20:07:54 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ

Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон аз мақомаш барканор ва генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон ба ҷои ӯ таъйин шуд.

sherali-khayrulloev 485125Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон рӯзи 20-уми ноябр ба гуфт, Эмомалӣ Раҳмон бо як фармони худ имрӯз Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба ҷои Шералӣ Хайруллоев вазири дифои Тоҷикистон таъйин кард. Фармонро Абдуҷаббор Азизов, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон дар бинои маҷлисгоҳи вазорати дифоъ қироат кард.

Тавре Абдулфаттоҳ Шарифзода гуфт, президент зимни муарифии Шералӣ Мирзо гуфтааст, ки "вай дар натиҷаи хизмати содиқона ба ватан, то дараҷаи генералӣ расидааст. Дастпарвари вазорати дифоъ ва шогирди Шералӣ Хайруллоев буда ва аз афсари оддӣ то генерал-лейтенант расидааст."

ШАРҲИ ҲОЛИ ШЕРАЛӢ МИРЗО

Шералӣ Мирзо 24-уми майи соли 1967 дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Хатмкардаи омӯзишгоҳи олии ҳарбии Перм, аз соли 1994 дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Аз соли 1995 то 1997 дар мақоми фармондеҳи бригадаи пиёданизоми нерӯҳои хушкигарди Тоҷикистон ва аз соли 1997 то соли 2002 фармондеҳи бригадаи зудамали неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2002 то 2004 шунавандаи академияи низомии ба номи Фрунзе ва аз соли 2005 то 2006 муовини вазири дифои Тоҷикистон-фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди кишвар будааст. Дар таърихи 5-уми декабри соли 2006 муовини аввали раиси КДАМ ва фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъйн шуд.

Ҳамчунин президент зимни ёддоварӣ аз хизматҳои генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев гуфтааст: «Шералӣ Хайруллоев аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ карданаш то ҳол ба ватан ва миллат содиқона хизмат карда, ҳамеша аз худ ҷасорат нишон додааст».

Шералӣ Хайруллоев низ дар суханронии худ таъкид карда гуфтааст, ки ба ватан содиқ будам ва содиқ мемонам. Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар таърихи 1-уми декабри соли 2006 зимни боздиди худ аз вазорати дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоевро ба ҳайси вазири ҷадиди вазорати дифои ин кишвар муаррифӣ намуда буд. Генерал - полковник Шералӣ Хайруллоев аз моҳи апрели соли 1995 дар раъси вазорати дифои Тоҷикистон қарор дошт.

Бино ба иттилои Раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорати дифоъ, субҳи 20-уми уми ноябр президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин ниҳод омад ва бо ҳайати фармондеҳӣ ва кормандони вазорат мулоқот намуд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода гуфт, ки ба дунболи ҷаласаи вазорати дифоъ, президент ба вазорати корҳои дохилӣ рафт. Ба гуфтаи ин манбаъ, бо фармони президент Рамазон Раҳимов дубора ҳамчун вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд.

РАМАЗОН РАҲИМОВ КИСТ?

Рамазон Раҳимов 25-уми апрели соли 1960 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз муфаттиши шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар ноҳияи Мӯъминобод оғоз кардааст. Тайи солҳои гуногун ӯ раҳбари шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ховалинг ва шаҳри Норак будааст. Чанд муддат дар мақоми муовини сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили вазорати умури дохилии Тоҷикистон кор кардааст. Рамазон Раҳимов соли 2005 муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон таъйин шуд. Аз моҳи январи соли 2012 Рамазон Раҳимов дар мақоми вазири умури дохилии Тоҷикистон ифои вазифа менамояд.

САИДМӮЪМИН ЯТИМОВ ДАР СИМАТИ ХУД БОҚӢ МОНД

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Саидмӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо фармони президент дар симати худ боқӣ монд.

Саидмӯъмин Ятимов зодаи ноҳияи Фархор буда, соли 1976 донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва соли 2003 бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро хатм карда, ва доктори улуми сиёсист. Ӯ то соли 1992 дар ҳукумати ноҳияи Фархор мудири шӯъба буд, баъдан ба ҳукумати вилояти Хатлон ва аз соли 1996 ба кори дипломатӣ гузашт. Солҳои 1997-2000 мушовири сафорати Тоҷикистон дар ҷумҳурии исломии Эрон, солҳои 2002-2005 муовини вазири амнияти Тоҷикистон ва моҳи майи соли 2005 то 2007 дар мақоми муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон кор кардааст. 

Аз 2-юми майи соли 2007 сафири Тоҷикистон дар шоҳигарии Белгия дар мақари созмонҳои пурнуфузе, чун ИА ва паймони низомии НАТО буд. Моҳи майи соли 2010 ба Душанбе баргашт ва дубора муовини вазири амният таъйин шуд. Дар пайи ҳодисаи фирори 25 нафар аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амниятӣ ва барканории Хайриддин Абдураҳимов, оқои Ятимов раиси КДАМ таъйин шуд.

ТАЪЙИНОТИ ДИГАР

Фармондеҳи Горди миллӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ таъин шуд. Ба ҷои Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар мақоми фармондеҳи Горди миллӣ, Бобоҷон Ҷамолзода, раҳбари яке аз қисмҳои ин ниҳод, таъйин шудааст.

"Озодӣ"

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi