10:51:39 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РУҚИЯ НУРӢ: «РАЪЙИ МАН МАЪЛУМ НЕСТ»

Шумори раъйҳои Руқия Нурӣ, духтари бузурги Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки ба номзадии вакилии маҷлиси ноҳияви Фирдавсӣ аз тарафи ҲНИТ пешниҳод шуда буд, то ҳоло мушахас нашудааст. Дар сӯҳбат ба Озодӣ Руқия Нурӣ гуфт, то ба ҳанӯз қитъаи интихоботии ӯ натиҷаи овозҳои гирифтаи ӯро эълон накардааст.

 

Руқия: «Чандин маротиб бо раиси қитъа дар тамос шудам ва гуфтам, чӣ қадар раъй гирифтам, гуфт, қуттиҳоро ба қитъаи дигар бурдем, он ҷо ҳисоб карда мешаванд. Ман даъвоии раъйи аксариятро надорам. Вале мехоҳам бидонам, ки чӣ қадар раъй гирифтам. Вале аз рӯзи интихобот ду рӯз мегузарад, то ҳоло ба ман мегӯянд, ки варақаҳоро ҳисоб накардаанд. Ҳол он ки тибқи қонун варақаҳо аз қитъа берун бароварда нашаванд ва бояд дар фурсати аввалин номзадҳои маҳаллӣ мушаххас шаванд».

 

Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi