09:18:47 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Манбаъ: Пулиси Туркия акси қотили У.Қувватовро ба даст овардааст

Ба гуфтаи афроди огоҳ аз ҷараёни тафтиши парвандаи қатли раҳбари "Гурӯҳи 24" УмаралӣҚувватов, бахши зиддитеррори пулиси Истамбуол баъди 10 рӯзи таҳқиқи акси қотили эҳтимолии ин раҳбари мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро ба даст овардааст.

umarali-quvvatov_3265214.jpgЯке аз нафарони огоҳ аз ин парванда рӯзи 15 март дар як тамоси телефонӣ аз Истамбул ба мо хабар дод, ки қарор аст, пулис акси ин қотили эҳтимолиро аллакай рӯзи 16 март ба Сӯҳроб Тӯраев, яке аз наздикони УмаралӣҚувватов нишон бидиҳад: "Дар ҳар сурат, ӯро фардо даъват кардаанд, то ба ин акс назаре биандозад, ки оё ӯро мешиносад? Аммо тавре ба назар мерасад, дар пулис мутмаинанд, ки қотили воқеиро пайдо кардаанд."

Ба гуфтаи ин манбаъ, тайи 10 рӯзи таҳқиқ тавассути таъқиби тамосҳои телефонӣ тақрибан то 15 нафаре, ки дар рӯзҳои қабл аз куштори Қувватов бо Сулаймон Қаюмов, як гумонбари асосӣ дар ташкили ин куштор тамоси телефонӣ доштаанд, мавриди пурсуҷӯқарор гирифтанд ва "аз ин миён тақрибан 7 ило 8 нафараш дар боздоштанд."

Аммо тасдиқ ё тардиди расмии ин хабарҳо аз сӯи мақомоти бахши зиддитеррори пулиси Истамбул имкон надорад, чунки ин ниҳод аз рӯзи аввали таҳқиқи парвандаи қатли Қувватов аз ҳар навъ ташреҳи ҷузъиёти ин парванда ва кадом пешрафте дар ҷараёни тафтиш худдорӣ мекунад.

Ҳамсӯҳбати мо хабарҳои нашршуда дар бораи судури ҳукми ҳабси як гумонбар ва раҳоии ду тан аз гумонбари дигар дар қатли Қувватовро ҳам шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, Сулаймон Г., ки матбуоти Туркия менависад, дуруст ҳамон Сулаймон Қаюмов, як сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ аст, ки Қувватов шаби 5 март ҳангоми берун шудан аз зиёфате дар манзили ӯ дар ноҳияи Фотиҳи шаҳри Истамбули Туркия ҳадафи сӯъиқасди мусаллаҳона қарор гирифт ва бо зарби тир кушта шуд.

Наздикони раҳбари кушташудаи “Гурӯҳи 24”, ки дар он зиёфати гӯё ба хотири солгардии марги падараш доиркардаи Сулаймон ҳузур доштанд,  ҳамчунин ӯро аз ибтидо ба он айбдор мекарданд, ки дар ғизоҳо ва ҳатто дар шарбату нӯшокиҳои рӯи дастурхонаш “заҳр” андохта буд ва аҳволи ҳамаи онҳо баъди тановули он ғизо бад шуд.

Як нафари огоҳ аз ҷараёни тафтиши ин парванда рӯзи 15 март ба мо гуфт, дар мурофиаи рӯзи ҷумъа Сулаймон Қаюмов расман ба талоши заҳр додани Қувватов ва наздикони ӯ ва ҳам ба мусоидат ба қотил барои куштани ин раҳбари мухолифони ҳукумати Тоҷикистон айбдор шуд.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи ҷумъа нирӯҳои вижаи пулис Сулаймонро завлонабанд ва сараш то байни пойҳояш хам вориди толори мурофиа карданд ва ба ҳамин минвол берун бурданд, ки касе ҳатто имкони радубадалеро бо вай надошта бошад.

Ин манбаъ афзуд, "ду нафаре ки озод шуданд, якеаш ҳамин Сӯҳроб Тӯраев аз "Гурӯҳи 24" аст. Далели ду рӯз боздошт шудани вай шаҳодати Сулаймон Қаюмов буд, ки гуфтааст, ки гӯё заҳрро дар ғизои зиёфати шаби 5 март ӯ андохта бошад. Вале тафтишот нишон дод, ки ин тӯҳмат асос надорад ва Тӯраевро рӯзи ҷумъа озод карданд."

Нафари дуюми озодшуда, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон  буд, ки Сулаймон Қаюмов шаби 5 март баъди сӯиқасд ба УмаралӣҚувватов дар манзили иҷораи ӯ дар маҳаллаи Киёшаҳиди Истамбул пинҳон шудааст: "Дар додгоҳ он марди тоҷик шаҳодат дод, ки Сулаймон Қаюмов бо фиреб худро тоҷир аз Қазоқистон муаррифӣ карда, барои ҳамон шабашро рӯз кардан аз ӯ иҷозат пурсидааст. Ва ин мард бехабар аз асли масъала ҳамватан гуфта, вайро паноҳ додааст. Ин нафарро ба ҳамин далели паноҳ додан ба Сулаймон дастгир карданд, вале даст надоштани ӯ дар ташкили қатли Қувватов собит шуд ва ӯро ҳам рӯзи ҷумъа раҳо карданд."

Бино ба гузоришҳои матбуоти Туркия, додгоҳи шаҳри Истамбул рӯзи ҷумъаи 13 март се нафари боздоштшуда бо гумони даст доштан дар қатли раҳбари “Гурӯҳи 24” УмаралӣҚувватовро эҳзор ва аз ин шумор якеро  бо номи Сулаймон Г. расман ба даст доштан дар ин ҷиноят айбдор кард.

Нашрияи “Daily Sabah” менависад, “ҳарсе эҳзоршудаҳо, бо шумули Сулаймон Г., шаҳрвандони Тоҷикистон буда, ҳанӯз рӯзи 9 март аз тарафи бахши зиддитеррори пулиси Истамбул ба даст доштан дар қатли раҳбари мухолифони ҳукумати Тоҷикистон айбдор шудаанд.  Сулаймон Г. бо ҳукми додгоҳи Истамбул ба ҳабс гирифта шуд, вале ду гумонбари дигар дар ин қазияро озод карданд.”

Хабаргузории расмии “Анадолу” ва сомонаи интернетии "BGN News" хабар доданд, ки  ду гумонбари дигар танҳо шартан озод шудаанд. Матбуоти Туркия мегӯяд, як шарти озодии онҳо тарк накардани қаламрави ин кишвар то замони анҷоми таҳқиқи парвандаи қатли УмаралӣҚувватов ваё дастикам то замони пурра пок шудани номи онҳо аз ҳар навъ иртибот бо ин куштор  мебошад.

УмаралӣҚувватови 47-сола шаби 5 март дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона кушта ва рӯзи 9 март дар оромгоҳи Килёси шаҳри Истамбул ба хок супурда шуд. Қувватов аз соҳибкорони дар гузашта муваффақ дар Тоҷикистон ба шумор мерафт ва тиҷоратҳои марбут ба яке аз наздикони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро мечархонд.

Аммо дар соли 2012 ӯву шарики тиҷориаш Шарофиддин Гадоев бо тарки Тоҷикистон “Гурӯҳи 24”-ро таъсис доданд ва наздикони раисиҷумҳурро ба ғасби тиҷоратҳои худ айбдор карданд. Аммо ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон” баъди фирори Қувватов ва Гадоев собиқаи раҳбарии Қувватов ба ин ширкатҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, Қувватов бо ин ширкатҳо “ҳамкорӣ” дошт, на “раҳбарӣ”.

Қувватов  ду дафъа – аз декабри соли 2012 то сентябри соли 2013 дар Дубай ва аз декабри соли 2014 то январи соли 2015 дар Истамбул – бо тақозои мақомоти Тоҷикистонро, ки ӯро ба қаллобӣ ва дуздии беш аз 1 миллион доллар аз ширкатҳои ин кишвар айбдор карданд, боздошт шуд, вале дар ҳар ду маврид Имороти Муттаҳидаи Араб ва Туркия аз истирдоди ин мухолифи ҳукумати Раҳмон ба Душанбе худдорӣ карданд.

Қувватов бо аҳли хонаводааш дар Туркия як соли охир ба сар мебурд ва мунтазири баррасии дархости паноҳандагиаш аз сӯи Идораи паноҳандагони СММ буд.

“Гурӯҳи 24” яке аз мунтақидони шадиди ҳукумати Тоҷикистон ба шумор мерафт ва аз ҷумла соли гузашта бо баргузории чанд таҷаммӯи зидди ин ҳукумат дар шаҳрҳои Русия мардумро ба як эътирози густарда дар рӯзи 10 октябр дар маркази Душанбе ҳам даъват кард. Мақомот дар остонаи 10 октябр табдирҳои амниятро дар атроф ва дохили пойтахт шадид карданд ва Додгоҳи олии Тоҷикистон низ рӯзи 9 октябр “Гурӯҳи 24”-ро ифротӣ ва фаъолияташро мамнӯъ эълон кард.

“Гурӯҳи 24” рӯзи 12 март эълон кард, ки дар нахустин ҷаласаи баъди кушта шудани УмаралӣҚувватов баргузоркардаи Шӯрои сиёсиаш Шарофиддин Гадоеви 29-сола раҳбари нави ин созмон ва Собир Валиев, як соҳибкори 26-сола муовини ӯ интихоб шудаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi