04:15:31 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ойниҳол Бобоназароваро сабти ном накарданд

Кумиссиёни интихоботӣ гуфтааст, ки асноди лозим барои сабти номи Ойниҳол Бобоназарова дер пешниҳод шуд ва барои ҳамин сабти ном намешавад. Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дархости Ҳизби наҳзати исломӣ барои сабти номи Ойниҳол Бобоназарова, ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳуриро рад кардааст.

oynihol-bobonazarova-5487Фирдавс Табаров, сухангӯи кумиссиюни интихобот рӯзи шанбеи 19-уми октябр ба мо гуфт, ки номаи расмӣ бо ҳамин мазмун ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзат фиристода шудааст. Дар ин ҳизб ба мо гуфтанд, ки дар воқеъ чунин номаро гирифтанд ва дар он гуфта шудааст, ки ба сабаби дар мӯҳлати муайншуда пешниҳод накардани санадҳои лозим барои сабти номи довталаби курсии раиси ҷумҳур, онҳо наметавонанд, номзади пешниҳодии ҳизбро сабти ном кунанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 19-уми октябр Ойниҳол Бобоназарова бо пахши як изҳорот гуфтааст марҳилаи "муҳим"-и интихобот бо "якқатор қонуншиканиҳои ҷиддӣ" анҷом ёфтааст. Аз ҷумла Бобоназарова имзои 5 фоизи интихобкунандагон, бо муҳр тасдиқ кардани бланкаҳои холӣ аз ҷониби раисони ноҳияҳо, то 10-уми октябр тамдид кардани муҳлати имзоҷамъкунӣ ва ғайраро "аз мантиқ дур" ва "хилофи қонун" номидааст.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи Тоҷикистонро Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон, ки умдатан аз Ҳизби наҳзат ва Ҳизби сотсиал-демократ таркиб ёфтааст, ба ҳайси номзади воҳид ба мақоми раиси ҷумҳур муаррифӣ кардаанд.

Онҳо ҳафтае пеш гуфтанд, ки барои сабти номи Ойниҳол Бобоназарова, имзои кофӣҷамъ овардаанд ва ба ҳамин далел аз Кумиссиёни марказии интихобот хоҳанд хост, ки ӯро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур сабти ном кунад. Агарчӣ дар аввал гуфта мешуд, ки Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон натавонистааст, 210 ҳазор имзои лозим барои сабти номро ҷамъ оварад ва сабаби ин ҳам монеагузории мақомоти расмӣ будааст. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ баъди дархост аз Кумиссиёни марказии интихобот ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар сурати сабти ном нашудани Ойниҳол Бобоназарова, онҳо дар бораи иқдомоти баъдиашон нисбат ба интихобот тасмим хоҳанд гирифт:

“Мо далелҳои кофӣ дар даст дорем. Зеро миқдори имзоҳои лозим барои сабти номзад ҷамъоварӣ шудааст. Қонуни асосӣҷамъ овардани имзои 5 дарсад аз ҷамъи интихобкунандагонро пешбинӣ кардааст. КМИРТ қаблан 210 000 имзоро талаб гузошт, вале ҳоло маълум шуд, ки мувофиқи рӯйхати интихобкунандагон 201 000 имзо ҳам кофист. Мо ба талошҳои худ идома хоҳем дод ва агар муваффақ нашудем, сипас машварат хоҳем кард, ки иқдоми баъдиамон чӣ хоҳад буд?”

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр баргузор мешавад ва дар он 6 номзад ширкат хоҳанд кард. Кумиссиёни марказии интихобот ба истиснои номзадии Ойниҳол Бобоназарова, дигар 6 довталаби курсии раиси ҷумҳурро сабти ном кард. Аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ ба интихобот меравад, аз Ҳизби Коммунист, Исмоил Талбаков. Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Олим Бобоев ва Ҳизби аграрӣ, Толиббек Бухориевро ба мақоми раиси ҷумҳур пешниҳод кардаанд.

Азбаски ба ғайр аз ҳизби ҳоким аҳзоби дигар тарафдорони зиёд надоранд, ба гуфтаи мунтақидони ҳукумати Тоҷикстон, номзадҳои ҳизбҳои дигар, ки тарафдорони ҳукумат ҳастанд, барои хок пошидан ба чашми ҷомеаи байналмилал ва демократӣ нишон додани интихобот сабти ном шудаанд. Дар аввали мулоқоташон бо раъйдиҳандагон дар Душанбе номзадҳои 5 ҳизб аввал аз хидматҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои мардуми тоҷик ва сипас аз барномаҳои интихоботии худ гуфтанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi