02:31:13 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАҲКУМИЯТИ СОЛЕҲОВ БА ҲАБСИ ТӮЛОНӢ

Рӯзи панҷшанбе, 25 июн, додгоҳи шаҳри Душанбе Тағойназар Солеҳов, бародари вазири кишвари пешини Тоҷикистонро ба иттиҳоми қатл ва ҳамли ғайримуҷози силоҳ ба муддати 15 солу шаш моҳ сол зиндон маҳкум кард.

Қабл аз оғози ҷаласаи додгоҳ ва эъломи ҳукм тадобири амниятӣ дар атроф ва дохили сохтмони додгоҳи шаҳри Душанбе ташдид шуда ва пулис бо наҳваи хашин аз вуруди хабарнигорони Би-би-сӣ ба толор ҷилавгирӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки масъулони ин додгоҳ қаблан эълом доштанд, ки ҷараёни баррасии ин қазия кушод сурат гирифта ва хабарнигорон метавонанд ба таври озод дар кори он ширкат кунанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Алпомиш Акбаров, қозии додгоҳ, аз ҷумлаи се иттиҳоми ворида алайҳи Тағойназар Солеҳов ҳодисаи қатл аз иттиҳоми аслӣ маҳсуб шуда ва ин амр дар таъйини муҷозоти сангин нақши калидӣ доштааст.

Ба гуфтаи оқои Акбаров, дар соли 1999 оқои Солеҳов дар ҳолати мастӣ Далер Фозилов, корманди ниҳоди интизоми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва бародари хонумашро ба зарби гулӯлаи мусалсали Калашников аз пой дароварда буд.

Сайфиддин Сироҷзода, муъовини аввали додситони шаҳри Душанбе гуфт, ки дар ҳамон сол парвандаи ҷиноӣ дар ин замина боз шуда, вале ба далели набудани шоҳидон бозрасии ин қазия то ҳол идома доштааст.

Вале коршиносон мегӯянд, ки боздошти Тағойназар Солеҳов танҳо пас аз барканор шудани бародараш Маҳмадназар аз мақоми вазири кишвари Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ имконпазир шудааст.

Зимнан, Маҳмадназар Солеҳов, собиқ вазири кишвари Тоҷикистон ба ҳангоми боздошт аз сӯйи ниҳодҳои интизомии ин кишвар дар ҳафтаи гузашта даст ба худкушӣ зад.

Тағойназар Солеҳови 56-сола то замони боздошт раёсати терминоли гумруки шаҳри Душанберо ба ӯҳда дошт.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi