13:50:17 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Шикояти ҲНИТ аз боздошти чандин узваш дар Хатлону Суғд

Ситоди ҲНИТ мегӯяд, як рӯз баъд аз интихобот дастикам 3 тан аз раҳбарони маҳаллиаш ва "чандин нафари дигар" дар вилоятҳои Суғду Хатлон дастгир шудаанд.

kabiri_6569989.jpgСитоди интихоботии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши як баёния ҳадафи мақомот аз боздошти дастикам 3 раҳбари созмонҳои маҳаллии ин ҳизби мухолиф дар рӯзи 2 мартро мамониат дар роҳи расидани онҳо ба пойтахт, шаҳри Душанбе ва ба дасти ситоди марказииҳизб расондани протоколҳо ва шикоятҳо аз ҷараёни интихобот номид.

Дар ин баёния гуфта мешавад, "рӯзи 02.03.2015 ҷаласаи васеъи ситодҳои интихоботӣ, номзадҳо ва нозирони ҲНИТ, барои баррасӣ, натиҷагирӣ ва баҳодиҳии интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад. Қарор аст, ки номзадҳо, нозирон ва ситодҳо нусхаҳои протокол ва арзу шикоятҳоро ба марказ биёранд. Аммо аз субҳ барои омадани масъулини ҳизб ба пойтахт монеаҳо эҷод шуда, бо ҳар баҳона онҳо дар идораҳои мақомоти марбут нигоҳ дошта мешаванд."

Ситоди интихоботии ҲНИТ мегӯяд, рӯзи 2 март дастикам 3 тан аз аъзои фаъолаш - Аббос Раҷабзода, раиси шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд, Анвар Қурбонов, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ва Муҳаммаднабӣ Саидбурҳонов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир "ва чандин нафарҳои дигар" боздошт шудаанд.

Ин дар ҳолест ки мақомоти умури дохилаи Қумсангир аллакай  Муҳаммаднабӣ Саидбурҳонов, раиси ҲНИТ дар ин ноҳияро баъд аз як "пурсуҷӯ" раҳо кардаанд.Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ ва яке аз ду нафари боздоштшуда тавассути пулиси ноҳияи Қумсангир, рӯзи 2 март ба Радиои Озодӣ гуфт, “мақомоти шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Муҳаммаднабӣ Саидбурҳонов, раиси бахши ҲНИТ дар ин ноҳияро пас аз як сӯҳбати кӯтоҳ раҳо карданд.”

Ҷаноби Файзраҳмонов, қазияи боздошти худ ва Муҳаммаднабӣ Саидбурҳоновро ин тавр шарҳ дод: “Мо қабл аз зуҳр аз ноҳияи Қумсангир ба сӯи Душанбе ҳаракат кардем. Дар даромадгоҳи ноҳия пости маъмурони пулис фаъол аст ва дар фосилаи байни ноҳияи Қумсангир ва Ҷалолиддини Румӣ пулис моро дошт ва ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Ҳатто дар роҳ маро ҷавоб доданд ва гуфтанд, ки Муҳаммабнабӣ Саидбурҳонов бо мо ба шӯъбаи корҳои дохилӣ меравад ва онҷо сӯҳбат мекунем."

Аммо мегӯяд Файзраҳмонов, "ман, гуфтам, ман низ бо шарикам бо Шумо меоям. Чун ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир рафтем, албатта, муносибати маъмуроон бо мо хуб буд ва миёни мо ва онҳо ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт. Маъмурони пулис сабаби боздошти моро ба он рабт доданд, ки дар пост худрави моро манъ карданд, аммо мо ба фармони пулис итоат накардем. Мо гуфтем, нафаҳмидем ва баъдан моро раҳо карданд. Ҳамин ҳоло ҳамроҳи Муҳаммаднабӣ Саидбурҳонов дар роҳ ба сӯи Душанбе ҳастем."

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи 2 март, як рӯз баъд аз интихоботи парлумонӣ аз боздошти раисони бахшҳои ин ҳизби мухолиф дар ноҳияи Қумсангир ва шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон низ хабар дод. Сомонаи ҲНИТ навишт, раиси бахши ин ҳизб дар шаҳри Сарбанд Ҳоҷӣ Анварро низ маъмурони милиса ба далоили ҳанӯз норӯшан боздошт кардаанд. Ӯ худаш дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба дафтари ҲНИТ гуфтааст, "ҳангоми омаданаш ба Душанбе барои ширкат дар ҷаласаи ҷамъбасти интихобот, чанд нафар милиса ӯро боздошт карда ба шӯъба бурдаанд." Талоши намояндагони ҲНИТ барои тамос бо ин намояндааш ҳанӯз натиҷа надодааст.

Раҳбарони ҲНИТ расман ин ду боздоштро шарҳ надоданд, вале як манбаи наздик ба раҳбарияти ҳизб ба мо гуфт, боздошти ин ду раҳбари ҳизб ғолибан ба эълони натиҷаҳои расмии интихоботи 1 март рабт дорад. Ӯ гуфт, агар ҳизби наҳзатро аз парлумони оянда берун карданӣ бошанд, чунин боздоштҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз эътирозҳои эҳтимолӣ идома хоҳанд ёфт.

ҲНИТ шумори аъзояшро зери 45 000 нафар баршуумурда, умдатарин ташаккули сиёсии мухолифин  дар Тоҷикистон ба шумор меояд. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 ин ҳизб баъд аз ҳизби ҳокими халқии демократии президент Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи дувумро ба даст оварда, соҳиби 2 курсӣ дар парлумон шуда буд. Аммо дар пешорӯ ва дар ҷараёни корзори интихоботи 1 март ҲНИТ пайваста аз фишори мақомот алайҳи аъзо ва тарафдоронаш шикоят мекард.

Тибқи натиҷаҳои рӯзи 2 март эълоншуда, ҲНИТ дар интихоботи парлумонӣ инбор ҳамагӣ 1,5 фоиз овоз ба даст овардааст ва ба ин далел дар парлумони оянда ягон курсӣ нахоҳад гирифт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi