13:39:53 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ШИКОЯТ АЗ ШИНОСНОМАҲОИ ҚАЛБАКӢ

 

Мақомоти додситонии вилояти Хатлон аз идораҳои шиносномадиҳии Раёсати корҳои дохилии минтақа тақозо кардааст, аз додани шиносномаҳои миллӣ ва хориҷии тақаллубӣ ба шаҳрвандон даст бардорад ва ҳамчунин ба дархостҳои шаҳрвандон саривақт расидагӣ кунад.

Ин талаби мақомоти додситонӣ дар як ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии ниҳодҳои интизомӣ ва қудратии вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа пеш гузошта шуд. Додситонӣ ба унвони далел гуфт, тақаллуб ва қонуншиканӣ дар риштаҳои шиносномадиҳии мақомоти милиса ба ҳадде расидааст, ки ҳатто мавориди ба шаҳрвандони хориҷӣ ғайриқонунӣ додани шиносномаҳои шаҳрвандии Тоҷикистон ошкор гардидааст.

Рустам Халилов, сардори шӯъбаи назорати умумии додситонии Хатлон, гуфт, «дар ин маврид холатхое ошкор гардидааст, ки мақомоти шиносномадиҳӣ ба шахрвандони давлати исломии Афғонистон шиносномаи миллии Тоҷикистонро дода, аммо баъдан ин шаҳрвандон дар Қиргизистон бо микдори зиёди маводи мухаддир боздошт шудаанд. Ин гуна мисолҳо имиҷи кишвари моро дар арсаи байналхалқӣ бисёр мекоҳонад…» 

Окои Халилов афзуд, дар ин робита барои ба муҷозоти интизомӣ кашидани чанд корманди идораи шиносномадиҳӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод шудааст. 

Додситонӣ ҳамчунин мегӯяд, мавориди зиёди бидуни таҳқиқу санҷиш ба шаҳрвандони кишвар додани шиносномаи нав бар ивази шиносномаҳои гӯё гумшуда кашф шудааст. Дар ҳоле ки соҳибони чунин шиносномаҳо ҳуҷҷати худро ба шаҳрвандони хориҷӣ фурӯхта, бо баҳонаи гум шудани он соҳиби шиносномаи нав шудаанд. Додситонӣ зимнан, тақозо кардааст, ки дар робита ба 38 пешниҳоди ин ниҳод оид ба муҷозоти кормандони идораҳои шиносномадиҳӣ чораҳо андешида шавад.

Дар ҳамин ҳол, маъмурияти идораи шиносномадиҳӣ дар раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар шарҳи иддаоҳои додситонӣ оид ба қонуншиканиҳои кормандони мақомоти шиносномадиҳӣ мегӯяд, аксаран чунин маворид бо айби худи шаҳрвандон рӯй медиҳанд. Масъули ин идора гуфт, «он хатоҳое, ки дар кори кормандони мо буд, бартараф карда шуд. Аммо аксаран худи шаҳрвандон маълумоти бардуруғ пешниход карда, кори моро доғдор мекунанд…» 

Ва аммо мавзӯи бахсу баррасии дигар дар миёни мақомоти додситонӣ ва раёсати корҳои дохилӣ тартиб додани шиносномаҳои нав ба муҳоҷирони корие мебошад, ки аз кишвари муҳоҷират депорт шудаанд. 

Тибқи қонун, муҳоҷирони депортшуда то панҷ соли оянда ҳуқуқи бозгашт ба кишвари муҳоҷиратро надоранд, аз ин рӯ, онхо дар ватан ному насабро тағйир дода, шиносномаи нав мегиранд, ки ба иддаои додситонӣ, хилофи қонун аст. 

Рустам Халилов, корманди масъули додситонии вилояти Хатлон, гуфт, ки дар ин иртибот ҳам якчанд ҷиноят ошкор шудааст. Гузашта аз ин ҳама, дар робита ба таъхир дар додани шиносномаҳои хориҷӣ низ мақомоти шиносномадиҳии вилояти Хатлон зиёд танқид мешаванд. 

Ахиран, ба гуфтаи додситонӣ, 59 сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ танҳо бо гузашти 63 рӯз имкони ба даст овардани шиносномаи хориҷиро пайдо кардаанд, дар ҳоле ки қонун мӯҳлати ҳадди аксар як моҳро барои анҷоми ин кор муайян кардааст.

Носирҷони Маъмурзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi