17:45:14 14-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Кабирӣ: Олимон ба ҷойи кори илмӣ ба сиёсат даст мезананд

Баррасии тарҳи қонун дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника дар таҳрири нав дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон боиси баҳси Муҳиддин Кабирӣ ва Фарҳод Раҳимӣ шуд.

kabiri-5444659898989.jpgМаҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 14-уми январи соли ҷорӣ дар иҷлосияи навбатии худ лоиҳаи қонун дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника дар таҳрири навро баррасӣ кард, ки баҳсҳоеро миёни вакилон ба вуҷуд овард. Ҳадафи ин тарҳ, ки аз ҷониби олимони Академия ва вакилони парлумон омода шудааст, рушди илми тоҷик гуфта мешавад. Онро Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ба вакилон муаррифӣ кард.

Ин қонун 16 сол пеш қабул шуда буд ва дар ин муддат барои аввалин бор ба он тағйирот ворид мешавад. "Он принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ, ба вижа роҳ надодан ба рафтори ношоями илмиро муайян мекунад. Ҳамчунин, дар ин қонун роҳҳои бештари ҳавасмандсозӣ тавассути додани ҷоизаҳо, пешбинӣ шудааст",-гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Ҳангоми баррасии ин қонун миёни вакилон баҳсу баррасӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ - вакили Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз мушаххас шудани фаъолияти олимон, махсусан ворид намудани асосҳои ахлоқӣ истиқбол кард ва аммо гуфт, "вақтҳои охир олимон ба ҷои ихтироъ ва корҳои илмӣ, ба масоили сиёсӣ даст мезананд". Вай афзуд, "хуб мебуд, илмро аз сиёсат ҷудо кунем, чун агар илм сиёсӣ шуд, он дигар илм намешавад. Бояд сиёсат илмӣ шавад." Ба қавли раҳбари ҲНИТ, олимон дар утоқҳо нишаста аз буҷаи давлат маош мегиранду ба масоили сиёсӣ даст мезананд.

Аммо дар посух Фарҳод Раҳимӣ гуфт, онҳо давоми як соли ахир 30 пешниҳод барои рушди соҳаи саноати кишвар кардаанд. Вай зимни ишора ба таъкиди Кабирӣ дар мавриди сиёсӣ шудани илм гуфт, "олимон вазифадоранд, равандҳои сиёсиро омӯзанд ва таҳлил кунанд ва ба мардум хулосаҳои дуруст пешниҳод намоянд." Фарҳод Раҳимӣ афзуд, аз ҷумлаи дастовардҳои олимони тоҷик, нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар ин миён Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, ба ин баҳс ворид шуд ва гуфт, "олимони тоҷик бояд бо мақолаҳо ва навиштаҳои худ нуқтаи назарро дигар кунанд". Вай гуфт, мақолаҳоро ба ҷуз чанд олим касе дигар намехонанд ва онҳо бояд ихтирооте кунанд, ки даромад дошта бошад ва ба рушди кишвар мусоидат кунад.

Ин баҳсҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки тайи чанд моҳи ахир нашри чанд мақола аз сӯи Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯъҳои мазҳабӣ, дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳсҳоеро ба вуҷуд овард.

Аз ҷумла пажӯҳишгарони ин марказ дар вокуниш ба интиқоди Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз кори олимони Фарҳангистони улум, ин ҳизбро ба гурӯҳҳои террористӣ ва Давлати Исломии Ироқу Шом ё ДИИШ шабеҳ донистанд. Ба гуфтаи онҳо, хатари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳам аз хатари ин гурӯҳҳои тундрав кам нест.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi