09:09:35 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲНИТ туҳмати навбатии наворҳои “Нури наҳзат” ва "Ҷумҳурият"-ро рад кард

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо интишори як баёния узви ин ҳизб будани қаҳрамони навбатии “Нури наҳзат”-ро, ки навори он тариқаи шабакаҳои телевизионии давлати намош дода шуд, радд кард. Дар ин баёни омадааст, ки ҳадаф аз нашри туҳматномаҳои ахир алайҳи ҲНИТ дар ВАО-и ҳукумат коҳиш додани нуфӯз ва бадномкунии ҲНИТ дар остонаи интихоботи парлумонӣ аст.

nahzat-6598232312Ба навиштаи сойти tojnews, дишаб, 19-уми август Шабакаҳои телевизионии расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амали мулло Асомиддин Саркоров, сокини деҳаи Лолазори ноҳияи Фархор, ки алайҳи ӯ наворе дар шабакаҳои ичтимоъӣ аз тарафи ашхоси номаълум гузошта шудааст, гузоришеро ду бор ба намоиш гузошта ва дар ҷараёни он номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам зикр шуд.

Ҳамзамон, ҲНИТ ин амали мақомотро ғайриахлоқӣ, таҳрифи ҳақиқатҳо ва дорои ангезаи сиёсидошта дониста, пахши онро бо нашри се матлаби ахир алайҳи роҳбарияти ҲНИТ дар нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Ҷумҳурият" рабт медиҳад. Шаҳрванд Асомидин Саркоров, ки имомхатиби деҳаи Лолазор аст, узви ҲНИТ нест ва чуноне ки маълум аст, имомхатибон тибқи қонунҳои амалкунанда аъзои ҳеч ҳизби сиёсӣ шудан наметавонанд.

Намоиш додани қитъаҳое аз навор, ки хусусияти порнографӣ ва шаҳватбарангезӣ дорад ва он ҳам дар шабакаи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби андози аҳоли амал менамояд, ба вижа барои кӯдакон ва ҷавонон зарари равонӣ дошта, мухолиф ба арзишҳои миллӣ ва динӣ мебошад.

Ҳамчунин, зикри студияи "нури наҳзат", ки аз тарафи ашхоси номаълум дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳоеро ба нашр мерасонад, ба ҲНИТ рабт надорад ва туҳмати навбатии мақомот нисбат ба ҳизб аст.

Бар асоси гуфтаи шоҳидони айни, ин навор, ки бархе аз қитъаҳояш дар гузориши дирӯз ба намоиш гузошта шуд, аз тарафи доирахои муайяне чанд вақт пеш омода ва ба аҳолии навоҳии минтақаи Кӯлоб дар шакли дискҳо тақсим гардида буд, аммо дирӯз гузориш дар бораи он ба нашр расид.

http://tajik.irib.ir



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi