз сохторҳои давлатдории мо зина ба зина ташаккул ёфта, кишвари соҳибихтиёр ва давлати мустақили миллиамон ба сўи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор мегузорад. Мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату ҳамрайъӣ нақшаҳои бузурги умумимиллиро тарҳрезӣ намуда, ҳадафҳои наҷибу ояндасози давлатдориамонро амалӣ мегардонем.

 

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистон, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ то ба имрўз мо ба як қатор дастовардҳои назаррас, аз ҷумла рушди соҳаҳои энергетика, роҳсозиву алоқа ва сохтмону кишоварзӣ ноил шудем, ки ҳамаи онҳо барои аҳли ҷомеа мисли оина равшану маълуманд. Дар давоми чанд соли охир дар минтақаҳои кўҳистони кишвар беш аз 180 нерўгоҳи хурди барқи обӣ бунёд гардиданд ва нерўгоҳҳои Сангтўда-1 ва Помир-1 ба истифода дода шуданд. Имрўзҳо сохтмони нерўгоҳи Сангтўда-2 ва корҳои барқарорсозӣ дар нерўгоҳи азими Роғун босуръат идома доранд.

 

Хурсандиовар аст, ки бунёди роҳи байналмилалии мошингарди Душанбе-Кўлоб-Хоруғ-Кулма, Душанбе-Нуробод-Рашт-Саритош, инчунин пулҳои байнисарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон дар Хоруғ, Ишкошим, қалъаихумб, Ванҷ ва Панҷи Поён вилояти Бадахшонро бо пойтахти мамлакат ва кишварҳои Чин, қирғизистон, Афғонистон ва дигар мамолики дуру наздик мепайванданд. Вале ин дастовардҳо ҳанўз моро қаноатманд намесозанд.

 

Мо азми қавӣ дорем, ки бо бунёди иншооти азими гидроэнергетикиву коммуникатсионӣ ва сохтмони шоҳроҳҳои замонавӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, бахусус рушди саноату кишоварзӣ, коркарди ашёи хом ва истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, пешрафти илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем. Дар роҳи иҷрои ин нақшаву ниятҳои нек мо ҳамеша ба азму иродаи халқи бузургамон  такя мекунем.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854