17:05:14 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳомиди Карзай вориди Душанбе шуд

Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон бо як сафари расмии дурӯза вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд. Барномаи сафари расмии Ҳомиди Карзай, аз истиқболи расмӣ дар саҳни Кохи Миллат шуруъ шуда ва дидору гуфтугӯи як ба яки вай бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва баъдан дар сатҳи ҳайатҳои ҳар ду кишвар ҷараён мегирад.

rahmon karzay 75845Тибқи навиштаи торнамои раёсати ҷумҳури Афғонистон, Ҳомиди Карзайро дар ин сафар ҳайати 20 нафараи мақомоти ҳукумати Афғонистон ба шумули Рангин Додфар Спинто, мушовири амнияти миллӣ, Умари Зохилвол, вазири молия, Наҷибуллоҳ Авжан, вазири фавоиди омма, Зирор Аҳмад Муқбил, вазири мубориза бо маводи мухаддир, Яҳё Маъруфӣ, вазири мушовир дар умури байналмилалӣ, Абдулкарим Хуррам, раиси дафтари мақоми олии раёсати ҷумҳурӣ, Иршод Аҳмадӣ, муовини сиёсии вазорати умури хориҷӣ ва Аймал Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳурӣ, ҳамроҳӣ менамоянд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, қарор аст оқои Карзай соати 11:30 дар Кохи Миллат бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ намояд. Ба дунболи ин мулоқот, соати 12:40 нишасти муштараки матбуотии раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Афғонистон доир мешавад. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам ба мо гуфтанд, ки сафари расмии Ҳомид Карзай ба Тоҷикистон рӯзи душанбеи 21-уми октябр шурӯъ шуда, рӯзи 22-юми октябр ба анҷом мерасад.

Дар чаҳорчӯби ин сафар, Ҳомид Карзай ҳамчунин бо Оқил Оқилов, сарвазир ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон низ, дидору гуфтушунид хоҳад дошт.

Қарор аст, дар ҷараёни боздиди расмии Ҳомид Карзай байни Афғонистон ва Тоҷикистон як қатор созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ низ ба имзо расад. Ҷонон Мусозай, сухангӯи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи якшанбе зимни як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки қарор дар ҷараёни сафари оқои Карзай ба Тоҷикистон, се созишнома дар бораи поксозии марзи ду кишвар аз мина, ҳамкориҳо дар арсаи бима ва асноди дигар дар бораи транзити молу коло имзо шавад. Ҳомиди Карзай тайи 12 соли ҳукуматаш дар Афғонистон, 7 маротиба ба Тоҷикистон сафар кардааст.

Дар ин нишастҳо, қарор аст, вазъи амниятии минтақа, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва терроризми фаромарзӣ ва роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Афғонистон низ баррасӣ шаванд. Ин сафар дар ҳоле доир мешавад, ки то анҷоми хуруҷи нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон як соли дигар мондааст ва ин амр мояи афзоиши нигарониҳои кишварҳои минтақа дар бораи вазъи амниятии Афғонистону гирду атрофи он баъд аз соли 2014 шудааст.

Тоҷикистон ва Афғонистон ду кишвари ҳамсояву ҳамзабон шумурда шуда, 1370 километр марзи муштарак доран. Дар ду соли охир, ба гуфтаи мақомот, ҳамкориҳои байни ду кишвар густариш ёфтаанд. Аз ҷумла дар ин муддат иҷрои чандин тарҳи муштарак шурӯъ шуда, содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон афзудааст. Ҳамчунин тарафҳо рӯйи як тарҳи бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон, лӯлаи газ ва хатти интиқоли барқи Осиёи Марказӣ - Афғонистон - Покистон кор мекунанд.

Моҳи апрели соли равон ҳайатҳои ду кишвар ба ин натиҷа расиданд, ки бо назардошти интиқоли нерӯи барқе, ки дар семоҳаи аввал ба Афғонистон содир шуд, то поёни ҳамин сол ба Афғонистон ҳудуди 1 миллиард киловатт-соат барқ дар ивази беш аз 36 миллион доллар интиқол дода шавад. Ширкати «Барқи Тоҷик» мегӯяд, ки ба ин тавофуқ расидаанд, ки дар ивази ҳар киловатт соат нерӯи барқ ҷониби Афғонистон 3,64 сенти амрикоӣ  пардохт хоҳад кард. Афғонистон харидори асосии барқи тоҷик аст ва Тоҷикистон дар ин бозор бо Узбакистон рақобат меварзад.

Дидори қаблии Раҳмон ва Карзай дар ҳошияи нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай 16-уми сентябр дар Бишкек баргузор гашта буд.Сафари Ҳомид Карзай ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки то поёни маъмурияти ӯ дар раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳамагӣ чанд моҳи дигар мондааст. Яъне амалан ин сафар метавонад охирин боздиди Карзай аз Тоҷикистон ба унвони раиси он ҷумҳурӣ шавад.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар таърихи 5-уми апрели соли оянда баргузор мешавад, вале Ҳомиди Карзай, ки давраи дувум ва ниҳоии раёсаташро тай мекунад, ҳаққи ширкат дар ин маъракаро надорад. Аммо Эмомалӣ Раҳмон барои касби боз як давраи ҳафтсолаи раёсат худро номзад кардааст ва дар интихоботи рӯзи 6 ноябр ғолибан замони раҳбариашро то соли 2020 тамдид хоҳад кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi