13:45:36 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Изҳороти Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

26.12.2013 ш. Душанбе

Шӯрои сиёсии ҲНИТ зимни баррасии вазъияти сиёсии ахири кишвар, бахусус содир шудани ҳукми ноодилонаву золимонаи додгоҳ нисбат ба соҳибкор ва ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” З. Саидов ва боздошту латукӯби наворбардори хабаргузории “Озодагон” Абдураҳим Шукуровро поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон дониста, ин амалҳоро шадидан маҳкум менамояд.

hahzat-4574545.jpgПӯшида нест, ки бо ошкор шудани сунъиву сохта будани далелҳо ва иттиҳомот, хусусияти сиёсӣ доштани парвандаи мазкур ба ҳамагон маълум гашт. Тибқи гуфтаи ҳимоятгарони парванда баргузории ҷаласаҳои додгоҳ нисбат ба З. Саидов аз оғоз таҳти назорат ва дахолати Агентии давлатии мубориза бар зидди фасоди кишвар баргузор мегардид.

Бидуни эҳтиром кардани мақом ва ҷойгоҳи мустақили додгоҳҳо ин мақоми давлатӣ тибқи майлу хоҳиши худ барои муҷрим донистани З. Саидов шоҳидон, далелҳо ва ҳатто ҷабрдидаҳоро иваз менамуд.

Бо вуҷуди ин, изҳори умедворӣ карда мешуд, ки шояд додгоҳ далелҳо ва талоши гурӯҳи ҳимоятгарони парвандаи мазкурро ба инобат хоҳад гирифт. Вале додгоҳ на танҳо далелҳоро ба инобат нагирифт, балки ҳукми золимонае нисбат ба касе содир кард, ки барои пешрафту рушди кишвар хидматҳо намуда, бо ордени “Шараф”-и дараҷаи 1 мукофотонида шудааст.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо маҳкум кардани ин гуна амал ва кирдорҳои берун аз чорчӯбаи қонун аз Додгоҳи олӣ, Ҳукумат ва бахусус мақомоти умури дохила қотеъона талаб менамояд, ки барои таъмини волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз эҷоди тарсу хавф худдорӣ намоянд.

Даъвату боз кардани ҳамагуна парвандаҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ нисбат ба афроди фаъоли ҷомеа ва рӯзноманигорон на танҳо вазъи дохилии кишварро ноором месозад, балки ба имиҷ ва обрӯву ҳайсияти кишвар дар сатҳи байналмилалӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳамчунон Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз Ҳукумати ҶТ тақозо менамояд, ки ӯҳдадориҳои байналмилалии худро дар мавриди риояи ҳуқуқи башар ва меъёрҳои бунёди ҷомеаи демократӣ иҷро намояд. Ва дар зимн аз намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки нисбат ба қазияи З. Саидов бетараф набошанд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi