12:08:56 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

БОЗДОШТИ СОБИҚ РАИСИ ШИРКАТИ "ТОҶИКЭЙР"

 

 Бино ба иттилои додситонии кулли Тоҷикистон, собиқ раиси ширкати «Тоҷикэйр» Ҳокимшо Тиллоев боздошт шудааст. Ин сарчашма афзудааст, ки Ҳокимшо Тиллоев феълан дар боздоштгоҳи муваққатии раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе қарор дорад. Додситонии кулли Тоҷикистон аз додани хабари изофӣ дар робита ба боздошти собиқ раиси ширкати «Тоҷикэйр» худдорӣ кардааст.

Ҳокимшо Тиллоев аз 20-уми ноябри соли 2008 аз вазифаи мудири кулли ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикэйр» барканор карда шуда буд. Ахиран додситонии кулли Тоҷикистон зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кард. Абдусамӣ Додобоев, муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, ин амр дар пояи шикояти чанде аз шаҳрвандони кишвар, ки бо Тиллоев «муомилоти пулӣ» доштаанд, сурат гирифтааст. 

Ин афрод, ки муовини додситонии кулл аз шумора ва миқдори маблағи ба Тиллоев додаашон нахост сӯҳбат кунад, натавонистаанд, пули худро аз раиси пешини ширкати ҳавонавардӣ пас бигиранд. Ба ин далел маҷбур шудаанд ба ниҳодҳои ҳифзи қонун муроҷиат кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi