23:35:46 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ш.Зуҳуров фаъолияти як соли ахири парлумонро мусбат хонд

Имрӯз Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатӣ фаъолияти ин ниҳоди қонунгузор дар як соли ахирро ба баррасӣ гирифт. Хабарнигори парлумонии мо мегӯяд, дар иҷлосияи навбатӣ, ки соати 9.00 субҳ оғоз шуд, бо он ки 7 масъала дар назар гирифта шудааст, аммо баррасии ҳеҷ лоиҳаи қонуну санади меъёрӣ ва ҳуқуқӣ дар назар нест.

namoyandagon 65565612Зеро дар иҷлосияи танҳо ваколати вакилии Маҳмадшариф Ҳақдодов қатъ карда мешавад ва ҳамчунин вакили дигре ба ҷои вай ба раёсати комиссияи экологии Маҷлиси намоядагон интихоб мегардад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ахиран тибқи фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Маҳмадашариф Ҳақдодов, ба мақоми муовини котиби генералии намояндагии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой таъин гардида буд.

Аммо ба таъкиди хабарнигорамон муҳимтарин масъалаи иҷлосиия имрӯз гузориши Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон дар бораи натиҷагирии фаъолияти ин ниҳоди қонунгузор дар як соли ахир буд.

Раиси Маҷлиси Намояндагон гуфт, ки муддати иҷлосияи панҷум, яъне як соли ахир 32 лоиҳаи қонун аз Шӯрои Маҷлиси Намояндагон бозпас гардонида шуданд. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки сабаби аслии бозпас гардонидани ин лоиҳаи қонунҳо он аст, ки лоиҳаҳо сари вақт таҳия нашуда ва камбудиҳои имлоиву фаннӣ дар онҳо вуҷуд доштааст. Ба таъкиди ҷаноби Зуҳуров, дар давраи иҷлосияи панҷум 30 ҷаласа баргузор шуда ва беш аз 500 масъала, лоиҳаи қонунҳо ва созишномаҳо баррасӣ ва қабул гардиданд.

Бо ин ҳам Шукурҷон Зуҳуров фаъолияти иҷлосияи панҷуми Маҷлиси Намояндагонро муассир арзёбӣ кард ва гуфт, ки вакилон дар ин давра дар ҷиҳати таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ саъю ва талош карданд. Ба гуфтаи ҷаноби Зуҳуров, қабули лоиҳаи Қонунҳо дар бораи Судҳо, Суди конститусионӣ, сирри давлатӣ, забони давлатӣ, мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил ва ғайра дар ин давраи фаъолияти иҷлосия хеле муҳим буданд. Раиси Маҷлияи Намояндагон бар ин бовар аст, ки дар иҷлосияи панҷум фарҳанги қонунгузорӣ тақвият ёфт.

Раиси Маҷлиси Намояндагон гуфт, ки 60 дарсади дархости интихобкунандагон иҷро шудаанд. Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки бақия дархостҳои интихобкунандагон, ки ҷанбаи маҳаллӣ доранд, бояд аз ҷониби ҳукуматҳои маҳлии ҳашру ноҳияо маврид иҷро қарор бигиранд.

Ҳамзамон ҷаноби Зуҳуров таъкид кард, ки дар як соли ахир 681 муроҷиати сокини кишвар аз ҷониби порлумон қабул гардид ва 452 муроҷиати дигари шаҳрвандон ба порлумон ворид гардид, ки масъалаҳои таъмини нафақа, тақсимоти қитъаи замин, баҳси манзил, ситонидани андоз, таъмин бо ҷои кор, кумаки санитариву тиббӣ ва ғайра дар бар мегиранд.

Пас аз ин ҷаласа, вакилони порлумон ба таътили тобистона хоҳанд рафт, ки он то аввалҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ идома мекунад. Ба ин тартиб, таътили навбатӣ барои вакилон охирон хоҳад буд. Зеро мӯҳлати ваколати вакилони феълӣ бо баргузории интихоботи порлумонӣ дар моҳи феврали соли 2015 ва интихоби вакилони нав, ба поён мерасад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi